Ovozi.uz

Самарқанд — Шенси: боз як қадам сӯи шарикии стратегӣ

Сол аз сол робитаҳои дӯстонаи байни вилояти Самарқанд ва провинсияи Шенси инкишоф ёфта, алоқаҳои иқтисодӣ-­тиҷоратӣ васеъ мешаванд. Дар натиҷа, шаклҳои гуногуни шарикӣ ташаккул меёбад ва ҳаҷми гардиши маҳсулот меафзояд. Ва аз ҳама муҳим, дар бисёр самтҳо хоҳиши ҳамкорӣ байни якдигар меафзояд. Дар ин бора ҳангоми вохӯрии ҳокими вилоят Э. Турдимов бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки бо сарварии губернатори провинсияи Шенси Чжао Ган ба Самарқанд омад, сухан гуфта шуд. Мулоқот дар муҳити дӯстона гузашт.
Ҳокими вилоят ба меҳмонон барои эътиборе, ки ҳангоми ташрифи ҳайати намояндагони вилояти Самарқанд дар моҳи январи соли равон ба провинсияи Шенси нишон доданд, миннатдорӣ изҳор кард. Ҳоло ба туфайли робитаҳои наздик ба натиҷаҳои муайян дастрас шуданд. Соҳибкорони ду минтақа беш аз чил шартномаи ҳамкорӣ имзо карданд. Ғайр аз ин, ба қарибӣ соҳибкорони шенсигӣ дар мавзеъҳои вилоят бо шароити мавҷудбуда шинос шуда, дар 11 самт роҷеъ ба ҳамкорӣ созиш карданд.
Чуноне ки Эркинҷон Турдимов таъкид кард, вохӯрии мазкур барои ривоҷдиҳии ҳамкории минтақавӣ қадами муҳим шуд. Имрӯз таҷрибаи Шенси дар бисёр соҳаҳо барои мо муҳим аст. Аз ҷумла, дар соҳаҳои маданият ва сайёҳӣ, хусусан гузарондани рӯзҳои маданият дар шаҳрҳои Самарқанд ва Шенси аҳамияти калон дорад.
Губернатори Шенси фикр ва таклифҳои ҳокими вилоятро дастгирӣ кард ва гуфт, ки барои ҳамкориҳои ояндаи байни ҳам имкониятҳои васеъ мавҷуд аст. Дар доираи шартномаҳои муштарак бо соҳибкорон мунтазам вохӯриҳо мегузаронанд, ки дар онҳо роҷеъ ба зинаҳои амалӣ шудани лоиҳаҳо дар вилояти Самарқанд маълумот дода мешавад.
Губернатори Шенси пешниҳод кард, ки тарафҳо дар соҳаҳои савдо ва сармоягузорӣ, хоҷагии қишлоқ, технологияҳои кишоварзӣ, таълим ва фан фаъолонатар ҳамкорӣ кунанд.
Тарафҳо дар хотима созиш намуданд, ки барои ба дараҷаи шарикии ҳартарафаи стратегӣ бардоштани муносибатҳои байни ду минтақа ва идома додани робитаҳои ҳамкорӣ роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои муайяншуда кӯшиш мекунанд.

Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят.