Ovozi.uz

Муроҷиатҳо дар ҳамкорӣ ҳал мешаванд

Бар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10‑уми сентябри соли 2021 «Дар бораи чораҳои такмили фаъолияти вакили Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман)» таҳти рақами ФП‑63/2 аз 1‑уми январи соли 2022 барои бар асоси доимӣ ба роҳ мондани фаъолияти Омбудсман дар вилояти мо воҳиди штатӣ ҷудо карда шуд.
Дар соли 2023 ба вакили минтақавии ­Омбудсман дар вилояти Самарқанд 245‑то муроҷиат (131‑то аз котибияти Омбудсман, 81‑то аз шаҳрвандон ба Вакили минтақавӣ, 31‑то аз муассисаҳое, ки ҷазоро мегузаранд ва такроран 2‑то) омадааст. Аз ҷумла, роҷеъ ба барқарор кардан ба кор ё ки таъмини шуғл 6 нафар, дар масъалаҳои таъмин бо хонаву ҷой 9 нафар, бақайдгирӣ (прописка) 2 нафар, низоъҳои оилавӣ, ҷудошавӣ ва рӯёндани алимент 12 нафар, муайян кардани ногироӣ 5 нафар, нодуруст ҳисоб кардани нафақа 6 нафар, бо хоҳиши бевосита дар ҷараёни суд иштирок кардани вакили Омбудсман 21 нафар ва гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва гувоҳномаи таваллуд 8 нафар арз намудаанд.
Баъди қабули муроҷиатҳо онҳо дар ҳамкорӣ бо идораҳои ҳокимияти давлатии дахлдор ҳал карда мешаванд.
Ғайр аз ин, Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Ҳаракати умумимиллии «Юксалиш» дар вилояти Самарқанд ва Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд дар муассисаҳои иҷрои ҷазо, ҳабсхонаҳои боздошти муваққатӣ, шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ, Хонаҳои мурувват ва саховат 79 маротиба ташрифҳои мониторингӣ ташкил карда шуд.
Дар давоми мониторинг як қатор масъалаҳо омӯхта шуданд. Аз ҷумла, ҳангоми ташрифҳои мониторингӣ ба колонияҳои манзилии рақамҳои 37‑ум ва 38‑уми вилояти Самарқанд, инчунин ҳабсхонаи рақами 7‑уми шаҳри Каттақӯрғон, бо шифкорон рафта, 1020 нафар маҳкумонро аз муоинаи тиббӣ гузарондем. Ҳоло дар колонияҳои манзилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ кардани муоинаҳои тиббӣ пешбинӣ гардидааст.
Рӯзҳои 22–24‑уми июни соли 2023 дар 7‑то (ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Иштихон, Пахтачӣ, Пайариқ, Булунғур ва шаҳри Каттақӯрғон) пункти байниноҳиявии ба шахсони маст расондани ёрии тиббӣ, ки дар таркиби иттиҳодияҳои тиббии шаҳр ва ноҳияҳо ташкил гардидаанд ташрифҳои мониторингӣ амалӣ карда шуданд.
Дар рафти мониторинг, дар ҳушёрхонаҳои ноҳияи Тайлоқ нигоҳдории ҳабдоруҳои бесифати «NITROGLYCERIN-ZDOROVY» (муддати нигоҳдориаш то моҳи июни соли 2023), дар ноҳияи Пайариқ «ФУРОСОМИД» (муддати нигоҳдориаш то декабри соли 2022), дар шаҳри Каттақӯрғон «BRILLIANT KО›KI SPIRTLI ERITMA» (муддати нигоҳдориаш то 23‑юми июни соли 2022) муайян шуданд.
Инчунин, дар ҳушёрхонаҳо ба ҷои 10 кати муайяншуда дар ноҳияҳои Пахтачи 8‑то ва дар Пайариқ 9‑то кат гузоштаанд. Хонаҳо низ ҷавобгӯи талаб нестанд.
Ғайр аз ин, ба ҳушёрхонаи ноҳияи Ургут камераҳо пурра гузошта нашудаанд: дар хонаҳое, ки беморон мехобанд, камераҳо нагузоштаанд.
Дар ҳушёрхонаи ноҳияи Пахтачӣ аз сабаби бемасъулиятии масъулони иттиҳодияи тиббӣ бо Гвардияи миллӣ саривақт шартнома набастаанд ва дар ҳушёрхона навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ нашудааст. Бинобар ин, барои дидани чора ба масъулоне, ки ба норасоии мазкур роҳ додаанд, ба Вазирати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдимнома фиристода шуд.
Ғайр аз ин, дар ҳудудҳое, ки озодӣ маҳдуд карда шудааст, бо 175 нафар маҳкумшудагон ба тартиби якка вохӯрӣ гузаронда, муроҷиатҳояшонро шунида, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ додем.
Дар соли 2023 ба ҳабсхонаҳои муваққатан нигоҳдории идораҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Пайариқ, Иштихон, Нуробод, Ургут, Тайлоқ ва шаҳри Самарқанд, инчунин дар Қабулхонаҳои махсуси вилояти Самарқанд, ки барои нигоҳдории шахсони ба тартиби маъмурӣ ҳабс шуда, пешбинӣ гардидаанд, ташрифҳои мониторингӣ амалӣ шуданд ва дар рафти онҳо чанд норасоиҳои ҷиддӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, дар ҳабсхонаҳои муваққатан нигаҳдории идораҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Пайариқ, Иштихон, Нуробод ва Тайлоқ хонаҳои махсус барои бо адвокатҳои худ вохӯрдани шахсоне, ки дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд, пешбинӣ нашудаанд. Ин сабаби пурра таъмин нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шахсони дар он ҷо буда ва адвокатҳои онҳо шудааст. Инчунин, дар камераҳои ҳабсхонаҳои нигаҳдории муваққатӣ вазъи санитарӣ ва сохтори шамолдиҳии сунъӣ низ мувофиқи талаб нест.
