Ovozi.uz

Наврӯз дар ноҳияҳо

Дар ноҳияи Нуробод таҳти ғояи асосии «Арзишҳоят поянда бод, Наврӯз!» ҷашни умумихалқии Наврӯз гузаронида шуд.

Дар он намоиши саҳнаҳои маданӣ-­фароғатӣ, таомҳо ва бозиҳои миллӣ, инчунин, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Дар қисми консертии чорабинӣ сарояндагони маъруфи вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

***

Дар ноҳияи Иштихон низ ҷашни умумихалқии Наврӯз таҷлил гардид.

Ба муносибати ин ид чорабиниҳои гуногун, ки ба анъанаҳои миллӣ хосанд, ташкил карда шуданд.

Ҳамчунин, намудҳои варзиши миллӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои бузкашӣ ва гӯштини миллӣ гузаронида, бо лаҳзаҳои ҳаяҷонангези худ мухлисонро шод карданд.

***

Сайли Наврӯзи Ҷомбой дар майдони марказии мактаби варзишии ноҳия гузаронида шуд. Дар он намоишҳои идона, барномаҳои инъикоскунандаи урфу одатҳо, бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар охир барномаи консертӣ табъи ҳозиринро болида гардонид. Ҳунармандон ва намояндагони эстрада Дилхумор ва Шароф Муқимов, ки аз шаҳри Тошканд омада, бо сурудҳои дилошӯб мардумро шод намуданд.

***

Тантанаҳои идонаи ноҳияи Каттақӯрғон дар майдони «Ёшлик» оғоз гардиданд.

Чорабиниро ҳокими ноҳия Ҷамшед Насриддинов ифтитоҳ намуда, тамоми сокинони Каттақӯрғон ва меҳмонони ноҳияро табрик гуфта, таъкид кард, ки Наврӯз рамзи файзу баракат, сулҳ ва ҳамбастагӣ мебошад.

Дар давоми чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ, рақсу суруд, бозиву мусобиқаҳо, ҳунарнамоии дорбозон ва ғайраҳо гузаронида шуд.

***

Дар маҳаллаи Конигили ноҳияи Самарқанд низ ҷашни умумимиллии Наврӯз баргузор гардид.

Дар ин ҷашн ташкилотҳои ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо намоиши урфу одат ва анъанаҳои марбут ба ин иди бузург, инчунин таомҳои миллиро баргузор карданд.

Ғайр аз ин, ҳунармандони машҳур бо суруду навоҳои ҷаззоби худ ба ҷашни мардумӣ шукуҳи хоса бахшиданд. Ҷашни Наврӯз дар дигар ноҳияҳои вилоят низ гузаронида мешавад.