Ovozi.uz

Либосҳои миллӣ — зебандаи ҳама

Дар шаҳри Самарқанд байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ озмуни “Либосҳои миллӣ – ойинаи миллат ва маънавияти мо” баргузор гардид. Мақсади озмун тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, интихоби дурусти либос, риоя ба меъёрҳои либоспӯшии миллӣ дар тарзи либоспӯшии муосир ва густариши анъанаҳои миллӣ мебошад.
Дар озмун, ҷойи аввал насиби Политехникуми рақами 2-и ноҳияи Оқдарё шуд. Ҷойи дуввум ба Политехникуми рақами 1-и ноҳияи Тайлоқ дода шуд. Ҷойи сеюмро Политехникуми рақами 3-и ноҳияи Пастдарғам гирифт.
Ҳамзамон, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ таҳти унвони “Таъсири арзишҳои ахлоқӣ ба мубодилаи фарҳангҳо дар давраи ҷаҳонишавӣ» чорабинӣ ташкил гардид.
Дар озмуни бо арзишҳои миллӣ омехташуда чунин натиҷаҳо ба даст омаданд. Ҷойи аввал ба политехникумҳои рақами 1-и ноҳияҳои Нарпай ва Каттақӯрғон, ҷойи дуввум ба политехникумҳои рақами 1 ва 2-и ноҳияи Тайлоқ, ҷойи сеюм ба политехникумҳои рақами 1-и ноҳияҳои Пахтачӣ ва Иштихон насиб гардид.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Садорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои вилоят супурда шуданд.