Ovozi.uz

Ҳамкории мактаб ва донишкада мустаҳкам мешавад



Таълими ибтидоӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини таълими умумӣ мебошад. Омода кардани мутахассисони болаёқат ва эҷодкор дар ин самт аз масъалаҳои асосии муассисаҳои таълими олӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар кишвари мо маҳз бо мақсади тайёр кардани омӯзгорони ботаҷриба, заковатманд ва ӯҳдабаро ҳамкории байни муассисаҳои таълими олӣ ва мактабҳои ҳамагонӣ роҳандозӣ гардида, донишҷӯён амалиёти педагогии худро дар муассисаҳои таълими умумӣ анҷом медиҳанд.
Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат аз 11 уми майи соли 2022 «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллӣ аз рӯйи ривоҷдиҳии таълими мактабӣ дар солҳои 2022–2026» таҳти рақами ФП 134 ва қарори Сарвари давлат аз 22 юми июни соли 2022 «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани сифати таълими педагогӣ ва минбаъд ривоҷ додани фаъолияти муассисаҳои таълими олии омодакунандаи кадрҳои педагогӣ» дар ташкилотҳои таълими томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар асоси барномаи «4+2» анҷом додани амалиёти педагогии донишҷӯёни курсҳои 2–4 и муассисаҳои таълими олӣ муқаррар гардидааст.
Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, дар оғози соли таҳсили 2023–2024 донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии факултаи «Таълими ибтидоӣ ва фанҳои иҷтимоӣ»-и Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон-­Финландия таҳти роҳбарии муаллими калони донишкада Нодир Қаюмов дар мактаби мо амалиёти педагогиро оғоз намуданд. Дар оғоз ин таҷрибаи нав, яъне корбарӣ дар асоси барномаи «4+2» як қатор мушкилиҳоро ба миён овард. Аммо дар муддати кӯтоҳ, муаммоҳо бартараф гардида, кор ба мароми муайян афтод. Мо бо донишҷӯён, ҳамкориро дар асоси анъанаи «Устод ва шогирд» ба роҳ мондем.
Дар ҷараёни амалиёт мутахассисони оянда дониши назарии касбиро ба таври мустақил дар раванди таълим татбиқ намуда, таҷриба андӯхтанд. Аз малака ва таҷрибаҳои муаллимони пешқадам баҳраманд гашта, роҳу равиши истифодаи технологияҳои нави педагогӣ ва методҳои интерфаъолро дар ҷараёни дарсҳо аз худ карданд.
Донишҷӯёни фаъол, аз қабили Ш. Орзуқулова, М. Раҳмонова, М. Абдулатифова, М. Ортиқова, Ф. Шарофиддинова, Ҳ. Файзуллоева, Л. Баҳодурова ва Н. Ризоқулова бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҳамдилу ҳамфикр шуда, маҳорати касбии худро такмил доданд. Бо таклифу ташаббусҳои хеш барои пурмазмуну самарабахш гузаштани дарсҳо саҳм гузоштанд.
Мо омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактаб аз ҳамкорӣ бо Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-­Финландия мамнун гаштем ва дар оянда онро мустаҳкамтар карда ба омодасозии муаллимони боистеъдоди минбаъда ҳаракат хоҳем кард.


Баҳора ВАЛИЕВА, муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд