Тасаввур кунед, шумо ба кишвари хориҷа барои саёҳат рафта, дар мағозаи телефонҳои он ҷо «iPhone 16 Pro Max»-ро, ки ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ беҳтарин ҳисобида мешавад, бо нархи арзон дидед. Даставвал, ин гӯширо барои худатон харид намуда, сипас ба ёдатон омад, ки бо ҳамин нархи арзон барои падар, модар, бародар ва ғайраҳо низ чун тӯҳфа аз он боз чандто бихаред. Вақте ба Ватан баргаштед, ба назди шумо ходимони гумрук омада гуфтанд, ки барои қимати беш аз меъёри муайянгардидаи маҳсулот бояд боҷи давлатиро пардохт кунед. Чаро?
Ё шумо ҳангоми баргаштан аз хориҷа дар дасту гардан бо зиёда аз 200–300 грамм ашёи заргарӣ, ки онро дар вақти сафар харид намудаед, ба кишвар даромадед, боз ҳамон ҳолат… Барои чӣ?
Ба ин гуна саволҳо дар анҷумани матбуотии Садорати гумруки вилоят, ки рӯзи 7‑уми ноябри соли ҷорӣ дар Хонаи матбуоти вилоят баргузор гардид, маълумоти муфассал дода шуд. Дар аввали нишасти матбуотӣ ҷонишини якуми сардори садорат Анвар Муҳаммадиев роҷеъ ба чорабиниҳое, ки садорат дар тӯли 10 моҳи гузашта баргузор намудааст, маълумот дод.
— Тӯли даҳ моҳи соли равон боҷхоначиёни вилоят ба 1404 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маҳсулот ва воситаҳои нақлиётӣ, ки арзиши онҳо дар маҷмӯъ 33 млрд. 778,5 млн. сӯмро ташкил медиҳанд, барҳам доданд, — гуфт А. Муҳаммадиев. — Илова бар ин, беш аз 43,6 кг. маводи мухаддир, инчунин 10,3 кг. ашёи заргарии 5,4 млрд. сӯмина боздошта шудааст.
Вай таъкид намуд, ки дар 4 ҳолат 153 ҳазору 737 дона маводи ғайриқонунии пиротехникӣ ошкор ва муваққатан нигоҳ дошта шудааст. Ғайр аз ин, барои мубориза бо коррупсия 27 вохӯрӣ ва 63 сӯҳбати инфиродӣ (индувидуалӣ)-и пешгирикунанда баргузор гардидааст.
— Ба қарибӣ барои фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам бештар ба соҳибкорон дар системаи гумрук якчанд қарорҳо қабул гардид, — гуфт саринспектори садорат Шаҳзод Эргашев. — Дар масъалаи телефонҳо ва таҷҳизоти маишӣ, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, тартиби муайян вуҷуд дорад. Мувофиқи он, ҳар як сайёҳ ё шаҳрванди кишварамон ҳангоми ворид шудан ба Ӯзбекистон барои эҳтиёҷи худ таҷҳизоти қиматаш аз 2000 доллари ИМА зиёд набударо бидуни пардохти боҷи давлатӣ дароварда метавонад. Инчунин, хотиррасон менамоем, ки барои шахсони ҷисмонӣ ба ҷумҳуриамон даровардани ашёи заргарии аз металл ва сангҳои қиматбаҳо тайёр кардаи вазнаш то 65 грамм бидуни боҷ иҷозат дода шудааст.
Дар давоми анҷумани матбуотӣ ходимони васоити ахбори оммавӣ роҷеъ ба корҳои амалигардида барои зиёд кардани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, таҷҳизоти замонавии гумруки вилоят ва ғайра табодули афкор намуданд.
Роҳбари хизмати ахбори садорат Ғайрат Сатторов таъкид кард, ки ҳоло бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодии соҳибкорон ва шахсони ҷисмонӣ «Телефони боварӣ»-и Кумитаи давлатии гумрук бо рақами кӯтоҳи 11–08 ва Садорати гумруки вилоят бо рақами (66) 233–63–00 мустақимон фаолият доранд.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ.