Садҳо афсӯс, ки дар деворҳои камераҳои ҳабс­хонаҳои нигаҳдории муваққатии идораҳои корҳои дохилӣ роҷеъ ба ҳуқуқ ва озодии шахсоне, ки дар ин ҷо нигоҳ дошта мешаванд, ягон маълумот нагузоштаанд. Дар ин ҷо танҳо маълумотномаҳоро дар бораи маҷбуриятҳои онҳо дидан мумкин аст. Гарчанд ин ҳабсхонаҳоро дар солҳои 2021–2022 аз нав таъмир кардаанд, вале ба талаботи дар боло қайд шуда, риоя накардаанд.
Дар камераҳои ҳабсхонаи нигоҳдории муваққатии идораи корҳои дохилии ноҳияи Тайлоқ барои даромадани равшанӣ ва ҳавои тоза тиреза нагузоштаанд.
Ҳабсхонаи нигоҳдории муваққатии Садорати мутобиқгардонии фаъолияти идораҳои корҳои дохилии шаҳри Самарқанд дар ҳоле аст, ки онро бояд пурра аз нав сохт. Камераҳо заҳ ва бӯи нохуш доранд. Вазъи хонаҳое, ки барои вохӯрӣ пешбинӣ шудаанд, хароб аст.
Дар қабулхонаи махсус ба таври доимӣ аз меъёр бештар шахс нигоҳ дошта мешавад. Дар рӯзи ташрифи мониторингӣ низ дар Қабулхонаи махсус, ки барои 60 нафар пешбинӣ шудааст, нигоҳ дошта шудани 123 нафар шахс маълум шуд. Барои бартараф кардан ва андешидани чора нисбати масъулон ба сардори Садорати корҳои дохилии вилоят тақдимнома фиристода шуд.
Дар натиҷаи омӯзиши муроҷиатҳое, ки шаҳрвандон бевосита фиристодаанд, барои бартараф кардани ҳолатҳои ғайриқонунӣ бо тартиби дахлдор ба ташкилот ва идораҳои ҷумҳурӣ 5 маротиба тақдимнома ва якто хулоса дохил намудем.
Аз ҷумла, шаҳрвандон М. Худоёрова ва И. Раҷабовҳо арз карданд, ки 2‑юми феврали соли 2023 филиали СТ «Халқ банки» дар ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона барои пардохти кредит аз картаи пластикии онҳо маблағ гирифтааст. Онҳо барои баргардондани маблағ ёрӣ пурсиданд.
Баъди пурра омӯхтани ҳолати мазкур маълум шуд, ки ходимони шӯъбаи СТ «Халқ банки» дар ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона бар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба номи ин шаҳрвандон кредити истеъмоли расмӣ карда будаанд.
Шаҳрванд Мейлиева Сарвиноз Қурбонбоева муроҷиат кард, ки вай аз беасос, бо айби дигар ходимони масъул рад гардидани аризааш барои дар асоси субсидия гирифтани хонаву ҷой норозӣ аст. Маълум шуд, ки аризаи мазкур бо айби барномаи «Subsidiya.idm.uz»-и Вазорати иқтисодиёт ва молия баргардонда шудааст. Барои ислоҳ кардани ин ҳолат ва дар оянда ба хато роҳ надодани сохтори таъминоти барномавии «Subsidiya.idm.uz» ба ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон — вазири иқтисодиёт ва молия хулосаи ҷамъбастӣ фиристода шуд. Дар натиҷа ба норасоиҳои сохтори таъминоти барномаи «Subsidiya.idm.uz» барҳам дода, шаҳрванд С.Мейлиеваро бар асоси субсидия бо хонаву ҷой таъмин карданд.
Ғайр аз ин, дар минтақаҳо низ қабулҳои сайёр ташкил карда, муроҷиатҳои аҳолӣ омӯхта мешаванд.
Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Фидоиён»-и шаҳри Самарқанд, ки асосан ҷӯгиҳо зиндагӣ мекунанд, қабули сайёр баргузор гардид. Дар ин қабули сайёр чанд нафар шаҳрвандони ногироидошта, арз намуданд, ки ускунаҳои офиятӣ (реабилитатсионӣ)-ро гирифта наметавонанд. Муроҷиатҳои онҳоро омӯхта, дар ҳамкорӣ бо Садорати вилоятии агентии хизмати иҷтимоӣ ба тартиби муайяншуда ба 2 нафар шаҳрванд аробачаи ногироӣ, ба 2 нафар асобағал ва ба 2 нафари дигар дастгоҳи шунавоӣ доданд.
Ҳангоми қабули сайёр дар маҳаллаи «Тӯрон»-и шаҳри Самарқанд нафақахӯр Ашраф Бобоев дар бораи чанд сол боз азият кашидани худ аз бемории чашм шикоят карда, хоҳиш намуд, ки барои ҷарроҳии чашм ба ӯ ёрӣ диҳанд. Муроҷиати мазкур дар ҳамкорӣ бо Садорати тандурустии вилоят омӯхта шуд ва беморро бар асоси ордери дахлдор ҷарроҳӣ карданд.

Диёр ҲУСАНОВ,
вакили Олий Мажлис роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман) дар вилояти Самарқанд.