Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо баргузор шуданд.
Дар ин давр бошгоҳи «Рома»-и Рим дар майдони худ «Айнтрахт»-ро қабул кард. Дар вохӯрӣ мизбонон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Муҳимтарин паҳлӯи ин бозӣ барои мо он аст, ки капитани тими миллии мо Элдор Шомуродов, ки дар ҳайати “Рома” бозӣ мекунад, дар дақиқаи 67-ум ба майдон баромад ва пас аз 2 дақиқа дарвозаи рақибро ишғол намуд.
Ҳаракати Элдор Шомуродов дар ин бозӣ 7,1 хол баҳогузорӣ шудааст. Пас аз бозӣ сармураббии «Рома» Клаудио Ранери дар бораи Элдор Шомуродов фикрҳои зеринро баён кард:
«Ман мехоҳам, ки Элдор дар даста монад. Чунки футболбозон, мухлисон, ҳама ӯро дӯст медоранд. Вай ҳамеша дар майдон бо тамоми тавоноияш бозӣ мекунад. Ман бо ӯ бисёр баҳс мекунам, вале агар ӯ аз даста биравад, бисёр меранҷам.»
