Ovozi.uz

ДАР БОРАИ РАҒБАТНОКСОЗИИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Бо мақсади дар мамлакат ба сифати иди умумихалқӣ васеъ ҷашн гирифтани 9‑уми май — Рӯзи хотира ва қадршиносӣ, инчунин, абадӣ гардонидани хотираи гузаштагоне, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фавтидаанд, гиромидошти собиқадороне, ки имрӯз ҳам дар сафи мо истода, барои баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватан ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон саҳм мегузоранд, ҳамчунин рағбатноксозии моддии иштирокдорон ва ногироҳои ҷанг ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

  1. Мукофотпулии якдафъаина ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар миқдори 20000000 (бист миллион) сӯм муқаррар карда шавад.
  2. Хараҷоте, ки бо татбиқи Фармони мазкур алоқаманданд, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта шавад.
  3. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Хидмати бехатарии давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати иқтисодиёт ва молия, Вазорати маданият, Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Бунёди дастгирии фаъолияти иҷтимоии собиқадорони «Нуронӣ»-и Ӯзбекистон супурда шавад, ки ин мукофотпулиро ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вазъияти тантанавор ва идона супоранд.
  4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
7‑уми майи соли 2024.