Ovozi.uz

Таҷрибаи Булунғурро дар ташкили кори секторҳо омӯхтанд

Аз соли гузашта ин ҷониб, таҳти ташаббуси ҳокимияти вилоят барои роҳбарони секторҳои шаҳру ноҳияҳо ва котибони онҳо бахшида ба натиҷадории корҳое, ки бобати беҳсозии сифати фаъолияти секторҳо, рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо амалӣ мегарданд, семинарҳо гузаронида мешавад.
Семинари нахустини имсола дар ноҳияи Булунғур баргузор гардид. Дар он роҳбари гурӯҳи ташкилӣ-­кадрҳои ҳокимияти вилоят Беҳзод Раҳматуллоев, ҳокими ноҳияи Булунғур Самандар Астонов, роҳбарони секторҳои якуми шаҳру ноҳияҳо, котибони онҳо, инчунин, роҳбарони масъули садоратҳои дахлдор бо таҷрибаи Булунғур шинос шуданд.
Дар оғоз роҳбарони секторҳо аз мавзеи «Ӯзбекистони Нав», ки дар ҳудуди маҳаллаи Олмазор бунёд мегардад, дидан карданд.
Барои мавзеи нав 24 гектар майдон ҷудо ва дар он ҷо бунёди 56‑то манзилҳои истиқоматии бисёрошёна, 2 мактаб барои 990 донишомӯз, 2 ташкилоти таълими томактабӣ барои 120 нафар, бинои маҳалла, поликлиникаи оилавӣ ва майдончаҳои варзишӣ муқаррар гардидааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ идома ёфта, дар соли 2025 пурра ба анҷом расонидани онҳо дар назар аст.
Сипас, иштирокдорон аз корхонаи коркард ва хушконидани маҳсулоти сабзавот, ки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «METAN BUSINESS FRUITS» дар мавзеи Ғӯбдин дар асоси барномаи инвеститсионӣ ба кор даровард, боздид намуданд. Дар корхона, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи 25,9 миллиард сӯмина 20 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Инчунин, соли 2022 аз ҷониби таъсисдиҳандаи корхона тавассути ҷорӣ кардани системаи обёрии боронии заминҳо парвариши зироатҳои ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар доираи тадбир дар маҳаллаи Олмазор ташкилоти таълими томактабии нав барои 120 нафар, ки дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Роҳбарони секторҳо дар Хона-музейи Фозил Йӯлдош баромадҳои ансамбли халқии фолклорӣ-­этнографии «Чавқӣ»-ро тамошо карданд, бо лоиҳаҳое, ки дар минтақа амалӣ мегарданд, шинос шуданд.
Баъд роҳбарон бо таҷрибаи ноҳия бобати истифодаи босамари замини наздиҳавлигии аҳолӣ дар асосии тамоюли «Як маҳалла — як маҳсулот» ошно гардиданд.
— Дар ноҳия парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, истифодаи замини наздиҳавлигӣ, корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ хуб ба роҳ монда шудааст, — гуфт ҳокими ноҳияи Нарпай Шерзод Раҳмонов. — Ин таҷрибаро бо иштироки масъулони худ омӯхтем ва дар ноҳияамон бобати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигӣ, беҳсозии инфрасохтори маҳаллаҳо, инчунин, корҳои сохтмониву ободонӣ татбиқ хоҳем кард.
Дар идома роҳбарони секторҳо бо фаъолияти штаби сектори якуми воқеъ дар маҳаллаи Мингчинори ноҳия шинос шуда, таҷрибаи штабро дар самти кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ омӯхтанд.
— Барои омӯхтани мушкилоти аҳолӣ ҳамкории ҳафтгонаи маҳалла ва депутатҳоро ба роҳ мондем, — гуфт ҳокими ноҳия С. Астонов. — Масъулони маҳалла аз рӯйи муаммо ба мо муроҷиат мекунанд ва мо барои ҳалли он депутати ҳамон минтақаро ҷалб карда, масъаларо зери назорат мегирем. Ин барои муамморо дар ҷойи худ омӯхтани депутатҳо замина мегузорад.
Соли 2022 Президенти давлатамон дар мисоли маҳаллаи Қамашии ноҳияи Касбӣ дар ҳар як ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил кардани як «Маскани маҳаллаи обод» супориш дода буд. Барои ин дар ноҳияи мо маҳаллаи Мингчинор интихоб гардид. Ҳоло дар маҳалла филиали булунғурии «Amr-ul Baxr VMJ» кор пеш мебарад. Дар ин ҷо пойафзолҳои чармин истеҳсол мекунанд.
Роҳбарони секторҳо бо фаъолияти ин ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва корхонаҳои «Daka intex», «Garden plast»-и ноҳия шинос гардиданд.