Ovozi.uz

«Мақсади асосии мо — бунёди ҷамъиятест, ки ба суннатҳои милливу умумиинсонӣ ҳамоҳанг мебошад!»

Таълим ва тарбия — пояи тараққиёти миллӣ
Ислоҳоте, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Ӯзбекистони Нав татбиқ мегарданд, барои мувофиқи талаботи замон инкишоф ёфтани низоми таълим низ имкон фароҳам меоваранд.
Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократии «Миллиӣ тикланиш», ки барои солҳои 2025–2029 пешбинӣ шудааст, тарбияи авлоди баркамол, ба амал баровардани салоҳияти зеҳнии ҷавонон, онҳоро ба сифати шахсоне, ки ба талаби замон ҷавобгӯ бошанд, тарбия кардан барин чораву тадбирҳои зарурӣ муайян карда шудаанд.
Ба хусус, дар барнома таҳти шиори «Таълим ва тарбия — пояи тараққиёти миллӣ» мизонҳои муҳимтарини ба ҳаёт ва камолоти насли наврас, фарзандоне, ки ояндаи мамлакатамон мебошанд, пеш аз ҳама, ҳанӯз аз таълими томактабӣ афзун сохтани ақлу идорк ва зеҳни онҳо, вазифаҳои муҳиме, ки ба таълими томактабӣ ва мактабӣ вобаста мебошанд, ҳаллу фасли масъала ва муаммоҳои рӯзмарра муҷҷассам гардидаанд.
Самти баъд аз он ин таълими пас аз маълумоти олӣ ҳамчунин таълими касбӣ ба ҳисоб меравад. Ба мақсади беш аз пеш такмил додани соҳаи мазкур чораҳои таҷдиди назар намудани низоми тайёр кардани кадрҳои миллии илмӣ, бекор кардани талабҳои бюрократӣ, ислоҳ сохтани Комиссияи олии аттестатсионӣ, васеъ намудани пойгоҳи маълумотҳо ба забони ӯзбекӣ, ҳар сол ба забони давлатӣ тарҷума кардани ҳазор адад адабиёти илмии ба забони хориҷӣ нашршударо меандешем.
Чораҳои таъмин кардани тараққиёти маънавӣ ва ба зинаи нав бардоштани соҳаи маданиро ба роҳ мемонем
Ҳизби демократии «Миллиӣ тикланиш», ҳарчанд ғоя ва ташаббусҳои истиқболнокро дастгирӣ мекунад, дар масъалаи миллӣ, урфу одат, анъана ва суннатҳои ҳамчун ҷонибдори ғояҳои консервативӣ боқӣ мемонад. Аз ин нуқтаи назар дар барномаи нави пешазнитихоботии ҳизб таҳти шиори «Тараққиёт бо такя ба суннатҳо» ба мақсади инкишоф додани маданият ва маънавияти миллӣ баробари эътибори алоҳида ба ҳифз ва ғанӣ гардонидани суннатҳо, ҳифзи мероси маданӣ, истифода аз он, фароҳам овардани асосҳои ташкиливу ҳуқуқии вайро ба сифати вазифаи умдаи хеш муайян менамояд. Ҳамчунин ҳизб барои ҳифзи обрӯ ва нуфузи забони ӯзбекӣ, ба боло бардоштани мақоми забони давлатӣ ва васеъ тарғибу ташвиқ намудани он эътибори махсус медиҳад.
Ҳизб дар доираи самти мазкур баробари диққату эътибори алоҳида ба ҳифз кардани мероси маданӣ, истифодаи эҳтиёткорона аз он масъалаҳои ба насли оянда расонда додани вай, ташаббуси ба тартиб овардани низоми ба иҷора додани иншооти мероси маданиро пеш мегузорад. Ҳизб ҳамчунин дар ҳама гуна шароит бидуни муросо ҳимоя кардани манфиатҳои миллиро аз ҳисоби маданияти барои ҷамъияти мо бегона не, балки дар пояи урфу одат, анъана ва суннатҳо инкишоф додани онро пеш мегузорад, дар барномаи пешазинтихоботии худ ба самти баланд бардоштани маънавият ва инкишоф додани маданият, ба масъалаи пурзӯр кардани ҷавобгарӣ нисбати вайрон кардани қонунгузории «Дар бораи забони давлатӣ» эътибори махсус хоҳад дод.
