Ovozi.uz

Барои барқарории cуръати ривоҷёбӣ бояд ҳар як сохтор ва соҳа ҷиддӣ кор кунад

Рӯзи 27‑уми январ сессияи шашуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.

Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ намуд.

Нахуст ҳисоботи роҳбарони секторҳои вилоят оид ба табдил додани минтақа ба минтақаи аз бешуғлӣ ва коррупсия холӣ, аз ҷониби роҳбарони секторҳо такмил додани сохтори кори «маҳаллабайъ» ва «хонадонбайъ» дар роҳандозӣ намудани меъёрҳои «Хонаи обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» шунида шуданд.

— Соли гузашта дар вилояти мо ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақа аз 99,9 триллион сӯм гузашт ва нисбат ба соли гузашта 6,9 фоиз афзуд, — гуфт роҳбари сектори 1, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев. — Дар ин, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 46,2 триллион сӯм, ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба 57,5 триллион сӯм, ҳаҷми хизматрасонӣ ба 58,9 триллион сӯм, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ-­пудратӣ ба 14 триллион сӯм расонида шуд. 350,4 ҳазор касро бо кор таъмин карданд. Дар натиҷа, дараҷаи бекорӣ аз 6,6 фоиз ба 5,4 фоиз кам гардид.

Даромади буҷети маҳаллӣ ба ҷои 4 977,3 миллиард сӯми дар нақша пешбинишуда, 5 312,6 миллиард сӯм барзиёд иҷро карда шуд.

Иҷрои 1463 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 1246,8 миллион доллар оғоз гардид. Дар доираи лоиҳаҳо 928,5 миллион доллар маблағи сармоя ва кредитҳои мустақими хориҷӣ аз худ карда шуданд.

Пешгӯии содирот дар охири сол ба 716 миллион доллар ва ҷуғрофиёи содирот ба 63 кишвар расид.

Дар 106 муассисаи таълимӣ корҳои сохтмонӣ, таъмиру таҷҳизотӣ пеш бурда шуданд. Дар натиҷа, барои 27 ҳазор донишомӯз шароит фароҳам оварданд.

Бо мақсади рушд ва истифодаи самараноки иқтидори сайёҳии вилоят 11 меҳмонхона, 39 хобгоҳ, 74 меҳмонхонаи оилавӣ, инчунин 3 маркази табобатӣ ва 3 маркази фароғатӣ таъсис дода шуд.

Мо мақсад дорем, ки дар соли 2025 суръати баланди рушдро нигоҳ дошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба 112,8 триллион сӯм ва даромадро ба ҳар сари аҳолӣ ба 25,9 миллион сӯм расонем.

45 ҳазор микролоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд ва дар натиҷа, 90,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Барномаи «Аз камбизоатӣ ба фаровонӣ» амалӣ мегардад, ки таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҷалби аҳолӣ ба шуғли фоиданок, касбомӯзӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои кафолатноки давлатии тиббию иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Имсол мо нақша дорем, ки лоиҳаҳои дар асоси сармояи хориҷии арзиши умумиашон 8,5 миллиард долларинаро амалӣ созем.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити зиндагии муносиб ба аҳолӣ, тараққӣ додани истеҳсолот ва инфрасохтор 184 бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 11500 хонадонро сохта, дараҷаи урбанизатсияро аз 36,6 фоизи ҳозира ба 37,2 фоиз расонданием. 25 иншооти обӣ сохта, 38 иншооти обӣ таъмир карда, ба масофаи 206,2 километр шабакаи оби нӯшокӣ гузаронда, таъминоти мутамаркази оби нӯшокӣ ба 80,5 фоиз расонда мешавад.

6400 симчӯби корношоямро бо симчӯбҳои бетонӣ, 1500 километр хати ҳавоии барқро бо кабелҳои СИП иваз мекунанд.

Дар мактабҳо 19,5 ҳазор ҷои иловагии донишомӯзон ташкил карда, шумораи ташкилотҳои ғайридавлатии таълими умумӣ ба 48 адад расонда мешавад.

Дар 14 маҳаллаи вилоят корҳои амалӣ оид ба бунёди «Деҳаҳои сайёҳӣ» оғоз мегарданд.

Дар 24 маҳаллае, ки инфрасохтори варзишӣ рушд накардааст, майдончаҳои варзишӣ, 3 толори варзишӣ ва 4 иншооти варзиширо аз нав сохта ва реконструксия мекунанд.

Дар сессия, инчунин ҳисобот ва нақшаҳои барои соли равон пешбинишудаи роҳбари сектори 2, прокурори вилоят М.Эшназаров, роҳбари сектори 3, сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят Р.Маматов, роҳбари сектори 4, сарвари Садорати андози вилоят Э.Толлиев шунида шуданд.

Пас аз он, намояндагони халқ «Барномаи рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Самарқанд дар соли 2025»-ро тасдиқ карданд.

Дар ин барнома 6,3 фоиз зиёд кардани маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар вилоят, 4,8 фоиз кам кардани сатҳи бекорӣ ва 5,4 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ пешбинӣ шудааст. Дар сессия масъалаҳои дар бораи коҳиш ва афзоиши коэффитсиентҳои ба ставкаҳои андози гузошташуда оид ба андоз аз амволи шахсони ҷисмонӣ дар соли 2025, маблағи ҳадди ақал ва ҳадди аксар барои андозсупорандагон аз рӯи минтақаҳо ва маблағи амволи ба иҷора гирифтаи шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ, иҷрои қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29‑уми ноябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои назорат кардани иҷрои вазифаҳои устувори оид ба ихтисори камбизоатӣ муқарраршуда» ва дигар масъалаҳои доир ба ваколати Шӯро баррасӣ ва қарорҳо қабул карда шуданд.