Дар қатори дигар ҷашнҳои таърихии ниёгони мо ҷашни «Сада» дар радифи сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, монанди онҳо таърихи хеле қадимаро дорад. Нисбати ба ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон иттилоот оиди пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо маълумот камтар ба назар мерасад. Аммо маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо метавонем ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии мардуми мо ба шумор меравад, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30‑юм ва оғози рӯзи 31‑уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10‑уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард.
Ба шарофати фарорасии иди Сада мардум ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.
Шоир ва файласуф Умари Хайём пайдоиши ҷашни Садаро ба замони Афредун (Фаридун) нисбат дода, дар «Наврӯзнома» чунин зикр намудааст: «Афредун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигирифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон ки аз ҷабру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз оини он подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаънотар омадааст. Агар дар хусуси зуҳури Наврӯз ва Меҳргон шоир ба даҳ то чордаҳ байт иктифо карда бошад, дар хусуси зуҳур ва оғози ҷашни Сада шумори адабиёт хеле бештар аст ва гузашта аз ин, дар хусуси он боби махсусе дар «Шоҳнома» низ вуҷуд дорад.
Таҳияи Толиб ЮНУСЗОДА.
