Ovozi.uz

«ЗАНГИ ОХИР» САДО ДОД

Субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта деҳаи хушҳавои Оҳалик, ки дар доманакӯҳҳои Зарафшон мавқеъ дорад, аз файзу саховат ва лутфу назокати табиат бархурдор буд. Дар партави хуршеди оламафрӯз ҳусну латофати баҳори нозанин ба ҷилва меомад ва хосатан қалби аҳли ҷомеа ва шогирдони мактаби миёнаи рақами 18 и деҳаро саршори шодию фараҳ мегардонд. Насими ҷонпарвар бӯи хуши гулу растаниҳоро ба машом мерасонд, садои якнавохти рӯд ҳамчун мусиқӣ ба гӯш мерасид. Чаҳ-чаҳи паррандагони хушхон таъби сомеъонро болида месохт.
Дере нагузашта аҳли деҳа бо либосҳои идона ва чеҳраҳои пурханда, толибилмон бо гулдастаҳои тару тоза дар ҳавлии мактаб ҷамъ омаданд. Сарвари таълимгоҳ, марди сухандону сухансанҷ, омӯзгори соҳибтаҷриба Ашӯрбой Шоҳмақсудов ҳозиронро ба чорабинии «Занги охир» хайра мақдам гуфта, навбат­ро ба хатмкунандагон Паризода Усмонова ва Дилшод Очилов дод. Онҳо зери кафкӯбиҳо занги охирро заданд.
Албатта, дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш, ҳамзамон маҳзуну риққатовар ҳиссиёти хатмкунандагони саодатманд ва омӯзгорони онҳоро наметавон тасвир кард.
— Рӯзи 24 уми май паёми шодбошии самимона ва пур аз меҳри Сарвари давлатамон ба хатмкунандагони кишварамон ирсол гардид, — иброз дошт Ашӯрбой Шоҳмақсудов. — Президенти мамлакат дар паёми худ таъкид намуд, «хатмкунандагон, бунёдгузорони умедбахши ояндаи Ӯзбекистони Нав ҳастанд. Боиси хушнудист, ки дар мамлакати мо барои ҷомаи амал пӯшидани орзуву ниятҳои ширину гуворои шумо шароитҳо фароҳам гардидааст».
Воқеан, имрӯз барои насли ҷавон имкониятҳои хуб муҳайёст ва маҳз дар натиҷаи ғамхорииҳои ҳукумати кишвар соли гузашта аз 33 нафар хатмкунандагони мактаби мо қариб 70 дарсадаш ба мактабҳои олӣ дохил шуданд, ки ин нишондоди баланд на танҳо дар ноҳияи Самарқанд, балки дар вилояту сатҳи ҷумҳурӣ аст. Албатта дар ин комёбии шогирдон хизмати беминнат ва шоистаи ҷонишинҳо Гулшаной Иброҳимова, Дилором Эшонқулова, омӯзгорони ботаҷриба Шавкат Соҳибов, Зайнура Соҳибова, Хурсандой Бозорова, Гулрух Икромова, Манижа Шоҳмақсудова, Фарсимоҳ Раҳмонқулова хеле калон мебошад.
Ёдовар мекунем, ки имсол 22 нафар номаи камол гирифта, аз онҳо 4 нафар соҳиби медали тилло гардиданд. Ман аз фурсат истифода бурда, ба хатмкунандагон комёбиҳо таманно мекунам.
Дар соли таҳсили 2023-2024 дар вилояти Самарқанд синфи 11-умро 48779 нафар ва синфи 9-умро 71021 нафар хатм карданд.
Бино ба ҷамъбасти соли хониш ба 2194 нафар медали тилло ва ба 318 нафар хатмкунанда тақдими медали нуқра дар назар аст.
Аз рӯйи шумораи медалҳои тилло ва нуқра шогирдони мактабҳои шаҳри Самарқанд (398-то), ноҳияҳои Иштихон (185-то) ва Пастдарғам (153-то медал) пешсафанд.
2300 нафар хатмкунандагони мактабҳои вилоят пеш аз муддат донишҷӯи муассисаҳои таълими олии кишварҳои хориҷӣ гардида бошанд, 1512 нафар IELTS, 1830 нафар SEFR ва 362 нафар соҳиби сертификатҳои миллӣ шуданд.
Инчунин, имсол муассисаҳои таълими касбии вилоятро 21110 нафар ва муассисаҳои таълими олиро 18367 нафар хатм хоҳанд кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА