Рӯзи 4-уми феврали соли равон вазири адлия ба иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ҳуҷҷати нишондиҳандаи ҷуғрофии «Нони Самарқанд»-ро супурд.
Мувофиқи Қонун «Дар бораи нишондиҳандаҳои ҷуғрофӣ» аломати идентификатсиякунандае, ки маҳсулотро ҳамчун объекти аз ҳудуди муайян баромада тасдиқ мекунад, нишондиҳандаи ҷуғрофӣ эътироф мешавад. Дар он сифат, маъруфият ва ё дигар хусусиятҳои маҳсулот ба баромади ҷуғрофии он вобаста мебошад.
Вазорати адлия идораи ваколатдор дар соҳаи ҳифзи нишондиҳандаи ҷуғрофӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Рӯзи 4-уми феврали соли равон Вазорати адлия бо кӯмаки садорати адлияи вилояти Самарқанд ва муассисаи давлатии «Маркази мулки интеллектуалӣ» «Нони Самарқанд»-и машҳури дунёро аз рӯихат гузаронд.
Вазири адлия Акбар Тошқулов ба иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ҳуҷҷати нишондиҳандаи ҷуғрофии «Нони Самарқанд»-ро супурд.
