Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев дар вилоятамон бо омодагӣ ба интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо шинос шуд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот аввал бо аъзои қитъаи интихоботии 73‑и шаҳри Самарқанд ва шароитҳое, ки дар ин ҷо барои интихобкунандагон фароҳам оварда мешаванд, аз назар гузаронд ва бо аъзои комиссия сӯҳбат кард.
Дар қитъаи интихоботии мазкур, ки 1073 нафар интихобкунандагон овоз медиҳанд, дар айни ҳол корҳои омодагӣ ба интихобот амалӣ мешаванд. Дар ин ҷо маълумотҳо роҷеъ ба интихобот, тарҷумаи ҳоли номзадҳо ба депутатӣ ва барномаҳои онҳо гузошта шудаанд. Таҷҳизоти заруриро овардаанд.
Сипас, З.Низомхоҷаев дар семинаре иштирок кард, ки барои аъзои комиссияҳои қитъаҳои интихоботии шаҳри Самарқанд ташкил гардидааст. Вай ба иштирокчиёни семинари таълимӣ роҷеъ ба хусусиятҳои ба худ хоси интихоботи имсола ҳарф зад. Қайд кард, ки ваколатҳои парламентаризми қавӣ ва органҳои маҳаллии намояндагӣ дар Сарқонуни навшудаамон мустаҳкам гардида, ба таври назаррас пурқувват карда шудааст. Инчунин, вай бо фаъолияти комиссияи вилоятии интихобот шинос шуда, бо аъзои он мулоқот намуд.
Дар давоми сӯҳбат таъкид карда шуд, ки маъракаи интихобот ба марҳилаи ҳалкунанда ворид мешавад. Роҷеъ ба бар асоси талабҳои дар қонунмандӣ пешбинишудаи ташкил кардани ҷараёнҳои овоздиҳии пеш аз муддат, ки 16‑уми октябр оғоз мешавад ва гузаронидани он, эълон кардани рӯйхати интихобкунандагон ва масъалаҳои дигар табодули афкор карда шуд.
Аъзои комиссияи вилоятии интихобот бо назардошти ҷараёни маъракаи интихобот таклиф ва мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Маркази матбуоти Комиссияи вилоятии интихобот.
