Ovozi.uz

Донишомӯзони мо — ғолиби лоиҳаи CyberU

Шогирдони мактабҳои рақамҳои 45‑уми шаҳри Самарқанд ва 15‑уми ноҳияи Тайлоқ, донишомӯзони синфи 10‑ум Темур Мирзобоев ва Парвиз Матлабов ғолиби лоиҳаи «Young CS Stars 2024» шуданд, ки дар платформаи машҳури дунё CyberU ташкил карда шудааст.
Моҳи майи соли 2024 дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар тақдимот роҷеъ ба масъалаҳои босуръат омӯхтани рақамикунонӣ ва технологияҳои рақамӣ, таъмини иштироки ҷавононамон дар лоиҳаҳои байналмилалӣ муҳокима гардида буд.
Ҷавонони самарқандӣ дар ҳоли босамар истифода бурдан аз чунин имконият, дар лоиҳаҳои мухталифи миқёси дунё фаъол иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар лоиҳаи мазкур, ки Темур ва Парвиз иштирок карданд, аз беш аз 35 мамлакати дунё наздик ба 100 нафар ҷавонони аз 20 то 25‑сола иштирок карданд. Ду донишомӯзи ӯзбекистонӣ ғолиби лойиҳаи мазкур шуда, акнун бар асоси барномаи ProjectLab-и дар таркиби платформаи мазкур буда, метавонанд барномаҳои таъминотии худро офаранд ва ба инвестерҳои хориҷӣ бевосита тақдим кунанд.
Ба гуфти эксперти байналмилалӣ Муҳаммадхон Солеев, ки роҳбари илмии донишомӯзон буд, аз сабаби солҳои охир дар мамлакатамон васеъ омӯхтани забони англисӣ ва фанҳои IT, ҳатто дар мавзеъҳои дурдасти мамлакатамон ташкил гардидани марказҳои ихтисосонидаи забонҳои хориҷӣ ва IT-паркҳо барои ба бозори ҷаҳонӣ баромадани ҷавононамон такон шуд.