Ҳоло кадом китобро мутолиа мекунед?
Ҳа, ман саволро айнан ҳамин тавр доданиам: шумо ҳоло кадом китобро мутолиа мекунед? Ман пурсиданӣ нестам, ки «Оё шумо китоб мехонед, ё ки онро ҳозир ба даст гирифтаед?». Ман китоб мехонам ва боварӣ дорам, умед мекунам, ки шумо низ мехонед, дигарон низ мехонанд.
Донишмандон мегӯянд: онҳое, ки «замона бад шуд» гуфта меноланд, ба бад гардидани замона айбдоранд. Одамони аз ҳама беинсоф дар байни онҳо вомехӯранд ва «Одамон беинсоф шудаанд», мегӯянд.
Ба навиштани ин мақолаи таҳлилӣ вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шудани фикрҳои нохуши «одамон китоб нахонда монданд» сабаб шуд. Ба ин шумо низ гувоҳ мешавед, албатта. Чунин шикваҳоро қариб ҳар рӯз мушоҳида карда, саволи талхе ба миён омад: «Наход халқи мо, ки аз азал садҳо алломаҳои комилро ба воя расонда, ба таърихи башарият ҳиссаи фаромӯшнашаванда ҳамроҳ кардааст, имрӯз аз чунин ворисӣ мосуво монда, аз мутолиа, ки барои сӯи комилӣ бурдани инсон воситаи муҳим аст, рӯ гардонда, китоб мутолиа накунад?».
Чуноне ки адиби маорифпарвар Абдурауф Фитрат бо ифтихор навиштааст, «падару бобоҳои мо дар ҳар боб, аз ҳама беш дар илм ва маърифат барои аҳли олам ибрат ва намуна будаанд — илму маърифати онҳо такрори «қилу қол» ва ҳошияхонии он набуда, балки онҳо моҳияти асосии ҳар як илмро хуб дониста, аз он соҳиби малака ва маҳорат шуда, ба таълиф ва таснифи китобҳои мӯътабар қодир гардидаанд».
«Дар бораи худатон фикри бад нагӯед, мумкин дигарҳо ба суханони шумо бовар кунанд», гуфтааст адиби франсуз Андре Моруа.
Имрӯзҳо дар Ӯзбекистон чӣ қадар дӯстони хориҷиамон ҳастанд, ки дар ҷустуҷӯи маърифат омадаанд, ба анъанаҳои миллии халқамон, таърихи пуршарафи он мароқ зоҳир намуда, дар ҳамин ҷой таҳсил мегиранд ё ки тадқиқотҳои илмӣ мебаранд, ба ҷозибаи зебои забони модариамон ҳавас карда, онро меомӯзанд. Дар диёрамон дипломатҳо фаъолият пеш мебаранд, вакилони соҳаҳои соҳибкорӣ ва ғайра низ ҳастанд.
Тасаввур кунед: дар воситаҳои ахбори оммавии ҳаррӯза фикрҳои чун болоии ногаҳон чопшударо мутолиа намуда, оё тасаввури онҳо дар бораи мо тағйир намеёбад? Ҳа, гуфта, одамҳо китоб намехонанд нависем, оё одами аз канор мушоҳида мекарда, фикр намекунад, ки «инҳо халқи батамом бесавод ва омӣ будаанд». Ин чӣ хел ҷомеа шуд, ки аз тараққиёт, маданият рӯ мегардонад, гӯён ба ҳайрат намеояд?
Наход ҳамин фикрҳо рост бошанд? Наход мо ҳоло китоб нахонем? Агар дар асл ҳам ҳамин хел бошад, мо чаро мутолиа намекунем? Оё китобҳо намерасанд? Китобҳои шавқовар нестанд?
Биёед, ба ин саволҳо якҷоя ҷавоб ҷустуҷӯ кунем, ба вазъияти мавҷудбуда бо назари таҳлилӣ нигарем.
Роҳбари давлат — тарғибгари асосӣ
Аввало бояд таъкид кард, ки дар Ӯзбекистони Нав бо роҳбарии Президенти мӯҳтарами мо Шавкат Мирзиёев ба масъалаҳои илму фан, таълиму тарбия, маданият, санъат ва адабиёт, аз ҷумла китоб ва китобхонӣ эътибори баланд дода мешавад.
