Дар ноҳияи Тойлоқи вилояти Самарқанд як шаҳрванд бе ягон рухсатнома дарахти чинори чандинсоларо буридааст. Дар натиҷаи бурида шудани дарахт ба табиат 115 125 000 сӯм зарар расонида шудааст.
Тибқи ахбори Садорати экологияи вилоят, чинори чандинсолаи назди ҳавзи маҳаллаи «Хӯҷаюз»-и ноҳия аз ҷониби сокини маҳаллаи мазкур С.Р бе иҷозат бурида шудааст.
Дар ин ҳолат, бо сабаби мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят дар зарари расондашуда ба олами растаниҳо, ҳуҷҷатҳои шахсони айбдор мувофиқи қонун расмӣ гардида, ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуданд.