Оиларо мустаҳкам мекунем, ба занон ва ҷавонон шароитҳои муносиб фароҳам меоварем
Барои мо «Оила — қалъаи муқаддас» аст. Аз ҷониби давлат муҳофиза шудани ҳувиятҳои модарӣ, падарӣ ва фарзандӣ, эътироф гардидани баробарҳуқуқии занон ва мардон, ба онҳо пешниҳод гардидани ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар дар тамоми соҳаҳои идораи ҷамъият ба давлат ба мақсадҳои асосии ҳизб ҳамоҳанг мебошанд. Бо дарназардошти ин ҳизб мардонро ба сифати муҳофизи шаъну шарафи оила — барои пешгирӣ кардан аз оила ва тарбияи фарзанд дуршавии онҳо ҳамчун ҷашн ҷорӣ намудани Рӯзи иҷтимоиву сиёсии «Оталар куни» («Рӯзи падарон»)-ро таклиф менамояд.
Дар мардуми мо тӯли асрҳо ҳурмату эътироф нисбати бонувон аз ҷумлаи суннатҳои олӣ дониста шудааст. Дар байни халқ мақоли «Зан бо як даст гаҳвора, бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад» мавҷуд аст.
Мо дар тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаи худ беш аз пеш зиёд кардани фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии бонувонро дастгирӣ мекунем. Дар ин бобат мо дар ҷомеаҳо барои таъмин кардани баробарии гендерӣ, инкишоф додани таълими он, ҷорӣ намудани соати кори мувофиқ, барои дар оила фурсати зиёди худро гузаронидани модарон шароит фароҳам овардан ва барои фарзандони модарони дунишҷӯ дар назди муассисҳои таълими олӣ хонаҳои махсуси бачагон ё худ боғчаҳо ташкил карданро пеш мегузорем.
Имкониятҳое, ки алҳол барои ҷавонон фароҳам оварда мешаванд, барои беш аз пеш мустаҳкам гардидани эҳсосоти ватанпарварӣ, инсонпарварӣ ва кушодадилӣ низ хидмат мекунанд.
Ҳизб бо дарназардошти ҳамаи инҳо таҳти шиори «Миллатпарвари ҷавон» барои ваҳдати ҷавонон, дар рӯҳи садоқат ба ҳувиятҳои милливу умумиинсонӣ тарбия кардану дар қалби онҳо эҳсоси фарзанди ҳамин кишвар, ҳамчунин вориси таърих ва маданияти ғановатманди ин таърих буданро ташаккул медиҳад ва тарафдори ин ҷараён аст.
Иқтисодиёти миллӣ ва сайёҳиро инкишоф медиҳем
Инкишоф додани иқтисодиёти миллӣ ва сайёҳӣ, ки аз муҳаррикҳои асосии он ба шумор меояд, низ аз ҷумлаи мақсадҳои умдаи мо ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин ташаббусҳое чун ташаккул додани муносибатҳои озоди бозаргонӣ дар иқтисодиёти миллӣ, дахлнопазирии мулки хусусӣ, бегуфтугӯ таъмин кардани муносибатҳои рақобати озод ва пок, фароҳам овардани низомҳои нафақа ва суғуртаи тиббии замонавию одилона низ пеш гузошта мешаванд.
