Муроҷиати иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба аҳолии вилоят
Самарқандиёни азиз!
Солҳои охир ба туфайли эътибори Президенти мӯҳтарамамон Шавкат Мирзиёев вилояти мо ба яке аз минтақаҳое табдил ёфт, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакатамон мавқеи муҳим дорад. Мавқеи он ба сифати тимсоли гаҳвораи илму ирфон, маданият ва санъат пайваста мустаҳкам мешавад.
Аз ҷумла, соли гузашта ба миқдори 928,5 миллион доллар маблағҳои сармоягузорӣ (инвеститсия)-и хориҷӣ ҷалб гардида, 147-то лоиҳа роҳандозӣ шуд.
Ғайр аз ин, 166-то корхонаи муштарак дар соли 2024 ташкил гардида, шумораи онҳо ба 926-то расид. Гардиши савдои хориҷии вилоят 2,8 миллиард долларро ташкил кард ва ҳаҷми экспорт нисбати соли 2023 ба 127 дарсад афзуд.
Чунин нишондиҳандаҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоятамон низ намоён мешавад. Аз ҷумла, дар соли 2024 афзудани маҳсулоти умумии ҳудудӣ ба 6,9 дарсад аз ин далолат медиҳад.
Ба туфайли имконият ва имтиёзҳое, ки роҳбари давлатамон фароҳам овард, аҳолии вилоятамон дар соҳаи бизнеси хурд ва соҳибкории хусусӣ низ натиҷаҳои муҳимро ба даст меоранд. Ҳоло дар вилоят 73 дарсад афзудани ҳиссаи мазкур дар маҳсулоти умумии ҳудудӣ ва дар ҳамин соҳа фаъолият доштани беш аз 87 дарсади аҳолии бо меҳнат банд мисоли барҷастаи фикри мо мебошад.
Баробари ҳамин, вазифаҳои муайян намудаи Президентамон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамаи 16-то ноҳия (шаҳр) ва 1126-то маҳалла, ба мавзеи аз камбизоатӣ, бекорӣ ва ҷиноят холӣ табдил додани онҳо, роҳандозӣ намудани мизонҳое чун «Маҳаллаи обод — кӯчаи обод — хонаи обод» дар соҳаҳои муҳимро стратегияи рушди вилоятамон барои истиқболи наздик дар худ муҷассам мекунад.
Дар ҳақиқат, сарзамини азим ва кӯҳнаи мо, ки таърихи чанд ҳазорсола дорад, дар он илму фан, маданият ва маънавият ривоҷ ёфтааст, алломаҳои бузург ба воя расидаанд, ба тараққиёти ҷаҳон ҳиссаи муносиб гузоштааст ва имрӯз низ дар байни даври таърихӣ ва даври Ренессанси саввуми имрӯза вазифаи кӯпрукро ба таври муносиб иҷро мекунад.
Ин бошад, барои аҳолии вилоятамон, ки «Сайқали рӯи Замин», «Гавҳари Шарқ», «Пайвасткунандаи маркази маданиятҳои Шарқ ва Ғарб» эътироф гардидааст, ҳам шараф ва ҳам масъулият ҳисоб карда мешавад.
Аз рӯи ин нуқтаи назар, дар соҳа ва самтҳои Президенти мӯҳтарамамон муайян намуда, барои рушди ҳаматарафаи вилояти «Сайқали рӯи Замин» эътирофшудаамон аз як гиребон сар бароварда, фидоӣ ва фаъол шуда ҳисса гузоштани на танҳо роҳбарони масъул, балки хамаи самарқандиён вазифаи инсонии мо мебошад.
Ҳамватанони мӯҳтарам!
Агар ба рақамҳо муроҷиат кунем, дар вилоят расман 40,9 ҳазор нафар шаҳрванд чун шахси бекор қайд шуда бошанд, соли равон боз 82,1 ҳазор хатмкунандаҳо ба бозори меҳнат дохил мешаванд.
Дар оғози соли 2025 дар минтақаамон даромади 324 ҳазор нафар аҳолӣ паст буда, дараҷаи камбизоатӣ 7,7 дарсадро ташкил кардааст.
Аз ҷумла, дар оғози соли 2024 беш аз 98 ҳазор оилаи камбизоат ба рӯйхат гирифта шуда, дар натиҷаи чорабиниҳои комплексии то ин давр амалӣ шуда, муяссар гардид, ки наздик ба 23 ҳазор оиларо аз дараҷаи камбизоатӣ бароранд.
Дар ин самт дар доираи барномаи «Аз камбизоатӣ сӯи фаровонӣ», аз камбизоатӣ баровардани беш аз 75 ҳазор оилаҳо низ барои ба минтақаи аз камбизоатӣ холӣ табдил додани вилоятамон хизмат мекунад.
Барои ин, роҳбарони ба оилаҳои камбизоат вобаста, якҷоя бо ташкилотҳои мутасаддӣ, «ҳафтгонаи маҳалла», ходимони сохтори бонк, соҳибкорон ва фермерҳо имкониятҳои баланд бардоштани эҳтиёҷ ва даромадҳои ҳар як оиларо амиқ омӯхта, бар асоси нақшаҳои манзилнок саривақт ва пурра расондани маҷмӯи хизматҳои дар қонунгузорӣ муайяншударо ташкил кунанд, барои аз камбизоатӣ баровардани оилаҳои мазкур хизмат намоянд.
Ин бошад, «Таҷрибаи Самарқанд» мешавад, албатта.
Бинобар ин, барои таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат, сафарбар намудани тамоми қувва ва имкониятҳо яке аз вазифаҳои муҳими дар назди ҳамдиёрон истода мебошад, ки мехоҳанд барои рушди Ватани ҷоноҷонамон саҳм гузоранд.
Чунки, агар одам бо фаъолияти барқарори корӣ машғул ва оилааш фаровон бошад, танҳо дар ҳамон вақт боварии ӯ нисбати худ меафзояд, ба рушди давлатамон бо умед менигарад, ҳисси дахлдориро ба ҷараён ва ислоҳотҳое мепарварад, ки дар ҷомеаи мо рӯй медиҳанд.
Зиёда аз ин, даромадеро, ки аз паси шуғл меёбад, барои оилааш сарф мекунад, зиндагиаш беҳтар мешавад, ба орзуву ҳавасҳояш мерасад.
Дар ин самт таъмини иҷрои барномае, ки барои фароҳам овардани 320 ҳазор ҷойи нави корӣ тасдиқ гардидааст, аҳамияти муҳим дорад.
Баробари ин, роҳандозӣ намудани беш аз 45 ҳазор лоиҳаҳо, ки мувофиқи драйвери 1126-то маҳаллаи вилоятамон таҳия карда шудаанд, зиёд кардани «Маҳаллаҳои сайёҳӣ» ва «Деҳаҳои сайёҳӣ», аз 716 миллиони ҳозира ба 850 миллион доллар расондани содирот вазифаи устувори мо аст.
Фикр мекунем, ки барои роҳандозии «Таҷрибаҳои Сайҳунобод, Уйчи, Зарбдор ва Ғиждувон», ки бар асоси ташаббуси Президенти мӯҳтарамамон барои зиёд кардани даромади аҳолӣ ба пеш гузоштаанд, ходимони сохторҳои шуғл ва бонк, «ҳафтгона»-и ҳар як маҳалла, соҳибкорон, роҳбарони агрокластерҳо ва фермерон фидокорӣ нишон медиҳанд.
Фаъолони мӯҳтарами маҳалла, нурониҳои ботаҷриба, намояндагони халқ ва вакилони ҷамоатӣ!
Соли гузашта дар вилоятамон беш аз 261 ҳазор нафар ҳамдиёрони мо аз манзилҳои истиқомати доимии худ ба муддати тӯлонӣ ба давлатҳои хориҷӣ рафта буданд. Дар натиҷаи корҳои тарғиботии васеъмиқёси шумо, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони секторҳо, ходимони прокуратура, идораи корҳои дохилӣ ва иттифоқҳои касаба амалӣ кардед, 129 ҳазор нафари онҳо ба оғӯши оилаҳои худ баргаштанд.
Баробари ҳамин, вазифаи устувори роҳбарони сектор бо «ҳафтгона»-и 1126-то маҳалла ва мутасаддиён таъмини шуғли тақрибан 7 ҳазор нафар ҳамдиёронамон, ки аз хориҷа баргашта омадаанд, ба таври доимӣ гузарондани мулоқотҳо ба беш аз 174 ҳазор нафар ҳаммаҳаллаҳое, ки дар муҳоҷирати хориҷӣ гаштаанд ва баргардондани онҳое, ки даромади кам доранд, ба ҳисоб меравад.
Зиёда аз ин, мақол ва даъватҳои пурмаънои халқамон чун «Бачаи бегона намешавад!», «Ба як бача ҳафт маҳалла ҳам падар, ҳам модар аст» бояд ба ҳаракати амалӣ табдил диҳем.
