Ovozi.uz

Мақсад — муттаҳид кардани одамон дар роҳи равнақи диёр

Конференсияи навбатии шӯрои вилоятии Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он роҷеъ ба фаъолияти панҷсола, ки ба анҷом мерасад, ҳисобот дода шуд. Инчунин, масъалаи иштироки муносиб дар интихоботҳое, ки рӯзи 27‑уми октябр ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор мешаванд, баррасӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки ҳоло эътибор ба муттаҳид намудани шахсоне, ки дар атрофи ғоя ва мақсадҳои ҳизб фаъол буда, қисмати худро бо тараққиёт ва равнақи диёрамон ягона ҳисоб мекунанд, дар ин самт салоҳият, дониш ва майли худро барои корҳои неки мазкур равона мекунанд, нигаронида мешаванд.
Бинобар ин, ҳизб ба сифати ташкилоти умумимиллии сиёсӣ вакилони соҳа ва сохторҳои гуногунро дар сафҳои худ боз ҳам бештар муттаҳид мекунад. Дар натиҷаи чунин фаъолияти босамар шумори ташкилотҳои ибтидоии ҳизб низ ба дараҷаи назаррас меафзояд.
Агар дар ҳолати 1‑уми январи соли 2019 ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар шӯрои вилоятӣ 1236‑то ва шумораи узвҳои ҳизб 100 ҳазору 865 нафарро ташкил мекарданд.
Ҳоло ташкилотҳои ибтидоӣ 1450‑то ва шумораи аъзои ҳизб беш аз 155 ҳазор нафарро ташкил мекунанд.
Гурӯҳҳои депутатии ҳизб дар давоми даври гузашта бо роҳбарии ташкилот ва идораҳои дахлдор 5 ҳазору 419‑то дархости депутатӣ фиристодаанд, бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизб беш аз 200‑то масъала тайёр карда шуда, дар гурӯҳҳои депутатӣ шунидани онҳо ташкил гардид. 661 маротиба ҳисоботи шахсони соҳибвазифа шунида шуд. Беш аз 100‑то масъаларо дар сессияҳои шӯрои вилоят баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Шӯрои вилоятии ҳизб дар солҳои 2019–2024 наздик ба 20 ҳазор сӯҳбатҳои мизи мудаввар, вохӯриҳо, муҳокимаи лоиҳаҳои ҳизбӣ, назорати ҷамоатӣ ва чорабиниҳои оммавӣ ташкил карда, дар чорабиниҳои мазкур беш аз 1 миллион вакилони электорат, соҳибкор ва фермерон, ҷавонон, зан ва духтарон, соҳибони мулки зеҳнӣ (интеллектуалӣ), инчунин фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Баъди сарҳисоби мазкур намояндаҳои вилояти мо ба Конгресси I ҳизб интихоб гардиданд. Роҷеъ ба вазифаҳои муташаккилона гузарондани интихобот ба Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ баррасӣ инчунин дидани тайёрии хуб ба ҷараёни сиёсии мазкур муайян карда шуд.
Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов иштирок кард.

Хизмати матбуоти
Шӯрои вилоятии ҲЛДӮз.