Дар айни ҳол дар Ӯзбекистон ҳолатҳои мавсумии сирояти инфексиияи респиратори тез ба назар мерасад. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлили лабараторӣ: 36,9 фоиз вируси грипп, 30,2 фоиз риновирус, 28,6 фоиз вируси респиратор-синситиал, 12 фоиз метапневмовирус ва дар 3,1 фоиз беморон вирусҳои дигар муайян шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари инфексияи метапневмовирус нисбати СОVID-19 хатарнок аст, паҳн шуд. Кумитаи санитарию эпидемологӣ ба ин муносибат маълумоти муфассал дод.
Метапневмовирус бори аввал соли 2021 аниқ гардида, вай асосан бо роҳи ҳаво-чакрагӣ, дар ҳолати кам дар ҳолати нотозагӣ сироят мекунад. Вируси мазкур асосан дар фасли тирамоҳу зимистон фаъол мегардад. Инфексияи метапневмовирус одатан бо аломатҳои об гирифтани бинӣ, сулфа, ҳарорати бадан дар шакли инфексияҳои респероатордори тез намоён мешавад ва дар баъзе ҳолатҳо бронхолит ва пневмонияро сар мезанад. Сирояти ин вирус ҳар сол дар тамоми малакатҳои дунё қайд мегардад.
Дар қатори давлатҳои дунё аз рӯи хабари хизмати матбуоти Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон, дар айни ҳол сирояти инфексияти вируси респиратори тез ва грипп авҷ гирифта, инчунин вируси метапневмо қайд гардидааст.
Ҳоло дар Ӯзбекистон низ боло рафтани ҳолатҳои мавсумии сирояти инфексияи респиратори тез ба назар мерасад.
Дар ин маврид бояд барои сироят накардани шаҳрвандон аз ин вирус:
-ба қоидаҳои профилактикӣ ва гигиенӣ риоя кард;
-маҳдуд намудани ҳаракат дар ҷойҳои серодам, асосан бачаҳо;
-дар оилаҳое, ки аломатҳои ин беморӣ пайдо шудааст, алоҳида нигоҳ дошта, бо тавсияи шифокор табобат кардан лозим аст.
Кумитаи санитарию эпидемологӣ дар бораи метапневмовирус маълумот дод