Дар ҷомеаи мо ба рушди маданияти мутолиа аҳамияти устувор дода, ҳамдиёронамон чанд қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон, аз ҷумла фармоиши роҳбари мамлакатамон аз 12‑уми январи соли 2017 «Дар бораи ташкили комиссия барои рушди чопи маҳсулоти китоб ва сохтори паҳн намудани он, баланд бардоштани маданияти мутолиаи китоб ва китобхонӣ, инчунин тарғиботи он»-ро бо кайфияти болида пешвоз гирифтанд, ки ин ҳамоно дар ёди мо аст.
Ҳоло дар мамлакатамон барои таъмини иҷрои ин ҳуҷҷатҳои муҳим корҳои васеъмиқёс ва барномаҳои миллӣ пайваста иҷро карда мешаванд. Вазифаи рушди китобхонӣ дар байни ҷавонон ва тарғиби он яке аз мақсадҳои асосии Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» муайян шудааст, ки он то чӣ андоза ба ин масъала дода шудани эътибори ҷиддиро нишон медиҳад.
Роҳбари давлатамон бо шоиру нависандагон, ноширон, олимон ҳамеша дар робита аст, дар давоми ташрифи худ ба минтақаҳо то ҳадди имкон кӯшиш мекунад, ки ба китобхонаҳои дар мавзеъҳо буда ва фаъолияти онҳо шинос шавад.
Дар рафти ташрифи расмии Президентамон ба давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони мамлакатҳои гуногун ба диёрамон тӯҳфа намудани китобҳо ба меҳмонони олимартаба ранги анъанаи некро гирифт. Муҳим он аст, ки аксарияти онҳо бо Сарсухани роҳбари давлатамон чоп шудаанд. Ба ҳамаамон маълум аст, ки Президентамон, инчунин, ғояи нашри маҷмӯаи 100‑ҷилдаи китобҳоро бо номи «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ» пешниҳод кардааст. Бар асоси ин ташаббуси нек дар Ӯзбекистон лоиҳаи бузурге амалӣ гардид — маҷмӯаи китобҳои 100‑ҷилда на танҳо дар олами туркӣ, балки дар минтақаҳои дуру наздики дигари ҷаҳон низ шавқи калон бедор кард.
Дар мамлакатамон дар тоифаи синну соли гуногун гузарондани озмуни «Китобхони ҷавон» ва ба ғолибони он ба сифати тӯҳфаи Президент додани мошини сабукрав дар байни аҳолӣ шавқи пурзӯр ва рағбат бедор мекунад.
Ҳамаи ин далолат медиҳад, ки дар Ӯзбекистон китобхонӣ масъалаи муҳими дар эътибори давлат аст, дар ин кор шахсан роҳбари давлат тарғибгари асосӣ мебошад ва дар диёрамон баланд бардоштани маданияти мутолиа ба ҳаракати умумимиллӣ табдил меёбад.
«Фикри иҷтимоӣ» чӣ мегӯяд?
Акнун ба Маркази ҷумҳурии омӯзиши фикри ҷамоатӣ «Фикри иҷтимоӣ», ки бевосита ба гузарондани чунин пурсишномаҳо ихтисосонида шудааст, муроҷиат менамоем. Хуб, дар марказ роҷеъ ба ин масъала чӣ хел маълумотҳо мавҷуд аст?
Мутаассифона, марказ дар ҷараёни ин воқеаҳои шавқовар тағйироти дараҷаи китобхониро наомӯхтааст. Танҳо пас аз гузаштани хеле вақт аз ин воқеаҳо, яъне дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 роҷеъ ба омӯхтани муносибати ҷавонони Ӯзбекистон ба мутолиаи китоб, моилӣ ва шавқмандии онҳо ба адабиёти бадеиро ба воситаи пурсишномаи телефонӣ тадқиқ кардааст.
Тадқиқот дар байни респондентҳои аз 18 то 35‑сола гузаронда шудааст. Беш аз 60 дарсади онҳоро мардҳо ва наздик ба 40 дарсадро зан-духтарон ташкил кардаанд.
47,1 дарсади ҷавонони иштирокчии пурсишнома китоб мутолиа кардани худ, 52,9 дарсад бошад, китоб нахондани худро арз намудаанд. Дар байни китобхонҳо донишомӯзон ва донишҷӯён, онҳое, ки ба таътили «декретӣ» баромадаанд ва шахсони кори доимӣ дошта аксариятро ташкил мекунанд. Бештари респондентҳоеро, ки мутолиа намекунанд, шахсони бекор, занҳои хонашин ва онҳое, ки озод кор мекунанд, ташкил медиҳанд.
Аз рӯи ҳисоби гендерӣ, бисёртар мутолиа намудани духтарон ва занҳои ҷавон (50,8 дарсад) нисбати наврасон ва ҷавонон (44,7 дарсад) маълум шуд.
Ба саволи «Шумо кадом усули хондани китобро мақбул медонед?» 73,5 дарсади респондентҳо китоби чопӣ гӯён посух додаанд. Дигарон: 13,9 дарсад китобҳои электронӣ, 8,3 дарсад мутолиа ба воситаи телефон ё ки планшет, 2,4 дарсад аудиокитобҳо ва 1,1 дарсад ҳамаи усулҳои мумкинбударо интихоб кардаанд. Яъне, китоби чопӣ чун пешина ҳамон усули аз ҳама оммавии мутолиа мебошад.
Наздик ба нисфи респондентҳо (48,1 дарсад) маълум кардаанд, ки китобҳоро аз интернет ҷустуҷӯ намуда, аз он ҳамчун манбаъ истифода мебаранд. Қисми дуюм (42 дарсад) гуфтаанд, ки интернет барои китоб хондани онҳо ҳеҷ гуна нақш надорад, онҳо китобҳои чопиро харида мехондаанд.
Чунин пурсишномаҳо барои дарки кайфияту рӯҳияти иҷтимоии ҷомеа ва таҳлил кардани онҳо, бар ҳамин асос муайян намудани нақша ва мақсадҳои оянда аҳамияти муҳим доранд. Маркази ҷумҳурии омӯзиши фикри ҷамоатии «Фикри иҷтимоӣ» дар ҷомеаи мо дараҷаи китобхониро ба таври мунтазам омӯхта, натиҷаҳояшро эълон кунад, ба фикрамон мувофиқи мақсад мешавад.
Дар аҳолӣ ва оилаҳо чӣ қадар китоб ҳаст?
Мо инро намедонем. Ба ҳар ҳол, аз фонди ҳамаи китобхонаҳои мавҷудбуда кам набудагист. Чунки ҳамдиёрони китобхони ашаддиамон бисёранд.
Танҳо як мисол. Яке аз олимони маъруф Сувон Мелӣ, ки ба рушди фанни адабиётшиносии ӯзбек ҳиссаи муносиби худро мегузорад, оиди адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, фалсафа ва эзотерика беш аз 60 ҳазор дона китоб ҷамъ овардааст.
Худи ман низ як қисми китобҳои ба ҷевон нағунҷидаамро ба мактабе, ки таҳсил гирифта будам, боқимондаашро ба китобхонаи нави маҳаллаамон тӯҳфа кардам. Дар хона китобҳои аз ҳама зарур ва қадрдонам мондаанд, вале инҳо низ ба ҳар як аъзои оилаамон 10–15 тогӣ рост меоянд.
Агар дар хонаатон китоб бошад — шумо одами маънан бой
Дар гузашта — замоне, ки китобҳо ҳанӯз ба ададҳои оммавӣ чоп намешуданд, нусхаҳои башуморро бо даст рӯбардор карда, аз ҳамин сабаб бо нархи гарон мефурӯхтанд ва хонадони дар хонааш китоб дошта, аз ҷиҳати моддӣ бой ҳисоб мешуд. Ҳоло оилае, ки китоб дорад, маънан бой мебошад.
Адиби барҷастаи мо Абдулло Қаҳҳор навиштааст, ки «Мумкин дар хонадон чароғ набошад, вале агар китоб набошад, рӯзҳои ин гӯша низ торик аст». Кӣ ҳам мехоҳад, ки хонадонаш торик бошад.
Боз як маълумоти муҳим
Ӯзбекистон яке аз мамлакатҳое аст, ки асарҳои Чингиз Айтматов ва Махтумқули бисёр чоп мешаванд. Меарзад, ки мо бо ин ифтихор кунем.
