Масъалаи мубориза бар зидди ришват (коррупсия), ки онро дар ҷомеа аз ҳама беш баррасӣ мекунанд, бори аввал дар андоза (формат)-и нав, бо иштироки роҳбари давлат дида шуд, ки намоён гардидани иродаи пурқувват аст.
Маърӯзаи Президентамон барои амалӣ намудани корҳо дар мубориза бар зидди коррупсия дар Ӯзбекистон «импулс»-и нав медиҳад ва ҷараёнро суръат мебахшад. Сабаби ин хел гуфтани ман, дар маърӯза 55 супориш дода шуд, ки ҳамаи онҳо ба мақсади муайян равона карда шудааст. Дар доираи ин супоришҳо таҳияи 5 қонун, 12 фармон ва қарорҳо низ аз чӣ андоза васеъ будани масъала далолат медиҳанд.
Бояд эътироф кард, ки солҳои охир барои барҳам намудани коррупсия ислоҳотҳои сохтори амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, қонунҳо роҷеъ ба мубориза бар зидди коррупсия қабул ва агентии ваколати махсус дошта ташкил гардид. Таъмини фаъолияти шаффоф ва ошкорои ҳукумат, кам кардани бюрократия ва содда намудани хизматҳои давлатӣ, механизмҳои превентивӣ, ки ба пешгирии коррупсия нигаронида шудаанд, ба амалиёт васеъ роҳандозӣ шуданд. Дар ҳамаи идораҳои давлатӣ фаъолияти сохторҳои комплаенс ва рейтинги баҳогузорӣ ба самаранокӣ оғоз гардид. Харидҳои давлатӣ рақамӣ гардонида шуданд. Ҳар сол дар Тошканд форуми анъанавии зиддикоррупсия гузаронда мешавад. Аз ҳама асосиаш, ҷамоатчигӣ, журналистон аз гузаштаи наздик фарқ карда, роҷеъ ба муаммои коррупсия кушоду равшан ҳарф мезананд, менависанд ва барои бартараф намудани он таъсир мерасонанд гӯем, муболиғае намешавад.
Вале ба корҳо дар ин самт бояд боз ҳам суръат бахшида, дар ҷомеа, ҳар як ташкилот ва муассиса муносибати бемуросоро ба ришват ташаккул дод.
Коррупсия дар асл монеаи асосӣ дар роҳи ислоҳотҳо буда, ба боварии одамон нисбати давлат ва қонунҳо рахна меандозад, таҳдиди ҷиддӣ ба рушди барқарор ва бехавфӣ табдил меёбад.
Мубориза бар зидди коррупсия бояд ба маслаки ахлоқӣ-рӯҳии дохилӣ ва эътиқоди ҳар як шаҳрванд табдил ёбад, ки ин мағзи маърифатӣ зидди коррупсияро ташкил мекунад. Пурра амалӣ шудани талаботи қонун барои баланд шудани фаровонии зиндагии аҳолӣ ва бартараф намудани монеаҳои роҳи рушд хизмат мекунанд.
Ҳоло дар мубориза бар зидди иллатҳои ришват танҳо бо муайян намудани ҷазо кифоя карда намешавад. Барои роҳандозии механизмҳои бо профилактикаи ҷиноятҳои вобаста бо ришват, ки рӯз аз рӯз навъ ва шаклашон тағйир меёбанд ва шумораашон меафзояд, такмили асоси ҳуқуқии дар ин самт мавҷуд буда зарур аст.
Зиёда аз ин, фикр мекунам, ки ҳар як шаҳрванди бовиҷдон, ки ояндаи мамлакатамон ва обрӯву эътибори онро қадр мекунад, бояд ҳамеша оқибатҳои зарарноки таҳдиди коррупсияро дар ёд нигоҳ дорад ва бар зидди он мубориза барад.
Ҳиммат ОҚБӮТАЕВ,
раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»,
депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят
