Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,
То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.
Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае
Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.
Ҳар сол бо наздик шудани рӯзи 25 уми май, яъне анҷоми соли таҳсил — «Занги охирин» ҳастии маро як эҳсоси наҷибе фаро мегирад. Дар чунин лаҳзаҳо бисёр мехоҳам ба солҳои беғубори бачагӣ баргардам.
Воқеан, дар бораи давраҳои кӯдакӣ ҳар қадар гап занем, кам аст. Дар он айём хондани афсона, тамошо кардани мултфилмҳоро бисёр дӯст медоштам. Ба мӯъҷизаҳо бовар мекардам. Дар бисёр афсонаҳо қувваҳои некӣ ва бадӣ ба чашм мерасиданд. Ман бисёр мехостам дар даст чӯбчаи сеҳрнок дошта бошаму ба одамоне, ки ба кӯмак мӯҳтоҷанд, ёрӣ диҳам. Дертар фаҳмидам, ки ин ҳама танҳо дар афсонаҳо будааст. Умр мегузараду имкони бозпас гардондани он вуҷуд надорад.
1 уми сентябри соли 1979 ба синфи якуми мактаби таълими умумии рақами 25 и шаҳри Самарқанд ба номи А. Деҳотӣ (ҳоло мактаби рақами 69) қадам гузоштам. Муаллимаи аввалинам С. Вафоева (руҳашон шод бод!) зани бисёр хоксору самимӣ буданд. Вақте муаллима ба мактаб меомаданд, мо ҳамсинфон сӯяшон мешитофтем, то сумкаашонро аз дасташон гирем. Муаллима ба мо модарвор ғамхорӣ мекарданд, бо меҳрубониву самимият дарс мегузаштанд. Ҳеҷ гоҳ моро сарзаниш намекарданд. Доим ба номи мо пасванди «ҷон»-ро ҳамроҳ карда, гап мезаданд. Мо ҳам муаллимаро дӯст медоштем.
Баъд аз хатми синфи ибтидоӣ муаллима Сайёра Турсунова роҳбари синф таъин шуданд. Муаллима бисёр сахтгир, серталаб ва ташаббускору фидокор буданд. Ба донишандӯзии мо сахт эътибор медоданд. Ман ҳамаи фанҳоро дӯст медоштам, аммо меҳрам ба забони русӣ бештар буд. Ин албатта ба соҳибтаҷриба будани муаллимаи фан Мавҷуда Раҳимова вобастагӣ дошт. Муаллима дарсро хеле шавқовар мегузаштанд. Дар аксар дарсҳо аз ёд кардани шеърро вазифаи хонагӣ медоданд. Мекӯшидам, то шеърро дар давоми дарс аз ёд карда, баҳои аъло гирам. Бинобар ҳамин, ҳатто аз ин фан дар олимпиадаҳо иштирок карда, ҷойҳои фахриро ба даст овардам.
Барои омодагӣ ба имтиҳон дугонаҳо бо навбат ба хонаи якдигар рафта дарс мекардем. Ҳама интизори занги охир будем. Ва рӯзи хатми мактаб ҳам чун дирӯз дар хотирам нақш бастааст, ҳама шоду хуррам, бо гулу гулдастаҳо, бо либосҳои якранг ба мактаб омадем. Танҳо ҳамон вақт фаҳмидам, ки ҳамаи лаҳзаҳои беҳтарин дар мактаб гузаштаанду тарк кардани ин даргоҳи муқаддас чӣ қадар душвор аст.
Ҳар сол дар арафаи «Занги охирин» айёми кӯдакиву мактабхонӣ, оғӯши гарми волидон, ҳазлу шӯхиҳо бо хоҳару додар, ҳамсинфон, майдони пахтазор, дар радифи аълохонҳо пеш аз ҳама ба сафи пионерию комсомолӣ дохил шудани худро пеши назар меорам. Он лаҳзаҳо, ки дар тан формаи мактабӣ, дар мӯй лентаҳои сафед, бо либоси озода ба мактаб меомадем, чун навори филм аз пеши чашмам мегузаранд. Саргарми чунин андешаҳо ба ҷавонон — хатмкунандагони имрӯза менигарам. Ҳама чиз тағйир ёфтааст. Муошират, тарзи либоспӯшӣ, худдории онҳоро дида, ҳайрон мешавам. Фикр мекунам, ки гӯё онҳо кӯдакиро нагузаронда, якбора калон шудаанд.
Дар чунин лаҳза ҳастиямро эҳсоси шукрона фаро мегирад. Шукри он айёми хубу хотирмон мекунам. Шукр мегӯям, ки омӯзгорони ботаҷриба, чун директорони мактаб М. Рашидов, Р. Камолова, муаллимон М. Иброҳимова, Ҳ. Рофеева, Т. Азимов, Ҷ. Диёров, бародарон Шароф ва Мақсудҷон Баҳодуровҳо, Ҷ. Эшонқулов, З. Раҳматов, З. Муҳташамов, Р. Айрапетян, Б. Шамил (руҳи гузаштагон шод бод!) ва дигарон ба мо сабақи зиндагиро омӯхтаанд. Шукр мегӯям, ки дарси ибрату ахлоқе, ки аз онҳо омӯхтам, дар зиндагӣ ба ман бисёр кор омад. Ва инак, аз он айём, аз хатм кардани мактаб 35 сол сипарӣ шудааст, аммо то ҳол ёди он лаҳзаҳои ҷавонӣ ба дилам шодмонӣ мебахшанд.
Лола РАҲИМОВА
