Ovozi.uz

Анҷумани байналмилалӣ бахшида ба солгарди олими қомусӣ

Рӯзҳои 10–11‑уми октябр дар шаҳри Самарқанд анҷумани байналмилалӣ таҳти унвони «Мирзо Улуғбек — олими бузурги қомусӣ ва арбоби маъруфи давлатӣ» баргузор гардид.
Тибқи қарори Сарвари давлатамон аз 12‑уми сентябри соли ҷорӣ, дар кишварамон 630‑солагии таваллуди олими бузурги қомусӣ ва арбоби маъруфи давлатӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Бо мақсади иҷрои ин қарор, иштирокчиёни анҷумани мазкур, ки аз ҷониби Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо, Академияи фанҳои Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Самарқанд ташкил гардидааст, нахуст ба расадхонаи Мирзо Улуғбек рафта, ба пои муҷассамаи алломаи бузургамон гул гузоштанд.
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов маросими кушодашавии анҷуман баргузор гардид. Дар он намояндагони даҳ кишвари хориҷӣ иштирок доранд.
Ноиби президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон Б.Абдуҳалимов, ҷонишини якуми вазири таълим, фан ва инноватсияҳо О.Маҳкамов, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Р.Холмуродов ва дигарон таъкид намуданд, ки дар Самарқанд ва дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд гузаронида шудани ин анҷуман маънои рамзии амиқ дорад.
— Дар таърихи инсоният олимони кашфиётҳои бисёр карда ва ба тағйиротҳои тарзи зиндагонии мардум ҳиссагузошта хеле зиёданд, вале ҳамаи онҳо ҳам ба дараҷаи нобиға нарасидаанд, — гуфт директори Институти астрономияи Академияи фанҳои Ӯзбекистон, академик Шуҳрат Эгамбердиев. — Бобои мо ситорашиноси бузурги мо Мирзо Улуғбек яке аз олимонест, ки аҳли илм ҳамчун нобиға эътироф кардаанд ва мо бояд аз ин ифтихор кунем. Аз ин рӯ, дар анҷумани байналмилалии имрӯза як қатор созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, ситорашиносони маъруф ширкат доранд. Мо мехоҳем дар ин анҷуман масъалаи сарпарастӣ дар астрономияи Шарқро матраҳ кунем. Зеро тамоми олимони бузурги мо, ки дар асрҳои миёна умр ба сар бурда, хидматҳои онҳо дар рушди илми ҷаҳон эътироф гардидаанд, аз ҷониби ҳокимон ва заминдорони калон барои машғул шудан ба тадқиқоти илмӣ сарпарастӣ карда шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи анҷуман роҳбари Ассотсиатсияи омӯзиши таърих ва санъати Темуриён дар Фаронса хонум Федерик Брессан ба таври онлайнӣ ширкат варзида, дар бораи кор ва нақшаҳои ояндаи ассотсиатсия ҳарф зад.
Саҳначаҳо аз намоишномаи «Мирзо Улуғбек», ки бо ҳамкории ҳунармандони театрҳои Фаронса ва Ӯзбекистон бо ташаббуси ин иттиҳодия офарида шудаанд, намоиш дода шуданд.
Сипас, рӯнамоии нашрҳои нави асарҳои «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ ва «Таърихи чаҳор улус-и мунаҷҷими бузург, ки ба муносибати 630‑солагии ӯ бо чанд забон ба табъ расидаанд, доир гардид.
Анҷуман дар бахшҳои «Сарпарастӣ ва сарпарастон дар астрономияи Шарқ», «Ҳаёти маънавӣ ва илмӣ дар замони Мирзо Улуғбек» идома ёфт. Дар барномаи ин сессияҳо ба масъалаҳои саҳми Мирзо Улуғбек дар рушди илми астрономия, натиҷаҳои пажӯҳишҳои охирин оид ба осори ӯ ва ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.
Анҷумани байналмилалӣ рӯзи 11‑уми октябр низ идома ёфт.

Ҳасан СОДИҚОВ.