Дар айни ҳол, хуб мефаҳмем, ки камолоти дилбандҳои азизамон, хуб таълим ва тарбия гирифта, соҳиби касбу ҳунарҳое, ки ба оилааш ва халқамон нафъашон мерасад, шуда ба воя расидани онҳо барои ҳар як падару модар, маҳалла ва тамоми ҷомеаи мо яке аз мақсадҳои олӣ мебошад.
Дар ин самт аз даври донишомӯзӣ ба фарзандонамон барои соҳиби ҳақиқии касбу ҳунаре шудан, ки худаш ба таври мустақил интихоб намудааст, ёрӣ додан вазифаи инсонии ҳар яки мо аст.
Имрӯзҳо назорати самараноки таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, барномаҳо ва иҷрои «Харитаи роҳ», ки дар мамлакатамон қабул шудаанд, фаъолияти идораҳои давлатӣ, барои ҳалли саривақтии муаммоҳои аҳолӣ ба роҳ мондани депутатии саморанок назорати депутатҳо ва ҷамоатӣ аҳамияти долзарб касб мекунад.
Дар ин ҷо роҳандозии механизмҳои таъсирноки назорати депутатӣ ва ҷамоатчигӣ баробари амалӣ намудани тамоюли «Барои қадри инсон», дар ҷойҳо ба пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ ва иллатҳои манфии дигар, таъмини ошкоро ва шаффофӣ хизмат мекунад.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳар як ҷиноят, зӯроварӣ ба вайрон шудани адолат, шикастани ҳақиқат меорад.
Дар даври гузаштаи соли равон аз 1126-то маҳаллаи вилоятамон дар 756-тои онҳо рӯй додани ҷиноят, дар 156-тоаш афзудани ҷиноят табиист, ки ҳамаи моро ба ташвиши чуқур мегузорад.
Решаи аслии ҷинояткорӣ дар бисёр ҳолатҳо аз бекорӣ мебарояд.
Агар ҳамаи мо аз як гиребон сар бароварда ҳаракат кунем ва ғояҳои неки «Маҳаллаи ман, кӯчаи ман тинҷ ва тоза, маҳалла ва кӯчаи аз ҷинояткорӣ холӣ!», «Ман ба маҳаллаам бефарқ нестам!»-ро дар амал татбиқ намоем, муяссар мешавем, ки вилоятамонро ба минтақаи аз ҷинояткорӣ холӣ табдил диҳем.
Самарқандиёни азиз!
Ҳамаи шуморо даъват мекунам, ки барои гул-гулшукуфоии Ватанамон, маҳаллаамон ҳисса гузоштанро чун маҷбурият не, ба сифати қадрияте, ки аз авлод ба авлод мегузарад, қабул кунед!
Ғайр аз ин, дар ин дамҳое, ки дар диёрамон навсозиҳои бузург ва бунёдкориҳо бо шиддат рӯй медиҳанд, фаромӯш накунем, ки хонадон, маҳаллаи худро обод кардани ҳар яки мо на танҳо барака, балки амалест, ки ба ҷаҳонбинӣ, маънавият ва маърифати фарзандонамон ва набераҳоямон таъсири мусбӣ мерасонад.
Ҳар яки мо дар ҳоли амиқ ҳис кардани масъулияти зиндагӣ карданро дар минтақае, ки ба номи «Сайқали рӯи Замин» сазовор шудааст, бо мақсади нек вилоятамонро ба «Самарқанди обод» табдил додан, намоён кардани «Гавҳари Шарқ» будани онро дар амал нишон диҳем.
Танҳо дар ин ҳол ба мақсади бузурги ба пеш гузоштаамон – ба боз ҳам гул-гул шукуфтани Ӯзбекистони Навамон, Самарқандамон ноил мегардем.
Бобокалони бузургамон Амир Темур дар ҳикматҳои худ беҳуда «Нӯҳ қисми корҳои давлатӣ бо шӯро, тадбир ва машварат ба ҷо оварда мешавад», нагуфтааст.
Барои таъмини иҷрои вазифаҳои устувори таъкидгардида, бояд ҳамаамон муттаҳид шавем, «як тану як ҷон шуда, ҳаракат кунем ва ҳар яки мо саҳми арзандаи худро ҳамроҳ намоем.
Ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки як ҳаракати мусбати Шумо барои фаровонии оилаатон, маҳаллаатон ва аҳолии тамоми вилоят хизмат менамояд.
