Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм дар охири дараҷаи якум хушк
- Ҳар рӯз се дона бодоми талх шикаста, мағзашро бихӯранд, ахлоти ғализи баданро дафъ мекунад.
- Мағзи бодоми талхро маҳин соида, ба чашм кашанд, басоратро қувват мебахшад.
- Мағзи бодоми талх, зағири бирёнкарда, мағзи чилғӯза – ҳамаашро соида ҳабҳо баста, дар даҳан нигоҳ доранду оби даҳан фурӯ баранд, гирифтагии овозро шифо мебахшад.
- Ҳар рӯз 3 дона бодоми талхро шикаста мағзашро бо наъноъ бихӯранд, дарди гурдаро дафъ мекунад.
- Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо як қошуқ кӯфтаи самари арча бихӯранд, бӯғма шудани бачадон – шифо мебахшад.
- Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро бо асал бихӯранд, суддаи ҷигарро мекушояд ва бемориҳои онро дафъ мекунад.
- Мағзи бодоми талхро кӯфта, бо доғҳои кунҷидак бимоланд, онҳоро аз рухсора дафъ мекунад.
- Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро бо майи пухтагӣ бихӯранд, ҳамаи бемориҳои гурдаро шифо мебахшад.
- Мағзи бодоми талхро кӯфта, бо сирко ё бо шароб сиришта, ба намла – дона ва обилаҳои сӯзишдор дар бадан – гузошта бандед, нафъ мекунад.
- Мағзи бодоми талхро кӯфта, ба доғҳои рӯй бимоланд, онҳоро дафъ мекунад, ба чинҳои рӯй низ бимоланд, ҳамвор мегардонад.
- Ҳар рӯз се дона бодоми талх бихӯранд ба дамкӯтаҳӣ шифост.
- Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро занҳо бо майи пухтагӣ бихӯранд, дарди бачадонро дафъ мекунад.
- Ҳар рӯз се дона бодоми талхро бихӯранд сурфаро дафъ мекунад.
- Ҳар рӯз се дона бодоми талхро бо асал бихӯранд, бемориҳои сипурзро шифост.
- Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро бо майи пухтагӣ бихӯранд, пешобро меронад ва душвории шошиданро дафъ мекунад.
