Ислоҳот
Идора кардани муассисаҳои таълимӣ кори бисёрҷанба ва динамикӣ буда, вай аз омӯзиши хонандагон то омӯзонидани педагогҳоро дар бар мегирад. Дар даҳ соли охир ҷойи бонувон дар соҳаи идоракунии муассисаҳои таълимӣ бештар ба назар мерасад. Аз таърих маълум аст, ки дар ин ришта бештар мардҳо фаъолияти худро ба пеш бурдаанд. Аммо ба он ҷалб намудани бонувон соҳаро боз ҳам беҳтар гардонид. Дар идоракунӣ аз ҷониби бонувон таҷрибаҳо ва усулҳои ҳалли муаммо барои боз ҳам адолатноку хуб шудани соҳаи таълим имконият фароҳам овард. Ин барои рушди баробарии гендерӣ ва муносибати некбинонаи одамон ба роҳбарии зан-духтарон бевосита хидмат менамояд.
Дар соҳаи таълим роҳбар шудани бонувон зинаҳои ба худ хосеро дорад. Тибқи тадқиқотҳо бонувоне, ки дар роҳбарии соҳаи таълим кор мекунанд, эътибори худро ба сиёсати инклюзивӣ, дигаргуниҳои иҷтимоӣ-эмотсионалӣ ва маданияти дастгирикунанда дар мактаб менигаронанд. Ғайр аз ин, роҳбарии бонувон дар фаъолияти педагогҳо ва мураббиён таъсири назарраси худро мерасонад. Ҳамчун ҷонибдори баробарӣ ва васеъ намудани ҳуқуқҳо, бонувони лидер рушд намудани таҷрибаи омӯзгорон ва маъмуронро дастгирӣ мекунанд, ки ин ба боз ҳам мустаҳкам гаштани пояи кадрҳо дар соҳаи таълимро таъмин менамояд.
Пешрафтҳо бисёр бошанд ҳам, дар идоракунии соҳаи таълим камбудӣ ва муаммоҳоеро, ки зан-духтарон дучор мешаванд, бояд таъкид намуд. Новобаста ба истеъдоду таҷрибаи худ бонувони лидер ба муаммоҳои назарияҳои гендерӣ, баланд баромадан дар зинаҳои касбӣ ва ҳолатҳои нофаҳмӣ дар байни вазифаю масъалаҳои оилавӣ дучор мешаванд. Барои бартараф намудани ин монеъаҳо ба бонувон шароитҳои мусоид фароҳам овардан, аз ҷумла ба онҳо дар роҳи боз ҳам беҳтар кардани фаъолиятҳояшон кӯмак расонидан муҳим мебошад.
Дар соҳаи роҳбарикунандаи таълим бештар иштирок накардани бонувон ба як чанд сабабҳои иҷтимоӣ-психологӣ вобаста буда, масъалаи пурдолузарб ба шумор меравад. Сектори таълим асосан аз зан-духтарон иборат бошад ҳам, ҳангоми баланд шудан дар зинаи иерархӣ шумораи онҳо кам мешаванд. Барои ислоҳ намудани ин ҳодиса номутаносубии гендерии мустаҳкам стратегияи иҷтимоӣ-психологиро талаб менамояд.
Дар ин ҷо мо ба монеъаҳое, ки бонувон дар идоракунии соҳаи таълим рӯ ба рӯ мешаванд, дида мебароем ва стратегияҳои пурзӯр намудани иштироки онҳоро дар ин риштаҳо таклиф мекунем.
Аввалин монеъаи иҷтимоӣ-психологӣ, стереотипҳои гендерӣ ва тарафкашӣ мебошад. Ин ҷиҳатҳои вазифаҳои роҳбарӣ бештар барои манфиатҳои мардҳо хидмат мекунанд.
Дуввумин монеъа, синдроми импостер номида мешавад. Бонувоне, ки дар соҳаи роҳбарии таълим кор мекунанд, новобаста ба таҷрибаи бисёрсолаашон, худро ба ин вазифа ҳамчун номуносиб ва ба қобилиятҳои худ бо шубҳа менигаранд. Мубориза бо синдроми импостер барои зиёд кардани боварӣ ва самарадории худ ба бонувон кӯмак мерасонад.
Сеюмин масъала, мувозинати кору зиндагии шахсӣ мебошад. Масъулияти ба оила меҳрубонӣ кардан, нигоҳубини аъзои хонадон ба зан-духтарон шавқи ба мансаби баланд баромаданро суст мекунад.
Стратегияҳои иҷтимоӣ-психологие, ки барои ба вазифаҳои роҳбарӣ расидани бонувон кӯмак мерасонанд, аз инҳо иборат аст:
1. Барномаҳои менторӣ ва ҳомигӣ. Ба роҳ мондани ташаббусҳои мураббигӣ ва ҳомигӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои нишон додани равиш, дастгирӣ ва омӯхтани таҷриба бартариятҳои зиёдро пешкаш менамояд. Инчунин, дар мубориза бо сахтиҳо ва баланд баромадан ба пояи мансаб кӯмак мерасонад.
2. Сиёсат ва амалиётҳои бетарафи гендерӣ. Ин стратегия маданияти инклюзивии ташкилиро тақвият мебахшад, таъсири стереотипҳо ва тарафкашиҳоро дар роҳи боло рафтани бонувон то мансаби идоракунӣ кам мекунад.
3. Ба лидерӣ омода кардан ва омӯзонидан. Барномаҳо барои ривоҷ бахшидани таҷрибаи сардорӣ ва тренингҳо оид ба мубориза бо тарс, дар онҳо боварӣ ба худ ва маҳорати роҳбариро таъмин менамояд.
4. Тартибҳои меҳнати мутобиқ. Ин стратегия ба бонувон ҳам барои ба оила ва ҳам дар кор нишон додани самарадорияшон имкон медиҳад.
Хулоса, соҳаи таълим рӯз то рӯз рушд мекунад ва дар он таъмин намудани баробарӣ дар вазифаҳои идоракунӣ яке аз масъалаҳои муҳимми имрӯза ба шумор меравад. Истифода бурдани ин стратегияи иҷтимоӣ-психологӣ барои пешрафти зан-духтарон дар ҷамъият аҳамияти муҳим дорад.
Розия НАМОЗОВА,
психологи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов
