Ovozi.uz

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар бораи бошукӯҳ ҷашн гирифтани 150-солагии зодрӯзи асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Туркистон, нависандаи барҷаста, арбоби ҷамъиятӣ, ношир ва омӯзгор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар аввали асри ХХ – дар давраи дар таърихи Ватани мо мураккаб – ҳамчун асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Туркистон шинохта шудааст. Ӯ ҳамчун намояндаи барҷастаи ҳаракати миллии озодихоҳӣ, умри худро барои рушди илм, маорифу тарбия, адабиёту ҳунар, матбуот, эҳёи худшиносӣ ва васеъ кардани ҷаҳонбинии мардум бахшида, барои истиқлолиятро ба даст овардани онҳо тавассути азхуд кардани дастовардҳои пешрафтаи ҷаҳон талош кард.

Сарфи назар аз монеаҳои тартиби подшоҳӣ ва қувваҳои маҳаллии консервативӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар минтақа мактабҳои замонавӣ таъсис дод ва барои онҳо китобҳои дарсӣ тайёр намуд, нашриёт ва театрҳо кушод. Ӯ ҳамчун публитсист як қатор асарҳои дурахшон ва зиёда аз 200 мақола дар масъалаҳои муҳими замони худ навишт. Ҳамчунин дар баробари ин рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Оина»-ро таъсис дод. Соли 1914 дар театри «Турон»  песаи «Падаркуш»-и ӯ ба саҳна гузошта шуд, ки оғози рушди санъати театрӣ дар кишвари мо гардид. Мутаассифона, нависандаи боистеъдод ва арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ дар синни 44-солагӣ қурбони қувваҳои бадқасд гардид.

Дар солҳои истиқлолият ба абадӣ гардондани хотира, амиқ омӯхтани ҳаёт ва фаъолият, васеъ оммавӣ намудани асарҳои илмӣ ва адабии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.

Гузоштани ҳайкал дар хиёбони адибони Тошканд, таъсиси хона-музей дар Самарқанд, муқаррар карда шудани ҷоизаи ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар соҳаи драматургия аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими ҳаёти кишвари мо гардиданд.

Бо назардошти нақши муҳим ва аҳамияти асарҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва маънавии насли наврас, тарбияи ҷавонон ҳамчун бунёдкорони Ӯзбекистони Нав ва ватандӯстони ҳақиқӣ, инчунин ба мақсади васеъ омӯхтан ва оммавӣ гардондани мероси гаронбаҳои ӯ:

1. Пешниҳоди Вазорати фарҳанг, Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо, Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳо, Маркази маънавият ва маърифати ҷмҳурӣ, Агентии кор бо ҷавонон ва намояндагони ҷомеа дар бораи дар соли 2025 васеъ ҷашн гирифтани 150-солагии асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Туркистон, нависандаи барҷаста, арбоби ҷамъиятӣ, ношир ва омӯзгор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ маъқул дониста шавад.

2. Кумитаи ташкилии таҷлили 150-солагии зодрӯзи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (минбаъд – Кумитаи ташкилӣ) дар таркиб мувофиқи замима таъсис дода шавад.

3. Ба Кумитаи ташкилӣ (А. Арипов) супориш дода шавад, ки дар давоми ду ҳафта Барномаҳои чорабиниҳои таҷлили 150-солагии зодрӯзи Маҳмудхоҷа Беҳбудиро тасдиқ намояд.

Дар барнома инҳо пешбинӣ гарданд:

омода ва нашри маҷмӯаи «Асарҳои мунтахаб»-и нависанда, китобҳои илмию оммавӣ, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ бахшида шудаанд;

ба саҳна гузоштани спектакл дар бораи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ташкили намоиши оммавии  сериалҳои қаблан таҳияшудаи «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» ва филми бадеӣ-публитсистӣ аз силсилаи «Дили мардум»;

дар толори марказии намоишгоҳи Академияи бадеӣ ташкили намоишгоҳи асарҳои санъати амалӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, инчунин дар бораи фаъолияти намояндагони ҳаракати ҷадидия дар Туркистон;

гузарондани озмуни иншо таҳти мавзӯи «Сабақҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва эҷодӣ, курсантҳои «Мактаби темурбекҳо» ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муносиб сарфароз гардондани ғолибони он;

бо иштироки олимону нависандагони маъруф ташкил кардани мулоқотҳои эҷодӣ ва шабҳои адабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, ҷамоаҳои меҳнатӣ, маҳаллаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ;

дар байни ҷавонон васеъ оммавӣ гардондани асарҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ тавассути технологияҳои муосири рақамӣ ва иттилоотӣ;

моҳи октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ташкил кардани конфронси байналмилалии илмию амалии «Масъалаҳои мубрами омӯзиши мероси Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ҳаракати ҷадидия»;

дар моҳи ноябри соли 2025 дар Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ баргузор намудани шаби ёдбуди тантанавии адабию маърифатӣ бахшида ба 150-солагии зодрӯзи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ;

ободонии ҳудуди хона-музейи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар шаҳри Самарқанд ва ғанӣ гардондани экспозитсияи осорхона;

ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Қаршӣ гузоштани номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва насби лавҳаи ёдгорӣ;

офаридани асарҳои аудиовизуалӣ барои ҷойгиркунӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин нашри силсилаи мавод дар воситаҳои ахбори умум.

Ба Кумитаи ташкилӣ супориш дода шавад, ки тадбирҳоеро, ки дар доираи таҷлили 150-солагии зодрӯзи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ пешбинӣ шудаанд, босифат ва дар сатҳи баланд ташкил карда, ҳамоҳангсозии саривақтӣ, пурра ва босифати онҳоро таъмин намояд.

4. Ба Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ, Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи миллии ахбори Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили 150-солагии зодрӯзи Маҳмудхоҷа Беҳбудиро васеъ инъикос намоянд.

5. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти марбут ба иҷрои чорабиниҳое, ки дар ин қарор пешбинӣ шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотчиён ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. К. Абдураҳмонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Шаҳри Тошканд,

27 декабри соли 2024.