Президенти Федератсияи Россия В.Путин рӯзҳои 26–27 уми майи соли равон дар рафти ташрифи давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид кард, ки «Ӯзбекистон ҳамкори стратегӣ, иттифоқчии бовариноки мо аст. Муносибатҳои наздику дӯстонаи мо дар асоси тамоюли баробарӣ, ҳурмати байниҳам ва ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои якдигар, боз ҳам беҳтар шуда, босуръат ривоҷ меёбад».
Музокираҳои роҳбарони ду давлат се соат давом кард. Дар давоми музокираҳо татбиқи лоиҳаи сохтмони стансияи атомии электрии тавоноияш камро амалӣ намудани Россия ва Ӯзбекистон, дар Федератсияи Россия кушодани ваколатхонаи савдои Ӯзбекистон муайян карда шуд. Дар байни давлатҳо созишҳо роҷеъ ба модернизатсияи сохтори интиқоли газ, зиёд кардани ҳаҷми расонда додани газ, нефт ва маҳсулоти нефтӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳо оиди коркарди углеводородҳо мавҷуд аст. Инчунин, самтҳои муҳими ҳамкорӣ чун кишоварзӣ, бехатарӣ, мигратсия, бехатарии хӯрокворӣ, инноватсияҳо, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ гардиданд.
Гардиши савдои берунаи байни вилояти мо ва Федератсияи Россия дар солҳои 2023–2024 ҷамъ 861,4 миллион доллари амрикоиро (содирот 300,5 миллион доллар, воридот 560,9 миллион доллар) ташкил мекунад.
Агар ба рақамҳо эътибор диҳем, дар ҳамкорӣ бо Россия дар Самарқанд 99 то корхона (49 то муштарак ва 50 то хориҷӣ) фаъолият доранд. Инчунин, дар соли 2023 дар натиҷаи азхуд кардани 36,2 миллион долларина сармояи давлати Россия 1 то лоиҳа амалӣ шуда. беш аз 80 то ҷойи нави корӣ ташкил гардиданд.
Ҳоло дар ҳамкорӣ бо Россия татбиқи 5 то лоиҳаи нави 36 миллион долларина пешбинӣ шудааст. Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани онҳо ташкили наздик ба 1000 то ҷои нави корӣ дар назар аст.
Дар ҳамкорӣ бо Россия боз панҷ лоиҳа амалӣ мешавад
