Ovozi.uz

Боз 50‑то электробус оварда мешавад

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Садорати нақлиёти Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар рафти анҷуман асосан, роҷеъ ба такмили соҳаи нақлиёти ҷамоатии вилоят ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ барои аҳолӣ сухан рафта, бобати корҳои дар ин самт иҷрошуда ва нақшаҳои минбаъда маълумот дода шуд.
— Имрӯзҳо дар вилоят 173‑то субъектҳои соҳибкорӣ бо 4 963‑то воситаҳои нақлиёт ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, — гуфт роҳбари шуъбаи ҳамоҳангсозии фаъолияти нақлиёти садорат Маҳмуд Узоқов. — Инчунин, 21668 нафар шаҳрванд бо 22304‑то воситаи нақлиёт, дар ҳолати банд кардани худ бо шуғл бе хатсайр хизмат менамоянд. Дар хатсайрҳо барои мусофиркашонӣ 587‑то автобус, 167‑то микроавтобус ва 2014‑то нақлиёти русуми «Дамас» мавҷуд аст. Ғайр аз ин, 79‑то корхона бо 415‑то мошини сабукрав ба сифати таксӣ мушкилоти аҳолиро осон мегардонад.
Вай гуфт, ки дар натиҷаи овардани автобусҳои нав ва зиёд намудани сифати хизмат дар нақлиёти ҷамоатии шаҳр тӯли як рӯз тақрибан ба 400 ҳазор нафар мусофир хизмат расонда мешавад.
Агар дар давоми соли 2024 3 миллион нафар мусофир аз хизмати трамвай истифода бурда бошанд, аз аввали соли равон то имрӯз шумораи мусофирони трамвай аллакай ба якуним миллион нафар расидааст.
Дар давоми анҷумани матбуотӣ роҳбари шуъбаи назорати нақлиёти автомобилии Инспексияи назорати нақлиёти вилоят Э.Муродов қайд намуд, ки аз оғози соли равон то ҳол бо ҳамкории Садорати ҳаракати бехатарии роҳ 337 маротиба чорабиниҳо гузаронида, дар ҳисоби умумӣ 4768‑то қонуншиканиҳои вобаста ба мусофиркашониҳои ғайриқонунӣ муайян карда шудаанд. Миқдори умумии ҷаримаҳои маъмурии вобаста ба ин гуна қонуншиканиҳо 3 миллиарду 711 млн. сӯмро ташкил кард.
Инчунин, дар нишасти матбуотӣ дар бораи зина ба зина ба шартномаи брутто гузаштани тамоми субъектҳои соҳибкорӣ ва пардохти пули нақд ба картаҳои махсус маълумот дода шуд.
Мувофиқи маълумоти садорат, то охири сол ба вилоят овардани боз 50‑то электробус, дар хатсайрҳо ҷойгир кардани 112‑то автобуси замонавӣ ва 80‑то микроавтобус, ки овардани онҳоро субъектҳои соҳибкории маҳаллӣ ба нақша гирифтанд, дар 1‑то истгоҳи автомобилӣ ва 34‑то истгоҳи автобус бурдани корҳои сохтмонӣ ва таъмирсозӣ, дар ноҳияи Самарқанд ташкил намудани 2‑то истгоҳи автомобилӣ, 1‑то дар ноҳияи Оқдарё, инчунин тармими истгоҳи автомобилии ноҳияи Нарпай, ташкил намудани 11,2 км роҳи алоҳидаи автобусгард ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Дар поёни анҷуман масъулони соҳа ба саволҳои ходимони васоити ахбори оммавӣ посух доданд.

Ҷовид САЛОМАТУЛЛОЕВ.