Ovozi.uz

Афрӯза — маликаи ҳақиқии тахтаи шоҳмот

Дар Самарқанд маросими ҷоизасупорӣ ба чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба шоҳмот Афрӯза Ҳамдамова баргузор шуд.

Дар он падару модари чемпиондухтар, муаллимон ва хонандагони мактабе, ки Афрӯза дар он таҳсил мегирад, иштирок намуданд. Чорабиниро ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров оғоз карда, ба волидону омӯзгорони вай изҳори сипос намуд.

Ба Афрӯза ва падару модараш сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҳокимияти шаҳри Самарқанд тақдим карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ чемпион бо шатранҷбозони ҳаваскор ва ҷавонони ба шоҳмот шавқдошта шоҳмотбозӣ намуда, дарси маҳорат гузаронид.