Ovozi.uz

Дархости намояндаи халқфикри интихобкунандаро ифода мекунад

Рӯзи 21‑уми феврали соли равон сессияи ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят — сардори Садорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо О.Ҳамроевро роҷеъ ба иҷрои Қарори Сарвари давлати мо аз 29‑уми ноябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои боз ҳам инкишоф додани муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, беҳдошти дараҷаи зиндагии аҳолӣ» шуниданд.
Қайд гардид, ки бо қарори мазкур ба маҷмӯа (комплекс)-и таҳти роҳбарии О.Ҳамроев, иҷрои 18 масъала супурда шуда буд, ки барои вилоят аҳамияти муҳим дорад. Аз онҳо 6‑тоаш аллакай иҷро шудаанд, аз рӯи дигар масъалаҳо корҳо идома доранд.
Аз ҷумла, дар соли равон амалӣ наму­дани 129 лоиҳаи минтақавии сармоягузорӣ ва ба воситаи ҷалби сармоягузорӣ ва кредитҳои хориҷӣ ба миқдори 1,8 миллиард доллар, содироти 850 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.
Ташаббускорони лоиҳа, бонкҳои тиҷоратӣ ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо нақшаҳои соҳавии роҳандозии лоиҳаҳоро барои ҳар чоряк таҳия ва тасдиқ кардаанд. Ҳоло нақшаҳои ҳаррӯзаи соҳавии ин лоиҳаҳо низ таҳия карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар вилоят штаби минтақавӣ роҷеъ ба кор бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳайати 21 нафар шахс ташкил карда шуд. Дар моҳи январ аз рӯи 33 лоиҳа ба ҳаҷми 101 миллион доллар сармоягузорӣ ва кредитҳои хориҷӣ азхуд гардиданд. Барои иҷрои нақшаи содиротӣ боз 100 муассисаи нав ҷалб карда мешаванд, ба ҷои бозорҳои анъанавӣ ҳаҷми содирот ба мамлакатҳои Германия, Франсия, Италия ва Британияи Кабир меафзояд.
Сипас, ҷонишини аввали сардори Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б.Мирзоев дар бораи иҷрои буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2024 ҳисобот дод.
Мувофиқи ҳисобот, дар соли гузашта нақшаи пешбинишудаи даромади умумии буҷети маҳаллии вилоят ба 5 триллиону 278,7 миллиард сӯм (103 дарсад) иҷро гардидааст. Хароҷот ба миқдори 102,6 дарсад иҷро шуда, 7 триллиону 769,3 миллиард сӯмро ташкил кард.
Хусусан, ба соҳаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4 триллиону 977,5 миллиард сӯм маблағгузорӣ шудааст.
Мувофиқи рӯзномаи сессия, ҳисоботи сардори Садорати вилоятии Бюрои иҷрои ҳатмӣ (БИҲ) С.Ҷабборов роҷеъ ба фаъолияти садорат дар соли гузашта шунида шуд.
— Дар соли 2024 идораҳои садорати БИҲ аз рӯи 1 миллиону 217 ҳазор ҳуҷҷатҳои иҷрои 11,5 триллион сӯмина чорабиниҳо амалӣ намуда, нисбати 785 ҳазору 575 ҳуҷҷати иҷрои 8,5 триллион сӯмина қарорҳои ниҳоӣ қабул карданд, — гуфт С.Ҷабборов. — Ҳар яки 235 нафар иҷрокунандаи давлатӣ дар маҷмӯи садорат ба ҳисоби миёна дар як моҳ 279 ҳуҷҷатро баррасӣ ва анҷом додааст. Баробари ҳамин, дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-­ҳуқуқӣ қайд гардидааст, ки ҳар як иҷрокунандаи давлатӣ (судӣ) метавонад дар як моҳ ба ҳисоби миёна 18,9 қарори судро иҷро кунад.
Дар ҳисобот инчунин, ахбори васеъ роҷеъ ба ҳолатҳое, ки бо ситондани қарздорӣ аз андоз, алимент, кредит ва хизматҳои коммуналӣ вобастаанд, муаммоҳои ба миён омада қайд карда шуданд ва намояндагони халқ роҷеъ ба бартараф намудани онҳо пешниҳоду тавсияҳои худро доданд.
Намояндагони халқ барои маълумот қабул намуданд, ки ба асоси Қарори Сарвари давлати мо аз 29‑уми ноябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои боз ҳам инкишоф додани муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, беҳдошти дараҷаи зиндагии аҳолӣ» дар 234,3 гектар замини қаламрави маҳаллаи «Чимбойобод»-и ноҳияи Пастдарғам, ки ба минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» бо ҳуқуқи истифодаи умумӣ дода шудааст, минтақаи махсуси саноатии «Пастдарғам» ташкил ва сарнақшаи минтақаи махсуси саноатӣ тасдиқ гардид.
Бар асоси рӯзномаи сессия масъалаи кӯмак ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи раисони ҷамъомадҳои шаҳрвандон баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур сардори садорати вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон Ш.Юлдошев сухан гуфт.
— Мувофиқи тағйиротҳои охирине, ки ба қонунҳои мо барои боз ҳам такмил додани ташкил ва тартиби интихоботи раисони маҳаллаҳо ворид кардаанд, акнун муддати ваколати раиси ҷамъомади шаҳрвандон аз 3 ба 5 сол дароз карда шуд, — гуфт Ш.Юлдошев.
Агар қаблан ташкил ва гузарондани интихоботи раиси маҳаллаҳоро комиссияи ҷумҳурӣ, ки Шӯрои Сенати Олий Маҷлис тасдиқ мекард, амалӣ кунад, акнун ин ваколатро Ҷӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд роҳандозӣ мекунанд. Яъне муддатҳои гузарондани интихоботи раиси ҷамъомади шаҳрвандонро Ҷӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва Шӯрои намояндагони халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд камаш ду моҳ пеш аз оғози интихобот муайян мекунанд.
Бар асоси тартиби нав Шӯрои намояндагони халқи вилоят қарор қабул кард, ки интихоботи навбатии раисони ҷамъомадҳои шаҳрвандон дар моҳҳои май-июни соли 2025 гузаронда шавад.
Бо қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо роҷеъ ба ташкил ва гузарондани интихоботи раисони ҷамъомадҳои шаҳрвандон, инчунин, ҳайати комиссияи аз 25 нафар иборати ба ташкил ва гузарондани интихобот кӯмаккунанда бо сарварии раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят тасдиқ карда шуданд.
Дар сессия, инчунин як қатор масъалаҳое, ки бо ташкили гурӯҳи экспертӣ дар назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят, тасдиқи тартиби фиристодани дархости депутатӣ аз ҷониби депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят, тасдиқи тартиби шунидани ҳисобот ва ахбори шахсони мансабдори идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дар сессияҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва фаъолияти он вобастаанд, баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
— Вақтҳои охир дар фаъолияти баъзе роҳбарони вилоят нисбати масъалаҳои бо Шӯро, дархости депутатӣ вобаста ба беэътиборӣ роҳ дода мешавад, ба дархост муносибати рӯякӣ мушоҳида карда мешавад, — гуфт раиси Шӯрои вилоят Ш.Негматов. — Ҳол он ки барои чунин ҳолатҳо дар қонунгузорӣ чораҳои ҷавобгарӣ муайян шудааст. Барои ба ҳамон дараҷа нарасидан, аз роҳбарон хоҳиш мекунем, ки ба ҳар як дархост дар доираи тартиби муайяншуда ва саривақт посух диҳанд. Фаромӯш накунед, ки намояндаи халқ барои худаш не, барои манфиатҳои интихобкунандагоне, ки ӯро интихоб намудаанд, бар асоси пешниҳод ва муроҷиатҳои онҳо дархост мефиристонад.
Инчунин, дар сессия қарор роҷеъ ба таъмини иҷрои Қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14‑уми январи соли 2025 «Дар бораи чорабиниҳо оиди боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкории депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ бо «ҳафтгона»-и маҳалла дар рушди мавзеъҳо ва ҳалли муаммоҳои аҳолӣ», пешниҳодҳо роҷеъ ба лоиҳаҳои драйверӣ, ки дар соҳаҳои саноат, хизматрасонӣ ва хоҷагии қишлоқ бар асоси «Таҷрибаи Зарбдор» дар вилоят амалӣ карда мешаванд ва масъалаҳои дигар баррасӣ гардида, қарор қабул карда шуд.