Ovozi.uz

Роналдо дар бозиҳои наздик дар сафи дастаи мунтахаби Португалия намешавад

Криштиану Роналдо қарор додааст, ки қароргоҳи мунтахаби Португалияро тарк кунад.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналдо эълон кард, ки дар бозиҳои наздик шарафи дастаи миллии кишварро ҳимоя нахоҳад кард. Футболбоз пас аз нишасти матбуотии сармураббии даста ва суҳбат бо президенти Федератсияи футболи Португалия ба чунин қарор омадааст.

«Пас аз нишасти матбуотии сармураббии даста ва суҳбат бо президенти Федератсияи футболи Португалия қарор додам, ки қароргоҳи ҷамоаро тарк кунам.

Ягон рӯз мардуми Португалияро бо сабабҳои воқеие, ки ҷамоаро тарк кардам, огоҳ менамоям. Ман ҳамеша барои ҷамоа тамоми ҳастиямро бахшидаам.

Ҳоло вақти он аст, ки ба Португалия ва ҳамаи ҳамдастонам — бидуни истисно — самимона комёбӣ орзу кунам», — гуфт Роналдо.

Бозингар ҳанӯз сабабҳои дақиқи қарори худро ошкор накардааст. Ӯ таъкид кард, ки дар оянда дар ин бора муфассалтар маълумот медиҳад.