Ovozi.uz

Аз 1-уми сентябр чиҳо тағйир меёбад?

Донистан хуб аст

Аз 1-уми сентябри соли равон дар қонунгузории кишварамон як қатор тағйирот роҳандозӣ мешавад. Дар ин шумораи рӯзнома дар бораи баъзе аз онҳо маълумот медиҳем.
Миқдори музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиҳо меафзояд
Мувофиқи фармони дахлдори Сарвари давлатамон аз 1-уми сентябри соли 2024 ҳаҷми нафақа ва кумакпулиҳо 15 дарсад зиёд карда шавад. Мувофиқи он:

  • миқдори ҳисоби базавии нафақа – моҳе 428 000 сӯм;
  • миқдори камтарини нафақаи пиронсолӣ – моҳе 834 000 сӯм;
  • миқдори камтарини нафақаи маъюбӣ – моҳе 920 000 сӯм;
  • миқдори дигар нафақа ва кумакпулиҳое, ки ба шаҳрвандон пардохта мешаванд, мувофиқи илова муқаррар карда мешавад.
    Миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 10 дарсад зиёд карда мешавад. Кормандони соҳаи тиб, ки дар ташкилотҳои буҷавӣ кор мекунанд, инчунин кормандони педагогӣ, ки дар муассиса ва ташкилотҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва беруназмактабӣ, хона-интернатҳои «Мурувват», хонаҳои кӯдакон ва Меҳрубонӣ, истироҳатгоҳҳои кӯдакона фаъолият доранд, аз ин мустасноанд.
    Миқдори камтарини музди меҳнат моҳе – 1 155 000 сӯм ва миқдори ҳисоби базавӣ – 375 000 сӯм муқаррар карда мешавад.
    Тафтишоти андозҳо тағйир меёбад
    Агар тадбиркорон дар асоси маълумотҳои пойгоҳи маълумотҳои мақомоти андоз, бидуни истифода аз дастгоҳҳои таълимӣ маҳсулоти ишораҳои рақамӣ гузошташударо фурӯшанд ва ин ошкор гардад, онҳо тавассути кабинети шахсӣ огоҳ карда мешаванд. Танҳо дар ҳолатҳои:
  • дар чоряке, ки ҳуқуқвайронкунӣ рӯй додааст – пас аз ду бор огоҳ кардан боз дар даруни як моҳ ҳуқуқвайронкунӣ такроран рӯй диҳад;
  • пас аз анҷоми тафтишоти андоз дар давоми як моҳ ҳолати қонуншиканӣ такрор рӯй диҳад, аз ҷониби Бизнес-омбудсман бидуни хабардор кардани субъекти тадбиркорӣ (дар рӯзи тафтиш хабар додан) тафтишоти андоз амалӣ мегардад.
    Хароҷоти имтиҳонҳои забони хориҷӣ пардохта мешавад
    То 1-уми январи соли 2027 холи минималӣ, ки барои пардохти хароҷоти имтиҳони ҷавонон дар системаҳои имтиҳони байналмилалӣ аз забонҳои немисӣ, франсузӣ, корейсӣ, чинӣ ва ҷопонӣ талаб карда мешавад(дараҷаи сертификате, ки талаб карда мешавад), як дараҷа паст гардида, хароҷоти имтиҳон пардохт мегардад.