Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи омӯзиш ва мутолиаи асарҳои бадеӣ дар байни насли наврас ва ҷавонон ҷойгоҳи муҳим пайдо карда, ин мушкил (кам мутолиа кардан китобҳои бадеӣ) ба мадди аввал баромад. Аҳли ҷомеа, қишрҳои мухталифи он роҳу тадбир ҷустанд, андешаву пешниҳодоти худро аз саҳифаҳои нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва садову симо пайваста изҳор доштанд. Сабабу омилҳои кам мутолиа кардани насли наврас, роҳу шеваҳои ба хондани осори бадеӣ ҷалбу шавқманд кардани онҳо ва бад-ин тартибу низом, ба гунаи маъмулӣ ба роҳ мондани раванди маърифатпарварӣ ва эҷоди консепсияи фарогири фарҳанги мутолиа баён карда шуд. Мо низ хостем дар ин самт чанде аз андешаҳои худро изҳор намоем, ки дар тарғибу муаррифии китобҳои бадеӣ ва бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба мутолиа ва омӯзиши бардавом нақши калидию ҳалкунанда мебозад.
Омили асосӣ, пеш аз ҳама, китобхона ба шумор меравад. Дар китобхона китобдор ба ҳайси ҳодию роҳнамо, ҳамчун шахси маърифатпеша ва соҳибназар дар ҳалли мушкилоти ба китобхонӣ ҷалб намудани хонандагони таълимгоҳ саҳми калон гузошта метавонад. Дар ин масъала, нахуст бояд вазифаю рисолати китобхона, баъдан, усулҳои ҷалби хонандагон ба мутолиаи китоб, нақши китобхона дар ташаккули малакаҳои хониш (мутолиа)-и шогирдон ва дигар омилҳо ба эътибор гирифта шавад.
Вазифаи китобдор фақат аз таъмини китобхона бо китобҳои дарсию бадеӣ ва ҷобаҷогузории осори гуногуни илмию оммавӣ иборат набуда, вай бояд худ шахси бофарҳангу китобдӯст ва пурхондаву сатҳи маънавияташ баланд бошад.
Мутаассифона, тайи солҳост, ки масъалаи мазкур ба ҳоли худ гузошта шуда, ба китобхона дар аксар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар мутахассисони ҷавони соҳибтахассус ҷалб карда намешаванд, балки воҳиди кории китобдор ҳамчун илова ба омӯзгорони фанҳои гуногун супурда мешавад. Ҳол он ки китобхонаи мактабӣ ҷузъи таркибии муассисаи таълимӣ буда, дар раванди таълиму тарбияи насли наврас саҳми намоён дорад.
Китобхонаи мактабӣ ҳамчун муассисаи маърифатию иттилоотӣ ба раванди таълим муносибати бевосита дошта, барои инкишофи неруи эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон шароити созгор фароҳам меорад. Ҳадафи асосии китобхонаҳои мактабӣ густариш бахшидани сатҳи маърифатнокии хонандагон мебошад. Аз ин рӯ, китобхонаҳои мактабӣ бояд фаъолияти худро дар асоси талаботи назарияи педагогии тарғиби китоб ва китобхонии кӯдакон ва наврасон ба роҳ монанд. Қабл аз ҳама:
— китобхонаҳои мактабӣ бо доштани толори хониш, гӯшаи машварат барои интихоби китоб, иттилооти электронӣ оид ба китобҳои соҳавӣ ва маркази дӯстдорони китоб табдил дода шаванд;
— гӯшаи навгониҳои назариявӣ ва амалии педагогӣ, методӣ ва психологияи педагогӣ дошта бошанд. Зеро омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони навкору ҷавон ба он эҳтиёҷ доранд;
— толори хониши китобхонаҳо ба маркази шабнишиниҳои фарҳангӣ, баҳсу муҳокимаҳо ва таҳкими китобҳои хондашуда табдил дода шавад. Агар дар чунин чорабиниҳо волидайн ва намояндагони аҳли ҷомеа низ иштирок варзанд, боз ҳам беҳтар хоҳад буд. Дар ин ҳолат китобхонаҳои мактабӣ вазифаи бевоситаи ташвиқи китоб, хондан, тарғиби дониш ва фарҳангпарварии худро анҷом дода, ба ҷузъи ҷудонопазири ҳайати педагогии мактаб табдил меёбанд.
Ба мутолиа ва омӯзиши асарҳои бадеӣ ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҳамкории зичи китобдор бо роҳбарони синфҳо ва дар маҷмуъ, омӯзгорони фаннӣ вобаста мебошад. Аммо хотиррасон бояд кард, ки ҳамкорӣ сатҳию қолабӣ не, балки дар сатҳи баланд ва бо дарназардошти имконоту шароити таълимгоҳ (таъмини китобхона бо асарҳои нав ва тозанашр дар назар аст) ба роҳ монда шавад.
