Ovozi.uz

Таҷрибаи Сингапур — дар мактабҳои мо

Имрӯз Сингапур аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба соҳаи маориф маблағҳои зиёд сарф мекунад ва ба натиҷаҳои бузург ноил мегардад. Тайи солҳои охир дар муассисаҳои таълими кишвар ва хориҷ аз он омода кардани мутахассисон оид ба самтҳои муосиртарини илм ва технологияҳои пешрафта ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфтааст. Дар натиҷаи ин тадбирҳо Сингапур дар соҳаи тараққиёти илму техника ба яке аз давлатҳои пешқадами ҷаҳон табдил ёфт.
Дар асоси ин таҷриба дар мактабҳои таълими умумии шаҳри Самарқанд «Рӯзи такмили ихтисос» ва «Соати такмили ихтисос» ташкил гардида, директорони мактабҳои таълими умумии вилоят, омӯзгорони фанҳои табиӣ дар асоси барномаҳои таълими байналмилалии Сингапур ихтисоси худро такмил медиҳанд.
Дар ин бора дар пресс-тури Садорати таълими томактабӣ ва мактабҳои вилоят ба мутахассисони соҳа маълумоти муфассал доданд.
— «Рӯзи такмили ихтисос» дар ҳафтаи якум ва сеюми моҳ, «Соати такмили ихтисос» дар ҳафтаи дуюм ва чоруми моҳ ташкил карда мешавад, — гуфт ҷонишини роҳбари садорат Озодҷон Ҷангиров. — Дар 1266 муассисаи таълими миёнаи умумии вилоят рўйхати омӯзгорон барои гузаронидани ин низом тартиб дода шуда, аз моҳи октябри соли равон ба кор даромад. Дар ҳафтаи якум ва сеюми ҳар моҳ коршиносони сингапурӣ таҷрибаи худро дар раванди таълим ба як омӯзгори пешқадами ҳар як мактаби вилоят меомӯзанд. Муаллимони пешсафи соҳибихтисос таҷрибаи худро ба ҳамкасбонашон меомӯзонанд ва онро дар ҷараёни таълим роҳандозӣ менамоянд. Барои ин, ба онҳо 20 дарсади музди корашон ҳамчун рағбатноксозӣ дода мешавад. Ин раванд дар чаҳор марҳила сурат гирифта, ҳоло марҳилаи аввал идома дорад. Яъне аз моҳи октябр то март барои омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиӣ 72 соати омӯзишӣ ташкил мекунанд.
— Дар ин раванд ба мо модули панҷмарҳилавие, ки ба барномаи таълимии Сингапур дар таълими фанҳои табиӣ дохил карда шудаанд, писанд омад, — гуфт Зарнигор Убайдова, омӯзгори мактаби давлатии ихтисосонидашудаи умумии рақами 21‑и ноҳияи Самарқанд. — Аз ҷумла, дар марҳилаи аввали модули мазкур ҷалб намудани донишомӯзон ба мавзӯъ мебошад. Дар марҳилаи дуюм муаллим тавассути супориши амалӣ ба донишҷӯён усулҳои тадқиқоти илмӣ ва мафҳумҳои илмии марбут ба мавзӯъро пешниҳод мекунад. Дар марҳилаи сеюми фаҳмондадиҳӣ муаллим аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки он чиро, ки дар марҳилаҳои қаблӣ омӯхта ва мушоҳида кардаанд, шарҳ диҳанд. Муаллим метавонад дар дарс аз видео ва аудио низ истифода барад. Дар марҳилаи чоруми модул маълумотҳои омӯхтаашонро бо манбаъҳои илмӣ муқоиса мекунанд. Дар марҳилаи охирини панҷуми баҳодиҳии модул донишомӯзон худбаҳогузорӣ мекунанд. Хатою камбудиҳо муҳокима карда шуда, хулосаҳо бароварда мешаванд.
Дар ҷараёни пресс-тур журналистон дар мактаби таълими умумии рақами 10‑и ноҳия ва мактаби таълими умумии рақами 14‑и шаҳри Самарқанд бо равандҳои «Рӯзи такмили ихтисос» шинос шуданд.

Мухбири худамон.