Дастаи “Реал Мадрид” пас аз бохти худ аз “Барселона” дар Суперҷоми Испания бо ҳисоби 5:2 мухлисонашро ноумед кард. “Реал Мадрид” дар сурати рафтани Карло Анчелотти мураббии нав интихоб мекунад.
Албатта, дар муддати наздик даста сармураббиро иваз кардани нест, вале боварии тим ба Карло Анчелотти пас аз бохт дар “Эл-Класико” кам шудааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар ҳолати ба таври таъҷилӣ ҷудо шудани даста бо Карло Анчелотти , мутахассиси 48 солаи аргентинӣ Сантяго Солари вазифаи сармураббигиро ба таври муваққатӣ ба ӯҳда мегирад.
Ҳамчунин, Хаби Алонсо низ яке аз муддаиёни ҷойгузини Анчелотти дар вазифаи сармураббигии “Реал Мадрид” мебошад.