Библиограф ва педагоги маъруфи рус Леонид Есилеев дар мақолаи худ таҳти унвони «Мутолиа таснифи вижа мехоҳад», ки дар нашрияи «Российская культура» (аз 21.02.2002) ба нашр расидааст, қайд менамояд, ки китобдори мактаб бояд зуд-зуд ба синфхонаҳо ворид шуда, ба хонандагон дар хусуси китобҳои пурмуҳтаво, шавқовару хонданӣ вобаста ба синну соли онҳо, ки ҷанбаи баланди тарбиявию ахлоқӣ доранд, суҳбат баргузор намояд. Ҳамзамон, феҳристи асарҳои тозанашрро ба хонандагон пешниҳод карда, дар ҳамкорию ҳусни тафоҳум бо омӯзгорони забон ва адабиёт ва роҳбарони синфҳо хонандагонро аз рӯйи саводу донишашон ҳамчун мутолиакунанда тасниф намоянд.
Тасниф барои чӣ зарур аст? Дар ҳар як синф маъмулан хонандагони босаводу хушзеҳн, миёнаву сустхон ва билохира, танбалу дангоса, ки ба донишомӯзӣ шавқ надоранд, ҳастанд. Китобдор ҳамин омилро ба назар гирифта, ба ҷуз эътибор додан ба синну сол, ба хонанда асарҳои бадеиро бояд пешниҳод ва барои мутолиа тавсия намояд.
Яке аз дигар роҳу усули тарғиби китобхонӣ ва фаро гирифтани хонандагони мактаб ба мутолиаи осори бадеӣ ҳамкории мактаб бо хонавода ва дар умум, ҷомеа маҳсуб меёбад. Воқеан, баҳри баланд бардоштани маънавиёти насли наврас ҳамкории мактаб, хонавода ва ҷомеа бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар назди китобхонаҳо шӯрои волидайн амал кунад.
Қисме аз падару модарон шароити иқтисодию молиявиро чун омили харидорӣ накардани китоб шафеъ оварда, бо ҳамин дар бораи ташкили китобхонаи шахсӣ ҳарф заданро умуман беҳуда ҳисоб мекунанд. Вале ин узру баҳона пеш оварданҳо роҳи ҳалли масъалаи мазкур нест. Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки бар ивази хариди телефонҳои гаронбаҳои мобилӣ барои фарзандон, ки аз роҳи ҳавою ҳавас сурат мегирад бо шеваю сабки гуногун меҳру муҳаббати китоб ва мутолиаи пайвастаи онро дар ниҳоди фарзандон бедор намоянд.
Яке аз тарзу усулҳои дигари ба китобу китобхонӣ ва дар маҷмуъ, адабиёт майлу рағбат пайдо кунондани насли наврас ташкил ва баргузории вохӯрию мулоқотҳо бо шоирону нависандагон маҳсуб меёбанд. Чуноне ки медонем, дар нимаи дуввуми асри гузашта вобаста ба шароиту имконоти хеле хуби мавҷуда вохӯрии адибон бо мардуми шаҳру ноҳияҳо, хусусан, мактабиён зуд-зуд ва дар сатҳи баланд баргузор мегардид. Таъсири файзбахши ин омилро дар бисёр мутолиа кардани насли он замон, донишмандию дорои ҷаҳонбинии фарох будани эшон ва аз байни ҷавонон ба майдон омадани эҷодкорони соҳибистеъдод (шоирону нависандагон ва олимон) мебинем. Ҳарчанд, вохӯриҳо бо адибон ба ҷараёни тоза даромад, вале ба сабаби пайвастаю мунтазам баргузор нагардидани онҳо, шукӯҳи муассирии замони пешинро ҳанӯз соҳиб нагардидаанд.
Бояд хотиррасон намуд, ки мутолиа амали завқфизою саршор аз илҳом буда, дар ин бобат аз рӯи нақшаю ҳисоб ва рақамзанӣ хонандагонро чун намуна истифода кардан (ё нишон додан) зарурате надорад. Ин ки дар ҷамъомаду тантанаҳо ва ҳар гуна чорабинии фарҳангӣ аз забони хонандагон мешунавем, ки ба ин миқдору он миқдор китоб хондааст, ё чандсаду анд шеър ё достон аз ёд кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ маънои китобхони асил ва ба умқу ҳадафу ғояи ину он асари насрӣ ё назмӣ сарфаҳм рафтани хонандаро намефаҳмонад. Ин омил ғайр аз ҳисобот ва зоҳиргароӣ чизи дигаре ба бор намеорад.
С.КАМОЛЗОДА.
