200 ширкати Британияи Кабир эълон карданд, ки онҳо бо нигоҳ доштани маоши мавҷудаи кормандон, ба ҳафтаи кории 4-рӯза мегузаранд. Инро нашрияи «The Guardian» хабар додааст.
Мувофиқи маълумотҳои охирини «4 Day Week Foundation», аксарияти қисми ин ширкатҳо, ки беш аз 5000 корманд доранд, ташкилотҳои хайрия, маркетинг ва ширкатҳои технологӣ мебошанд. Онҳо 5 рӯз кор карданро бозмондаи давраи иқтисодии кӯҳна ҳисобида, мегӯяд, ки дигар аз он истифода бурдан даркор нест.
«Ҳафтаи кории 5-рӯза, ки аз соати 9 то 5-и шом кор мекунад, 100 сол пеш оғоз шуд ва дигар ба талаботи замони муосир ҷавоб намедиҳад. Тартиби 4-рӯза ба одамон 50% вақти холӣ медиҳад ва ба онҳо имкон месозад, ки ҳаёти хушбахту пурра дошта бошанд», — гуфтааст Ҷо Райл, директори «4 Day Week Foundation».
Махсусан, ширкатҳои маркетинг, реклама ва матбуот ба ин ҳаракат роҳбарӣ мекунанд ва ҳоло 30 ширкат ин сиёсати навро қабул кардаанд.
