Ovozi.uz

Қадри инсон — баланд, хотира — муқаддас

Имрӯзҳо ходимони ташкилоти ба мудофиа кӯмакрасони Ҷумҳурии Ӯзбекистон — «Ватанпарвар» бо мақсади дар мамлакат васеъ қайд кардани Рӯзи хотира ва қадршиносӣ, абадӣ сохтани хотираи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки дар Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд ва дар солҳои истиқлолият ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ фавтидаанд, ҳамчунин эҳтиром зоҳир намудан ба тамоми собиқадорон ба амалҳои неку савоб даст мезананд.
Аз ҷумла, ходимони ташкилот ва собиқадорони Нерӯҳои Мусаллаҳ бо сарварии раиси шӯрои ташкилот дар вилояти Самарқанд Беҳзод Раҳимов аз рӯзгори Колмогоров Михаил Васил­евич, сокини маҳаллаи Боғи Темури шаҳри Самарқанд, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хабар гирифтанд.
М. Колмогоров, ки дар фронт ба ҳайси оператори радио хидмат намудааст, хотираҳои ҳам шавқовару ҳам ғамгини худро ба меҳмонон ҳикоя кард.
Дар давоми вохӯрӣ собиқадори ҷанг таъкид намуд, ки сулҳ неъмати бебаҳо ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст.
Сипас, ходимони ташкилоти «Ватанпарвар» ва собиқадорон ба мактаби таълими умумии рақами 13‑и ноҳияи Нуробод рафта, дар назди нимпайкараи хидматчии ҳарбӣ, шодравон Исматуллоҳ Хӯҷаев эҳтиром нишон доданд. Баъд аз чорабинӣ аз ҳоли оилаи ӯ низ хабар гирифтанд.
Воқеан, ҳамватаноне, ки дар роҳи муҳофизати Ватанамон ва истиқлоли он ҷони худро фидо намудаанд, дар хотираҳои мардум ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард. Роҳи ҳаёти онҳо барои насли наврас ҳамеша намуна ва ибрат мебошад.