Фарзанди Чингиз Айтматов — Элдор Айтматов ба хотир меорад ва ҳар боре, ки китоби адиби машҳур дар Ӯзбекистон нашр шавад, ӯ «Агар китобам дар Қирғизистон барояд, 4–5 миллион, дар Ӯзбекистон чоп шавад, беш аз 22 миллион одам мехонад», гуфта хурсанд мешудааст.
Андаке руҷӯи лирикӣ
«Тарбияи қалб ном чиз ҳаст» — гуфт корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон, шоири шинохта Эшқобил Шукур. — Тарбияи қалб вазифаи хеле калони адабиёт мебошад. Агар қалб тарбия карда шавад, дар инсон ҳама чиз тарбия меёбад. Масалан, шумо китоби Абдулло Қодириро мехонед, ё писаратон мутолиа мекунад. Дар ин маврид, на танҳо фарзандатон, худатон низ тарбия мегиред. Ба шумо Абдулло Қодирӣ ҳеҷ гоҳ маҷбуран намеомӯзад, худ аз худ, ба таври табиӣ тарбия медиҳад. Саҳифа аз паси саҳифа қалб, фикр, тафаккур ва диди шуморо тарбия мекунад. Бинобар ин, қадр қардани китоб муҳим аст.
Ба қарибӣ як фикри Озод Шарафиддиновро хондаму қоил мондам: «Мегӯем, ки бачаҳо тағйир меёбанд, ҷавонон бад мешаванд. Мепурсем, ки чӣ бояд кард? Роҳи арзон ва хеле осони ин мавҷуд аст. Ҳамаи бачаҳоро бояд китобхон кард. Ба бачаҳо китобхониро ёд диҳед, дар ин ҳол дигар хароҷотҳои барзиёд даркор намешаванд. Бачае, ки китоб мехонад, дигар хел мешавад. Аз ҳамин сабаб, ин вазифаи адабиётро дар вазъиятҳои гуногун набояд аз хотир фаромӯш кунем».
Савдои китоб
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 602‑то субъекти ноширӣ фаъолият пеш мебарад. Хӯш, китобҳое, ки онҳо нашр мекунанд, бо кадом тарз ба дасти китобхонҳо мерасанд?
Мувофиқи маълумотҳои Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, китобҳое, ки нашр карда мешаванд, ба воситаи 682‑то дӯкони китоб, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият пеш мебаранд, фурӯхта мешаванд. Баробари ҳамин, фурӯши китобҳо ба воситаи шӯъбаи хизмати тахминан 30‑то нашриёт ва дӯконҳои китоб, ки китобро ба харидорон мерасонад, инчунин платформаи савдои онлайнӣ амалӣ карда мешавад.
Фикри мутахассисони савдои китоб
Нависандаи маъруф ва мутахассиси амрикоӣ Арчибалд Маклиш роҷеъ ба савдои китоб фикри ибратбахше дорад:
«Китобҳо, китобҳои ҳақиқӣ худ аз худ фурӯхта намешаванд.
Муқоваи китоб ҳар қадар зебо бошад, дар он мазмуну моҳияти асар ҳар қадар бо маҳорат акс шуда бошад ҳам, намуди берунаи китоб дар одамон фикри «онро албатта, харида, мутолиа кардан лозим будааст»-ро бедор карда наметавонад.
Китобҳои ҳақиқӣ ба туфайли ғайрату шуҷоати одамоне, ки чӣ хел китоб будани онҳоро медонанд ва ба онҳо бо ҳурмат муносибат мекунанд, фурӯхта мешаванд. Ғайрату шуҷоати мазкур бошад, аввало ба бовар кунондани хонандае, ки варақҳои китобро гардонда мебарояд, бояд нигаронда шавад. Тақризи беназире низ, ки мунаққиди аз ҳама маъруфтарин навиштааст, аз сӯҳбати китобхон бо китобхон камтар фоида меорад. Дар чунин сӯҳбатҳо китобфурӯше, ки ҳамеша китобҳои худу харидорони худро хуб медонад, ҳамсӯҳбати аз ҳама баобрӯ ба шумор меравад.
Агар дар савдои китоб чунин фурӯшандаҳо намонанд, ин савдо шабеҳи савдои оддӣ ва миёнаи собун, ё ки консерв мешавад, ки дар онҳо ҳама чизро плакатҳои калон ва дурахшони рекламаҳо ҳал мекунанд, ба муваффақият ё ки бемуваффақиятии он ба даромади ба дастомада нигоҳ карда баҳо медиҳанд.
Ибрати аз ҳама хуб — дар оила
Барои ҳамаи муваффақиятҳо, ки муяссарам шуд, аз китоб миннатдор ҳастам, агар аз кори хатое баргашта бошам ҳам, — гуфт эҷодкор ва журналист Азиз Норқулов. — Аз рӯзе, ки худамро шинохтам, дар хонаамон роҷеъ ба адабиёт, асарҳои бадеии гуногун, ҷозибаи забони модариамон, дар бораи шеваҳо сӯҳбат мекардем. Азбаски падарам омӯзгор буд ва худаш низ бо эҷод шуғл меварзид, дар хонадонамон китобхонаи калон доштем. Бинобар ин, дарк мекунам, ки ибрати аз ҳама хуб — дар оила. Имрӯз дар фарзандҳоям низ баландии шавқро ба китоб дида, хурсанд мешавам.
Ба ҷавонони имрӯза, имкониятҳои барояшон фароҳамоварда ва истифодаи босамарашон аз онҳо ҳавас мекунам. Суханони шабеҳи ҷавонон китоб намехонанд, аз мутолиа дур шуданд, маънавиятро бояд зиёд кард, ба гӯш бисёр мерасанд. Росташро гӯем, ҳолатҳое, ки одамро рӯҳбаланд ва умедашро зиёд мекунанд, низ кам нестанд.
Ман ба китобхонаи миллиамон бисёр меравам. Мебинам, ки ҷавонон аз пагоҳӣ барои ба китобҳо мӯҳр гузоштан дар навбат истодаанд. Ман аз сафи онҳо ҷой мегирам. Толори китобхона доимо пур мешавад, ҷавонони китобхон машғули мутолиаанд. Вақте ки бори аввал ба толор даромадам, аз ҷой наёфтанам хурсанд шудам. Онҳоеро, ки аз китоб нахондани ҷавонон меноланд, ба ин даргоҳ оварда, ин ҳолатро нишон доданӣ шудам».
Ҳисса аз қисса
Одами некро нек гӯед, некиаш меафзояд, бадро бад гӯед, ба бадӣ мекашад. Дар ҳақиқат, чуноне ки яке аз нависандаҳои Ғарб гуфтааст, агар касеро хук гуфтан гиред, оқибат хуррос мезанад.
Ҳеҷ кас китоб намехонад гуфта, ҳавсалаи одамонеро, ки китоб мутолиа мекунанд, пир накунем. Баръакс онҳоеро, ки китоб намехонанд, ба хондан шавқманд намоем. «Нест-нест» гӯем, ҳасташ низ нест нашавад. Одамони китобхонро бояд бештар тарғиб кард.
Ҳамаамон медонем, аксарияти одамон табиатан ба атрофиён пайравӣ мекунанд. Инро аз як ҳолати шабакаи иҷтимоӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Одатан, шахси аввалин шуда, ба фикре ё ки лавҳае эзоҳ гузошта, қариб ба ҳамаи эзоҳҳои пасина роҳ кушода медиҳад. Як-ду муносибатҳои муқобил дар ҷараёни умумӣ нопадид мешаванд. Яъне, касе ҳеҷ кас китоб намехонад, гӯяд, мумкин дигарҳо низ нахонанд, баръакс, ҳама китоб мехонанд, гӯянд, шояд меҳр ва ихлоси одамҳо ба мутолиа баланд шавад. Дар аснои мутолиа дар инсонҳо одати пайравӣ намудан гум шуда, ҳисси фикрронии мустақил ташаккул меёбад.
Аз қисса ҳисса ҳамин, ки Ӯзбекистон — мамлакати китобхонҳо буда, дар мамлакатамон фонди китоб ҳам, шумораи китобхонҳо ҳам кам нестанд. Ва даъвати мо чунин ки: имрӯз аксарият китоб мехонанд, шумо низ албатта хонед!
Икром БӮРИБОЕВ,
Тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ
(бо ихтисор аз шумораи № 50 (06.12.2024)-и рӯзномаи «Ҷадид»).
