Дар бинои прокуратураи вилоят бо иштироки ходимони васоити ахбори оммавӣ ва донишомӯзони Донишгоҳи давлатии Самарқанд чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.
Қисми аввали чорабинӣ бо анҷумани матбуотие, ки дар доираи консепсияи «Ташкили корҳои маънавию маърифӣ дар идораҳои прокуратура» ташкил гардида буд, оғоз ёфт. Дар он, роҷеъ ба фаъолияти идораҳои прокуратура, корҳои амалигардида дар соли 2024 ва шароитҳои фароҳамгардида барои кормандон маълумот дода шуд.
Донишомӯзон оиди тартиби кории прокуратура, корҳои амалигардида дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани таҷриба дар сохтор ва тартиби ба кор дохил шудан маълумот гирифтанд.
Дар чорабинӣ маросими қасамёди 3 нафар мутахассиси ҷавон, ки аз аттестатсия мусбӣ гузаштаанд ва супоридани унвони дараҷадор низ гузаронида шуд.
