Ovozi.uz

«РОҲЗАНҲО»


Келини хонадон ба пиразан гуфт, ки дар ин ҳавои гарм ба шифохона наравед, писаратон аз кор оянд, бо мошин бурда меоранд. Аммо кампир розӣ нашуд.
— Эъ, чанд рӯз боз дугонаи қадрдонам дар касалхона. Як бало карда, бо мошини кӯча рафта меоям, — гӯён Зулфияхола дастовезро гирифта, ба тарафи кӯча қадам монд.
— Бийимулло, ҳеҷ набошад, телефони маро ҳамроҳ гиред! — келин намонда ба сумкаи модаршӯяш телефонашро андохт.
То истгоҳ пиразан дар ду-се ҷо истода нафас рост кард. Бо ёрии духтараке ба автобус савор шуд. Дар ҳар истгоҳ боз одамон савор мешуданд. Аз гармии ҳаво даруни автобус то рафт матасфид. Зулфияхола нарасидани ҳавои тоза ва тез-тез задани набзашро ҳис кард. Чуқур-чуқур нафас кашид. Аз ҳавои гарму бӯйҳои ҳархела дилаш беҳузур шуд.
Ҷавонзане дигаргун шудани ранги пиразанро пай бурда, фарёд кашид:
— Об диҳед. Кӣ об дорад? Мазаи хола гурехт…
Якчанд нафар занҳо ба сару рӯйи Зулфияхола об пошида шамол доданд.
— Шофирака, автобусро нигоҳ доред, холамуллоро ба ҳавои тоза баровардан даркор, — гӯён ду ҷавонзан аз бозуи пиразан дошта, фароварданд ва ба курсии истгоҳ шинонданд. Об нӯшонданд.
— Холамулло, шумо нағзед? — меҳрубонона пурсиданд онҳо.
— Ҳа, анча беҳ шудам. Илоҳо барака ёбед.
— Танҳо гаштани одамони солдида нағз не, — ҷавонзане паҳлӯи Зулфияхола нишаст. — Холамулло, мана сумкаву дастовезатон.
— Зуд-зуд об нӯшида истед! — ҷавонзани дигар бакалашкаро ба дасти пиразан дод. — Мо равем, автобус мунтазир.
— Майлаш, духтаронам, хока гиред зар гардад, — дуо кард Зулфияхола.
«Бо ин аҳвол дур рафта наметавонӣ, Зулфия, — ба худ андешид пиразан, — ба писарам занг занам, ки омада ба хона барад». Зулфияхола бо ин андеша аввал даст ба киса бурд, сипас саросема сумкаро кушода кофт, хуб таку рӯ кард. Дилаш таҳ кашид, дар косахонаи чашмонаш об ҳалқа зад, маъюс сар хам намуд.
— О пулу телефон дар сумка буд-ку, кӣ гирифта бошад? Бе роҳкиро то хона чӣ хел меравам? Телефони нав буд, акнун ба келин чӣ мегӯям?..


Комил ҶӮРАЗОДА