Ovozi.uz

Зиёрати якрӯза — таассуроти якумра

Самарқандро беҳуда «сайқали рӯи замин» намегӯянд. Зиёда аз 40 ёдгории меъмории ин минтақаи афсонавии Шарқ ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Як қисми онҳо ҳамчун осорхонаи кушоди зери осмон ба ҳисоб мераванд.

Дар ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд 19 объекти бостоншиносӣ ва 6 мероси фарҳангии меъморӣ воқеъ аст. Онҳо сол аз сол таваҷҷӯҳи бештари сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд ва минбаъд ба макони сайёҳӣ табдил хоҳанд ёфт.

Яке аз ин гуна объектҳои мероси маданӣ, ки дар маҳаллаи Эрганаклии ноҳия ҷойгир аст, масҷид ва мақбараи Хоҷа Ҳофизи Меросӣ мебошад. Таърихи ин мавзеъ, ки солҳо боз «Хоҷа Ҳофиз» ном мебаранд, танҳо вақтҳои охир ба таври васеъ ва ҳамаҷониба омӯхта шудааст. Хоҷа Ҳофизи Меросӣ шоир, хаттот ва арбоби дин, ки дар нимаи дуюми асри XV ва нимаи аввали асри XVI зиндагӣ карда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, динӣ, фарҳангӣ ва адабӣ фаъол буд, яке аз ҳафт донишманди Қуръони мутафовит маҳсуб мешавад.

Тибқи маъхазҳои таърихие, ки дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон маҳфуз аст, Хоҷа Ҳофизи Меросӣ 25‑уми сентябри соли 1475 дар ҳамин ҷо ба дунё омадааст. Дар мадрасаҳо таҳсил гирифтааст. Ӯ ба хидмати султони ҳамон замон — Убайдуллохон даромада, то ба дараҷаи сармуфтӣ расидааст.

Хоҷа Ҳофизи Меросӣ соли 1528 дар Машҳади Эрон аз олам гузаштааст. Тибқи васияташ, баъди 6 моҳи вафоташ бо фармони султон Убайдуллохон ҷасади ӯро ба ноҳияи Булунғур оварда, ба хок супурдаанд.

Девон ва осори ба қалами Хоҷа Ҳофизи Меросӣ мансуб то ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд ва дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон маҳфузанд.

Ходимони Институти бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қалъаи Шероз — ёдгории марбут ба таърихи даврони Темуриён, ки дар деҳаи Болғалии ноҳияи Булунғур воқеъ аст, корҳои археологӣ бурданд. Дар бораи ин қалъа, ки Амир Темур бунёд кардааст, дар «Бобурнома», инчунин дар осори Ибни Арабшоҳ, муаррихи рус В.Вяткин маълумот дода шудааст.

Дар дохили қалъа гузаргоҳи махфие мавҷуд будааст, ки деворҳояш аз хишти пухта сохта шудаанд. Инчунин, олимони институт дар маркази ин иншоот як зали калонеро кашф карданд, ки бараш қариб 6 метр ва дарозиаш 22 метр буда, бо девор аз ҳуҷраҳои дигар ҷудо карда шудааст. Ба ақидаи олимон, ин иншоот бинои маъмурии фармондеҳи бузург Амир Темур дар ҳамон замон будааст.

Аз рӯи гуфтаи роҳбари зиёратгоҳҳои Хоҷа Ҳофизи Меросӣ ва Шерозқалъа Нарзулло Қаробоев дар ҳамон солҳо масоҳати ин қалъа 42 гектарро ташкил медодааст. Ҳоло барои ин зиёратгоҳ тақрибан 4 гектар замин ҷудо карда шудааст. Минбаъд дар ин ҷо бурдани корҳои ковтуковии археологӣ дар назар дошта шудааст.

Фозил Йӯлдош ӯғли дар адабиёти шифоҳии халқи ӯзбек, бахусус, дар мактаби назми эпикӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Шоир қариб чил достон эҷод карда, ба ганҷинаи адабиёт ҳиссаи калон гузоштааст. Ҳатто эътироф шудааст, ки достони «Алпомиш», ки ин бахшӣ сурудааст, варианти мукаммалтарин мебошад.

Ҳангоми тамошои хона-музей роҳбари он Нодир Раҳимов дар бораи ҳаёту фаъолият ва роҳи зиндагонии Фозил Йӯлдош маълумоти муфассал пешкаш кард. Ва оиди таърихи бунёд ва корҳои дарпешистода нақл намуд.

… Зиёратчиву тамошобинони навбатии зиёратгоҳҳои номбурда ин дафъа занони фаъолу нафақахӯрони маҳаллаҳои ноҳия шуданд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳокимияти ноҳия барои онҳо чунин саёҳати хотирмонро ташкил кардааст. Онҳо иқрор шуданд, ки дар ноҳияашон чунин ҷойҳо будаасту онҳо бехабаранд.

— Мо 110 нафар занону нафақахӯрони маҳаллаҳои ноҳия бо автобусҳо якчанд ҷойи сазовори диққати ноҳияамонро тамошо кардем, — гуфт сокини маҳаллаи Бешкувӣ Саодат Тӯраева. — Дар рафти зиёрат бисёр чизҳоро фаҳмида гирифтем. Дар Ғаллаорол ҳам чунин ҷойҳо будаанд. Барои ин гуна ғамхорӣ ба Президентамон миннатдории худро баён мекунем.

Б.ҶУМЪАЕВ