Дар шаҳри Самарқанд маросими супоридани «Тӯҳфаҳои Президентӣ» ба сардорони ҷавонони маҳаллаҳо барои мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» баргузор мешаванд, гузаронида шуд.
Дар маросими тантанавӣ роҳбари Садорати варзиши вилоят Шӯҳрат Рӯзиев ва роҳбари Садорати корҳои ҷавонони вилоят Сарвар Бобоев иштирок намуда, изҳор доштанд, ки дар мавсими имсолаи мусобиқаҳо низ истеъдодҳои воқеӣ маҳз аз маҳаллаҳо кашф хоҳанд шуд.
Вазорати варзиш 2252 дона тӯби футбол, 2252 дона тӯби волейбол, 2252 дона тӯби баскетбол ва 1126 дона тӯби гандболро ҳамчун таҷҳизоти варзишӣ ба 1126 сардорони маҳаллаҳо тақдим намуд.
