Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои роҷеъ ба «бурида шудани чинорҳои 100-сола дар кӯчаи Хиёбони донишгоҳ (Булвар)-и шаҳри Самарқанд» паҳн шуд.
Дар видеои паҳншуда рӯзи 7-уми сентябри соли равон бурида шудани се дарахт дар тарафи рости даромадгоҳи оромгоҳи Амир Темур акс ёфтааст.
Бино ба иттилои Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Самарқанд, чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони “Дарахтони хатарнок ё ниёзманди таваҷҷӯҳ дар шаҳр” муроҷиате паҳн шуда буд.
Дар он маълумот роҷеъ ба дарахтоне мавҷуд аст, ки хавфи пӯсида ва афтиданашон зиёд аст. Муроҷиати мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо иштироки кормандони Садорати экология ва ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими вилояти Самарқанд, Садорати ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят ва Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳои вилояти Самарқанд мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар натиҷа мустаҳкамии худро гум кардани ин се дарахт, 40 дараҷа ба роҳ баромадани онҳо, дар танааш пайдо шудани ковокҳо маълум гардида, ҳамчун таҳдид ба ҳаёти одамон ва ҳаракати мошинҳо қабул карда шудааст.
Мувофиқи хулосаи дахлдори Садорати экология ва ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими вилояти Самарқанд, Садорати ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят ва Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳои вилояти Самарқанд ин дарахтони барои саломатӣ ва мулки одамон хатарнок бурида шуда, ба ҷойи онҳо дарахтони нав шинонда шудааст.
