Ovozi.uz

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар бораи муқаррар кардани рӯзҳои ғайрикории иловагӣ дар давраи таҷлили Соли нав ва кӯчондани рӯзи истироҳат

Бо мақсади фароҳам овардани шароити иловагӣ барои истироҳати пурраи шаҳрвандон дар давраи таҷлили иди Соли нав ва таъмини истифодаи самараноки рӯзҳои истироҳат ва ҷашн:

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22‑юми декабри соли 2023 «Дар бораи муқаррар намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи таҷлили санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2024» таҳти рақами ФП‑213 ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар гардидани рӯзҳои 30–31‑уми декабри соли 2024 барои маълумот қабул карда шавад.

Дар соли 2025 барои кормандоне, ки ҳафтаи кории панҷрӯза доранд, рӯзи истироҳат аз 4‑уми январ — шанбе ба 2‑юми январ — панҷшанбе кӯчонида шавад, инчунин, барои кормандоне, ки ҳафтаи кории шашрӯза доранд, 2‑юми январ — панҷшанбе чун рӯзи истироҳатии иловагӣ муқаррар карда шавад.

Ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон тавсия карда мешавад:

— дар байни ҷамоаҳои меҳнатӣ оид ба мақсад, мазмуну моҳияти ин қарор корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил намояд;

— кори ташкилотҳои иттифоқҳои касабаро бобати дар рӯзҳои истироҳатии барои иди Соли нав муқарраргардида бофароғат истироҳат кардани коргарон ва аъзоёни оилаи онҳо фаъол созад.

Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон якҷоя бо Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон хабардор кардани доираи васеи аҳолиро тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, шабакаи ҷаҳонии иттилоотии Интернет роҷеъ ба чорабиниҳое, ки дар рӯзҳои истироҳатии барои иди Соли нав муқарраргардида гузаронида мешаванд, таъмин намоянд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,

24‑уми декабри соли 2024.