Таърихи почтаи Ӯзбекистон се марҳилаи асосии рушди худро — давраҳои пеш аз инқилоб, шӯравӣ ва аз соли 1991-ро, баъде ки ҷумҳурии мо соҳибистиқлол гардид, фаро мегирад. Ӯзбекистон аз соли 1994 узви Иттиҳодияи умумиҷаҳонии почтаҳо мебошад. Сол аз сол дар миқёси ҷаҳон рейтинги почтаи Ӯзбекистон баланд мешавад. Ҳоло дар тамоми 14 ҳудуди мамлакатамон шуъбаҳои UzPost (Ҷамъияти саҳҳомии тарзи кушоди «Ӯзбекистон почтаси») амал мекунанд.
Солҳои охир мавқеи почта — шуъбаҳои алоқа ба туфайли ворид шудани технологияҳои нави замонавӣ дар ҳаёти мо каме коҳиш ёфтааст. Мо бо мақсади шиносоӣ бо кору фаъолияти ин соҳа бо директори филиали «Ӯзбекистон почтаси» дар вилояти Самарқанд Ӯрунбой Мавлонов ҳамсӯҳбат шудем. Ӯрунбой Мавлонов мутахассиси ҳамин соҳа буда, аз соли 2019 дар ин вазифа кор мекунад.
— Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14‑уми декабри соли 2020 «Дар бораи чораҳои куллан такомул додани сохтори расонидани хизматҳои алоқаи почта» кор мебарем. Мақсади тамоми кормандони почта куллан такмил додани низоми алоқаи почта, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, пурра автоматикунонии фаъолияти пешниҳоди хизматҳои алоқаи почта, ҷойгир шудани кишвари мо дар рейтинги ҷаҳонии индекси рушди почта дар ҷои 50‑ум аст, — гуфт ӯ дар аввали суҳбат.
— Имрӯзҳо ходимони алоқаи почта кадом намудҳои хизматрасониро ба роҳ мондаанд?
— Шумораи хизматрасониҳои мо дар айни ҳол 31‑то мебошанд. Инҳо интиқоли почтаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, обуна ба нашрияҳои даврӣ ва расонидани онҳо, интиқоли маблағҳо (дохилӣ ва байналмилалӣ), фурӯши маркаҳои почта ва дигар маҳсулоти почта, инчунин молҳои истеъмолӣ, бастабандӣ ва нигоҳдории посилка, таъмин намудани қуттиҳои почта, хаткашонӣ, қабули пардохтҳои коммуналӣ ва ғайра мебошанд.
— Шумо дар ҳар шаҳру ноҳияҳо филиалҳо доред? Умуман, миқдори шуъбаҳои алоқа дар миқёси вилоят чӣ қадар аст? Дар ҳамин бора ҳам маълумот медодед.
— Дар ҳамаи 16 шаҳру ноҳияҳо почтаҳо кор мекунанд. Ҷамъи шуъбаҳои алоқа дар вилоят 215-торо ташкил медиҳанд. Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии шуъбаҳо корҳои зиёде ба ҷо оварда мешаванд. Масалан, барои таъмири бинои маъмурии шабакаи почтавии Пайариқ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 312,0 миллион сӯм ва аз ҳисоби маблағҳои соҳа 140,0 миллион сӯм ҷудо карда шуд ва он ба таври замонавӣ таъмир мегардад. Баъди таъмиру азнавсозӣ, ки 527,0 миллион сӯм маблағ сарф шуд, бинои почтаи марказии Самарқанд намуди замонавӣ гирифт. Ҳоло дар 80 шуъбаи почта 60 навъи хизматрасонии давлатӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар 63 шуъбаи почта хизматрасонии бонкӣ ва суғуртавӣ амал мекунанд. Дар шаҳри Самарқанд маркази логистикӣ ташкил карда шуд. Шуъбаҳои алоқаи почтаи вилоят бо 293 адад компутерҳои замонавӣ, 181 принтер, 100 адад дастгоҳи мобилии бисёрфунксионалӣ таъмин гардиданд. Ҳоло дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи почтаи вилоят гардиши хату хабар ва посилкаҳоро ба таври электоронӣ ҳатто худи фиристонандагон ҳам назорат карда метавонанд.
— Дар шуъбаҳои алоқа моҳе чӣ қадар хату хабар ва бастаҳои молӣ гирифтаву фиристода мешаванд?
— Миқдори онҳо моҳе 380–400 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
— Мардуми вилоятамон асосан аз куҷоҳо ва чӣ хел фиристодаҳоро мегиранд? Онҳо чиҳо мебошанд?
— Аз Хитой, Амрико, Изроил, Туркия, Россия, хулоса, аз тамоми гӯшаву канорҳои дунё. Аз ҳуҷҷату сим-карта сар карда, то мототсикл ва ҳар чизе, ки дар қонун манъ карда нашудааст, мегиранд.
— Хеле хуб. Барои ба соҳибонашон бурда расонидани хату хабар ва посилкаҳо техникаҳои зарурӣ мавҷуданд?
— Бале. Барои ин корҳо мо 32 адад мошинҳои гуногунтамға ва 29 электроскутер дорем. Ба воситаи онҳо мактуб ва дигар фиристодаҳоро ба дасти соҳибонаш бурда мерасонанд.
— Корҳои Шумо дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ба роҳ монда шудааст. Солҳои пеш ба мушкилот ҳам рӯ ба рӯ гардидед. Ҳоло аҳвол чӣ хел аст?
— Дуруст, солҳои 2018, 2019 ва 2020-ро бо зарар ба охир расонидем. Шукр, ки ҳоло аҳвол рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Соли 2024‑ро бо фоидаи соф ҷамъбаст кардем.
— Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? Дар соҳа боз кадом навъҳои хизматрасониро ба роҳ мондан мехоҳед?
— Соҳаи почтаро пурра ба технологияҳои рақамӣ гузаронидан вазифаи асосии мост. Воситачии байни соҳибкору муштарӣ шудан ҳам яке аз мақсадҳои ояндаи мо ба ҳисоб меравад. Инчунин, ба туфайли васеъ ба роҳ мондани хизмати дастёрӣ ба мардуми вилоят хизмати саривақтӣ ва босифат расонидан аст.
Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.
