Ovozi.uz

Таронаҳое дар дили шаб



Инак, пас аз фурсатҳо, гиру дорҳо, давиданҳои бемаъниву беоқибат, дигарбора барот вақт ҷудо мекунам, то ҳарчи дар дили шаб симои туро ба таври шоирона тасвир намоям.
Инак, пас аз ҳама эътирозҳо, баъди ҳама худгузаштанҳо дигарбора ёди ту мекунам ва бад-ин минвол шояд таскини дил биёбам ба худ.
Фақат муҳаббат устувор аст, қувваи таҳрикдиҳандае, ки умедҳои фардоро дар дили ман нигоҳ медорад.
Гӯё, сахт хастаам… Зи соҳили сокиту хамӯши баҳри орзуҳо фикр мекунам, ки рӯзе ба он ҷой бирасам.
Ман то ба кунун он чӣ дилам мехост, пурра анҷом надодам. Чаро? Ба чӣ хотир? Суолест, ҳеҷ ҷавоб намеёбам…
Ман имрӯзу имшабро барот мебахшам. Балки тамоми зиндагиро. Кофист фақат боз оӣ. Ягон дороии дунё, аҳдофҳои бемаънӣ бароям заррае муҳим нестанд, ҷое муҳаббат канори ман бошад ва ба дунёи сохта аз сидқи дил лабханд бизанам.
Ман гузаштаро ҳеҷ гоҳ раҳо карда наметавонам, чаро ки беҳтарин ёдҳоям бо ӯст…
Замоне аз ин ҳама дилгир будем, аммо имрӯз дар ҳасрати он рӯзҳо. Ҳайфо…
Бароям ҳеҷ чизе аҳамияте надорад, чаро ки аз даҳр тарсе надорам…
Аҷаб одамҳое… Баҳри гардуне мубориза мебаранд, ки на насиби мо мешаваду на аз дигарон…
Чӣ роҳе фардо интизорамон аст, намедонем. Аммо бо умеде ба пеш меравем…
Таътилҳо зуд анҷом меёбанд, солҳо ба ин минвол мегузаранд. Ҳар нафасе ба интиҳо наздик мешавем. Аммо ҳеҷ ба дарки асрор нарафтаем. Ва намеравем…
Дареғи он лаҳзаҳое, ки баҳри ситоишҳо фароҳам омада буданду ҳайфо ки мо ақибаш задем…
Чӣ замонҳо, ки муҳаббатҳо гум шуда… Дӯстдориҳо сохта гашта. Талошҳо афзун шуда, баҳри як гардуни носозгор.
Маро ба он биҳишт бубар, ки як умр шодӣ асту муҳаббат…
Аз ин зиёд васфат натавонам кард, вагарна беҳтарин достон ва ё асаре яқин моли ман мегашт…

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