Дар шароити кунунӣ, ки рақобати иқтисодӣ торафт пурзӯр мегардад, ҳифзи оқилонаи манфиатҳои соҳибкорони миллӣ ва сохторҳо дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ бинобар мизонҳои «Соҳибкори саховатманд» ва «Мансабдори пок» аз тариқи рағбатноксозии шаҳрвандон ва ба оммаи васеъ шинос кардани онҳо дар атрофи суннатҳо муттаҳид сохтани ҷамъият барин вазифаҳои дар барномаи ҳизб мавҷудбударо ба сифати самтҳои устувори инкишоф додани иқтисодиёти миллӣ ва сайёҳӣ метавон баҳо дод. Ташаббусҳои мазкур, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб бардошта шудаанд, дар ояндаи наздик барои дар байни «давлатҳои даромади миёнаашон баланд» мақом гирифтани Ӯзбекистон саҳми муносиби худро мегузорад.
Ҳамчунин инкишоф додани сайёҳӣ аз ҷумлаи ташаббусҳои асосии ҳизб мебошад, он аввалан, ба ҳифзи иншооти мероси маданияти миллӣ, нигоҳ доштани обидаҳои таърихӣ, васеъ тарғибу ташвиқ намудани маданияти миллӣ барин мақсадҳои мо мувофиқ бошад, сониян дар рушди иқтисодиёти мамлакат мавқеи муҳим дорад.
Бо дарназардошти ин ҳизб ташаббуси кор карда баромадани стратегияи ба ҷунбиши умумимиллӣ табдил додани соҳаи сайёҳӣ, ҷорӣ кардани сиёсати «дарҳои кушод», васеъ намудани низоми воридоти бидуни раводид, ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои коллегиаливу машваратии «Ассамблеяи сайёҳӣ», ҳамчунин маҷмӯан инкишоф додани сайёҳиро то соли 2030‑юм пеш мегузорад.
Ҷамъиятеро барпо мекунем, ки ба суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ такя намояд
Маълум аст, ки масъалаи мубориза бар муқобили тамаъгарӣ дар Ӯзбекистон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Инро дар мисоли ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии солҳои охир қабулшуда, ислоҳоти маъмурие, ки ба пешгирии тамаъгарӣ нигаронида шудаанд, метавон мушоҳида кард.
Барои муттасил давом додани ҷараёнҳои мазкур дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» таклифи ҷорӣ намудани идораи «Санҷиши ҳалолкории хидматгузори давлатӣ», мунтазам кам кардани миқдори хидматчиёни давлатӣ пешниҳод гардидааст. Таклифҳои мазкур, бешубҳа, барои дуруст ба роҳ мондани хидматҳои давлатӣ, мубориза бар муқобили тамаъгарӣ, афзун сохтани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мустаҳкам намудани эътимоди ҷомеа хидмат мекунанд.
Устувории қонун дар идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ аслан кафолати тараққиёти миллии мост. Бо дарназардошти ин ҳизб устувории қонунро тамоюли асосии идораи давлат меҳисобад. Дар ин маврид дар назди қонун баробар будани ҳама, таъмин намудани назорати ҷамоатӣ аз болои мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати хеле муҳим мебошад. Баробари ин баробарҳуқуқии адвокат ва прокурор дар низоми суд ба таъмин кардани ҷараёни суди одил имкон фароҳам меоварад. Дар натиҷа низоми ҳуқуқи давлатӣ барои шаҳрвандон ба такягоҳ табдил меёбад.
Масъалаи мустаҳкам кардани оила, аҳамияти онро ҳамчун ҳалқаи асосии ҷомеа баланд бардоштан дар маркази эътибори мо қарор дорад. Вобаста ба ин дар барномаи ҳизб вазифаҳои идома додани корҳои баррасии низоъҳои оилавӣ, ихтисосонидани судҳо, васеъ кардани истифодаи доираи идораи оштӣ бо ризоияти ҷонибҳо, оила, даъвои мерос, манзил ва ҳаллу васли низоъҳои дигари ҳаёт бо дарназардошти суннатҳоямон, дарёфтани роҳҳои муросо барои то ба суд накашидани низоъҳо пешбинӣ гардидаанд.
Таъминсозии амният, ҳамгароии байнимиллӣ ва кушодадилӣ вазифаи муҳими мост
Ҳизби мо ба масъалаи инкишоф додани мавзеи бехатари ахбори миллӣ бо дарназардошти «Асри XXI — асри ахбор» қаробат мегирад. Дар ин бобат он афзудани нақши захираҳои ахбор ва технологияҳо ба тараққиёти шахс, ҷомеа ва давлат, корҳоеро, ки дар мамлакат бинобар ба сифати ҷомеаи воқифи ахбор ташаккул ёфтани ҷамъияти шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Бо ин мақсад аз ҷониби ҳизби мо ташаббуси коркарди консепсияи «Сиёсати ахбори Ӯзбекистони Нав» ва дар пояи он доктринаи «Амнияти ахбор» пеш гузошта мешаванд.
Ҳамчунин ҳизби мо афзудани эътибор барои пешгирии офатҳоеро, ки ба ҳаёти аҳолӣ хатар меоваранд, мубориза бар муқобили дигаргуниҳои ҷаҳонии иқлим, масъалаи ҳифзи аҳолӣ аз вазъиятҳои фавқулодаро маъқул мешуморад. Баробари ин ба муҳофизати давлат гирифта шудани захираҳои обро дастгирӣ менамояд, ҳамчунин ташаббуси қабул намудани барномаи «Баланд бардоштани маданияти истеъмоли об»-ро пеш мегузорад.
Ҳизби мо дар атрофи эҳсоси дастгирӣ намудани ғояи «Мо ягона ҳастем, ӯзбекистонием!» муттаҳид шудан, мустаҳкам намудани ҳаёти орому фаровони шаҳрвандон ва ягонагии онҳо, масъулият ва дахлдориашонро барои дӯстӣ, аҳлӣ, ватанпарварӣ ва тақдири мамлакат пеш мегузорад.
Ҳизби мо ҷонибдори муттасил беҳтар кардани ҳамкории амалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, беш аз пеш мустаҳкам намудани робитаҳо бо дунёи туркӣ буда, дар сиёсати хориҷӣ қатъиян ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ, сиёсати беш аз пеш пурзӯр намудани алоқаҳои ҳамкории дуҷонибаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Боз як масъалаи муҳим ин инкишоф додани сиёсати давлат дар соҳаи ҳамкорӣ бо ҳамватанонест, ки дар хориҷа истиқомат мекунанд. Бинобар ин ҳизби мо эътироф мекунад, ки хидмати амалии ҳамватанонамон бобати дар хориҷа васеъ тарғибу ташвиқ кардани хувиятҳо, мероси таърихиву мадании кишварамон бесобиқа аст.
Фикр мекунем, ташаббусҳои дар боло зикршудаи аз ҷониби ҳизби мо пешбарӣ гардида, барои тараққиёти кишвар ба сифати нирӯи илҳомбахш саҳм мегиранд.
Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» баҳри таъмин сохтани таклиф ва ташаббусҳои ҳаётбахше, ки дар Барномаи пешазинтихоботии он барои солҳои 2025–2029 пешбинӣ гардидаанду ба манфиати халқ ва Ватанамон хидмат мекунанд, ба дастгирии Шумо, интихобкунандагони азиз, такя мекунад. Дар интихоботе, ки дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ мегузаранд, овози шумо ба номзадҳои аз ҳизби мо пешбарӣ гардида, эътимоди Шумо нисбати мост!
Дар атрофи ғояи «Тараққиёт бо такя ба суннатҳо» ҷамъ омада, пешрафти мамлакатро ҳамҷиҳатона таъмин созем!

Миродил АБДУРАҲМОНОВ,
муовини раиси Шӯрои марказии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш».