барои таъмини қадри инсон хидмат мекунад
Рӯзи 20‑уми феврали соли равон бо сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба вазифаҳои муҳими соҳаи иҷтимоӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Маълум аст, ки 1‑уми июни соли 2023 фармон дар бораи хидматрасонии сифатноки иҷтимоӣ ва кӯмак ба аҳолӣ қабул гардида, инчунин Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон дода шуда буд.
Таҳлили амиқи таҷрибаи беш аз 10 мамлакат бо ҷалби коршиносони баландихтисос нишон дод, ки низоми мавҷудаи ҳимояи иҷтимоӣ бояд такмил дода шавад. Чунки он дар 30 соли охир ҷиддан тағйир дода нашудааст ва бо тақсим намудани маблағи давлат маҳдуд гаштааст. Ин ба вазъияте оварда расонд, ки қисми аҳолӣ ба кӯмак одат карда, барои беҳсозии вазъияташ кӯшиш накарданд.
Барои мисол, далелҳои бетанаффус пардохтани кӯмакпулӣ ба шахсони қобили меҳнат ифшо гаштаанд. Ба реабилитатсияи тиббӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба касбомӯзии ногироҳо эътибори бояду шояд дода намешуд.
Президент аҳамияти қатъиян таҷдиди назар намудани системаро таъкид карда, эътиборро ба тақсимоти мақсаднок ва босамари мадади иҷтимоӣ нигаронд.
— Дар ин соҳа ба таври тартиби умумӣ кор кардан мумкин нест. Ба ҳар як кас ба таври алоҳида, ба тақдири ҳар як оила ва одам ба таври касбӣ бояд бархурд намуд. Агар хидмати иҷтимоӣ дуруст ташкил карда шавад, шаҳрвандони мӯҳтоҷ ҷойи худро дар ҷамъият ба осонӣ ишғол менамоянд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад самтҳои бартариноки корро муайян карда, ба рушди хидмати иҷтимоӣ ва дастгирӣ дар дараҷаи маҳалла эътибори алоҳида нигаронданд. Баланд бардоштани шаффофият ва дақиқ омӯхтани эҳтиёҷи аҳолӣ имкон дод, ки рӯйхати мададгирандагон аз нав баррасӣ карда шуда, аз он шахсонеро хориҷ намоянд, ки даромади суботнок доранд, ҳамзамон барои ду ҳазор одамони дасттанҳо ва ба парасторӣ эҳтиёҷманд ғамхорӣ зоҳир гардид.
Сарфи назар аз 250 хидмати иҷтимоӣ, ки аҳолӣ дар ин хусус маълумоти кофӣ надорад.
Бинобар ин аз 1-уми июн ба тартиби муайян намудани шахсони ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд тағйирот дохил карда мешавад. Маҳакҳои дақиқи тоифаҳои эҳтиёҷмандон таҳия ва муайян карда мешавад, ки барои оила чӣ гуна кӯмак зарур аст.
Роҳандозии пурсиши ягона ба намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳамкорӣ бо аҳолӣ имконот ва мушкилоти онҳо муайян карда мешавад, ки ин барои ба вуҷуд овардани «портрети иҷтимоӣ»-и ҳар як оила имконият медиҳад. Мониторинги тағйироти оила, ки пас аз мададрасонӣ ба вуқӯъ пайвастааст, амалӣ мешавад.
Сухан на дар бораи кам кардани таъминоти молиявӣ, балки дар бораи имдод ба шахсон, ки воқеан ба он эҳтиёҷ доранд, ба пайвастани онҳо ба ҷамъият меравад, таъкид шуд дар ҷамъомад.
Тамоми хидмати иҷтимоӣ дар маҳалла зина ба зина ба ташаккул додани шартномаи хидматҳои иҷтимоӣ гузаронда мешавад. Дар ин сурат хидматрасон ва ҳам гирандаи кӯмак ӯҳдадориҳои муайянро ба зиммаи худ мегиранд.
Ба рӯйхати кӯмакгирандагон дар навбати аввал оилаҳои шахсони ногироидошта, аз парастории волидайн маҳрум, парасторро аз даст дода ва ҳамчунин онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ё худ дигар сабабҳо муддати зиёд боз қобилияти меҳнатиро аз даст доданд, дохил карда мешаванд. Зимни дохил намудани дигар шаҳрвандон ба «руйхати иҷтимоӣ» натанҳо даромади онҳо, хароҷоташонро низ ба ҳисоб мегиранд.
Аз 1-уми октябр ҳама гуна пардохтҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ аз тариқи «харитаи иҷтимоӣ» ба амал оварда мешавад. Соли оянда дар 40 ноҳия марказҳои бисёрвазифаи хидмати иҷтимоӣ барои офият (реабилитатсия), солимгардонӣ ва омӯзиши нигоҳубини шахсони ногироидошта роҳандозӣ мегардад.
Дар ҷамъомад ба дастгирии шахсони ногироидошта эътибор нигаронда шуд.
Ӯзбекистон соли 2021 ба Конвенсияи ҳуқуқи ногироён ҳамроҳ шуд. Ба корхона ва ташкилотҳое, ки чунин шахсонро ба кор ҷалб мекунанд, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ мегардад.
Аммо бисёр муассиса, кӯча ва истгоҳҳо барои ҳаракати шахсони имконияташон маҳдуд мутобиқ карда нашудаанд. Бинобар дар мактаб ва коллеҷҳо вуҷуд надоштани шароит падару модарон маҷбуранд, ки фарзандони ногироидоштаашонро дар интернатҳои дурдаст ҷойгир намоянд, ки ин барои оила ва кӯдак хеле мушкил аст.
