Ovozi.uz

Инкишофи эҷодкорӣ дар бачаҳо

Синни мактабӣ даври муҳимест, ки дар он тафаккур, рафтор ва неруи эҷодии кӯдак ташаккул меёбад. Дар ин давр тарзу услуби дарки олами онҳо васеъ ва тасаввуроташон гуногун мешавад. Дар ин лаҳзаҳо маҳорати омӯзгор, дастгирии падару модарон ва ташкили босифати муҳити таълим омили асосии рӯ задани креативии кӯдакон мегардад.

Эҷодкорӣ (креативӣ) на танҳо истеъдоди бадеист, ин санъати аз ҷиҳати нав дида баромадани масъала, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли гуногун ва самаранок татбиқ намудани онҳо мебошад. Он тавассути таъсири мутақобилаи ҷараёнҳои маърифатӣ, эҳсосот ва муҳити иҷтимоӣ инкишоф меёбад. Вақте ки кӯдак дар мактаб таҷриба мегирад, дар ӯ озодии фикр ва мустақилӣ инкишоф меёбад. Маҳз дар ҳамин давр эҷодкориро дастгирӣ кардан лозим аст. Принсипҳои асосии рушди креативии кӯдакон дастгирии кунҷковии табиии кӯдак, ҳавасманд кардани онҳо ба баёни озодона, қабул кардани хатоҳо ҳамчун имконияти омӯхтани онҳо ва на ин, ки ҷазо додан, баҳо додан ба ҷараён, на ба натиҷа, балки додани афзалият ба тарзи эҷодии кор, тарғиби равиши байнисоҳавӣ тавассути омезиши илм ва санъат, таъмини муносибати инфиродӣ бо дарназардошти хусусият ва рушди ҳар як кӯдак мебошад.

Дар инкишофи креативӣ дар бачаҳои синни мактабӣ нақши муаллимон ва падару модарон калон аст. Муаллим роҳнамо, илҳомбахш ва созмондиҳандаи муҳити зист аст. Ӯ бояд бо саволҳо роҳнамоӣ кунад ва муҳити кушод ва дастгирикунанда офарад. Ба падару модарон муҳим аст, ки бачаро бо маводҳо, китобҳо таъмин намуда, барои ӯ экскурсияву таҷрибаҳои амалӣ гузаранд ва ба ин восита бачаро ҳавасманд намоянд.

Креативӣ дар синни мактабӣ ҳолати бефоида ва ноустувор нест, балки истеъдодест, ки онро бодиққат парвариш карда, ба камол расонидан мумкин аст. Тавассути муҳити эҷодӣ ва бехатар, қадр кардани ҷараён ва тарбияи бомасъулият фикру андешаҳои бача кушода шуда, дар паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ба натиҷаҳои амалӣ табдил меёбанд. Ҷараёни таълиму тарбия мутамарказ карда шавад, ҳар як бача овози эҷодии худро пайдо ва барои оянда талош мекунад.

З.СОЛИЕВА,

устоди калони Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд