Дар ноҳияи Ҷомбой барои шуғли ҷавонон бо варзиш шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин, сафи ҷавонони боиқтидор рӯз то рӯз зиёд мешавад. Барои ҷалб намудани аҳолии ноҳия ба спорт 303 то бинои варзишӣ, аз ҷумла 42 то толори варзишӣ, 18 то стадион ва 2 то майдони футбол хизмат мерасонанд. Дуто майдони бадминтон ва 18 то стадиони мини-футбол ҳамеша бо ихлосмандони варзиш пур аст.
Ҳоло дар як мактаби варзишии ноҳия 1472 нафар бо бокс, дзюдо, гимнастикаи бадеӣ, футбол, гӯштини озод ва навъҳои дигари спорт машғул гардида, ба онҳо 50 нафар мураббиён асрори варзишро меомӯзанд.
Ҷавонони ноҳия дар Олимпиадаи панҷ ташаббус низ фаъол иштирок мекунанд. Дар мусобиқаи соли 2023 ҷавонони ҷомбоӣ низ фаъол иштирок карда, аз навъҳои мини-футбол ва параспортӣ ҷойи ифтихориро ба даст оварданд ва 11 нафар соҳиби медал шуданд. Соли гузашта варзишгарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ соҳиби ҷамъ 91 медал гардиданд, ки аз ин 11 то тилло, 26 то нуқра ва 54 тояш биринҷӣ мебошад.
Ҳоло 9 нафар варзишгари ҷомбоӣ узви дастаи мунтахаби миллӣ мебошанд, ки ин исботи гуфтаҳои болост. Дар навъҳои варзиши олимпӣ Зуҳро Турсунова, Нигина Кучақшоева ва Сунбула Шукурова аз рӯи намуди таэквандо VT дар мусобиқаҳои Ҷоми Ӯзбекистон пешдастиро аз даст надода бошанд, дар чемпионати Ӯзбекистон медали тилло гирифтани Покиза Баёнова аз рӯи ин намуди варзиш на танҳо барои ҷомбоиён, балки барои аҳли вилоят тӯҳфаи арзанда гардид.
Ғайр аз ин, ҷавонони ноҳия дар тенниси рӯимизӣ ҳам фаъоланд. Ноила Тошбоева ва Ҷасмина Абдуолимова дар чемпионати Ӯзбекистон — 2023 аз сегонаи беҳтарин ҷой гирифта, соҳиби медалҳои нуқраву биринҷӣ гардида бошанд, Дилхумор Камолова дар мусобиқаи имсола соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Дар навъи варзиши велоспорт низ «ситораҳо» ҳастанд. Зеро дар баҳсҳои Ҷоми Ӯзбекистон 2023 Авазбек Тошпӯлодов, Шаҳзода Қудратова, Асалбону Истамқулова ва Заррух Рӯзиев, ки соҳиби медали биринҷӣ гардидаанд, аз дастболоии ҷавонон дар ин равия гувоҳӣ медиҳанд.
Боз яке аз ҷавонони соҳибистеъдоди Ҷомбой, ки чанде пеш аҳли ноҳияро хурсанд кард, Севинч Раҳимова мебошад. Ӯ дар мусобиқаи ҷанги дастӣ, ки барои Ҷоми «Дӯстӣ» дар шаҳри Москва баргузор шуд, дар тоифаи вазни 50 килограмм соҳиби медали тилло гардид ва чемпиони ҷаҳон шуд.
Дар мусобиқаҳои варзиши параолимпӣ, аз ҷумла дар чемпионати Ӯзбекистон 2023 аз рӯи намуди пара тенниси рӯимизӣ соҳиби медали биринҷӣ гардидани Ӯғулой Мардонова ва медали тилло гирифтани Муштарӣ Баҳодурова низ боиси эътироф мебошад.
Ҷ.САЛОМАТУЛЛОЕВ