Аз ин рӯ, минбаъд низоми миллии ягонаи таълим, бо кор таъмин намудан ва ҷалб намудани ногироён ба варзиш ба вуҷуд оварда мешавад. Барои ба вуҷуд овардани муҳити бемамониати таълим ва меҳнати ногироён амалиёти муайян намудани дараҷаи қобилияти меҳнатиро қатъ мекунанд. Ногироӣ на аз рӯи беморӣ, балки бо назардошти иқтидори шахс, алоқа ва иштирокаш дар ҳаёти иҷтимоӣ муқаррар мешавад.
Дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳо шӯъбаҳои офияти тиббӣ ташкил карда мешаванд. Номгӯйи воситаҳои протез аз 18 то 30 намуд буда, чунин воситаҳоро дар хона, ба тариқи онлайн ё аз тариқи маркази «Инсон» бо интихоби истеҳсолгари дилхоҳ ба даст овардан мумкин аст.
Лоиҳаҳои сохтмони бино ва иншоот ҳатман аз назари коршиносон бо назардошти вуҷуд доштани муҳити мусоид барои ногироён гузаронда мешавад. Барои ба вуҷуд овардани муҳити бемамониат дар нақлиёти ҷамоатӣ, дар истгоҳ ва чорроҳаҳо чорабиниҳо андешида мешавад.
Соҳибкороне, ки 50 фоизи кормандонашонро ногироён ташкил менамоянд, имкониятеро соҳиб мегарданд, ки бо фармоишгарони давлатӣ бевосита қарордод имзо намоянд. Чор мактаби махсус ба соҳаҳои саноат вобаста карда мешаванд. Маҳсулоте, ки шахсони ногироидошта дар доираи хонакорӣ ва ҳунармандӣ истеҳсол мекунанд, аз тариқи заминаи электронӣ фурӯхта мешаванд.
Ба вуҷуд овардани Ассотсиатсияи рушди варзиши шахсони ногироидошта муайян карда шуда, онҳо аз маҳалла сар карда ба варзиши оммавӣ ҷалб карда мешаванд. Аҳамияти ба вуҷуд овардани асарҳои бадеӣ, ки шахсони ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷмандро илҳом ва рағбат мебахшад, таъкид гардид.
Инчунин, вазифаҳои тарбияи кӯдаконе, ки бе ғамхории волидайн мондаанд, муайян карда шуданд.
Аз ин пас, бо масъалаҳои парасторӣ ва шафоат, инчунин корҳои бачагоне, ки бе ғамхории падару модар мондаанд, ходимони иҷтимоӣ дар дараҷаи маҳалла машғул мегарданд. Барои ин фаъолияти комиссияҳои тобеи ҳокимиятҳоро оид ба парасторӣ ва шафоат бекор карда, аз 1‑уми август ваколати онҳо ба марказҳои «Инсон» гузаронда мешавад.
Инчунин, Низоми кӯмак ба ҷавононе, ки аз парастории волидайн маҳрум гаштаанд, тағйир меёбад. Минбаъд дастгирӣ дар доираи барномаи «Раҳнамоии ҷавонон» ба чунин ҷавонони то 23‑сола зоҳир карда мешавад.
Марказҳои мадади иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба ноболиғон дар низоми Вазорати корҳои дохилӣ бударо ба «Мактаби ҳаёт» табдил медиҳанд. Онҳо муассисаҳои маҷмӯӣ мегарданд, ки барои мутобиқати иҷтимоии кӯдакони тарбияашон мушкил мадад мерасонанд.
Инчунин, низоми пешниҳоди манзил ба ятимон ва кӯдакони бепарастор аз нав баррасӣ мешавад. Марказҳои «Инсон» руйхати ҷавононеро, ки воқеан ба манзил эҳтиёҷ доранд, тартиб медиҳанд. Қимати манзили пешниҳодгарданда вобаста ба арзиши бозорӣ бо назардошти махсусияти минтақа муайян мешавад.
Ба шахсони масъул дар бобати таъмини кӯдакони ятим бо манзил, ки дар навбат ҳастанд, супориш дода шуд.
Таъкид гардид, ки на ҳамаи занон ва кӯдаконе, ки аз зӯроварӣ зарар дидаанд, бо реабилитатсия фаро гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, дар сатҳи маҳалла низоми алоҳида ташкил мешавад. Барои дастгирии модарони ҷавон дар вазъҳои мураккаб ва бартарафсозии ятимии иҷтимоӣ хидмати «Хонаи модарон» ба вуҷуд оварда мешавад. Ғайр аз ин, дар беморхонаҳои ноҳиявӣ хонаҳои шабонарӯзӣ барои мадади тиббӣ ва психологӣ ба шахсони аз зӯроварӣ зарардида кушода мешаванд.
Дар ҷамъомад Сарвазир, шахсони масъул ва ҳокимон дар бораи нақшаҳояшон бобати ташкили низоми нави кор гузориш доданд.
— Агар мо хоҳем, ки дар ҷамъиятамон адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром ба қадри инсонро таъмин кунем, бояд дар маҳалҳо низоми нави босамарро ба роҳ монем, ниёзмандонро дастгирӣ ва ҳавасманд намоем, — гуфт Президент.
ӮзА.
