Ҷаҳони адаб
- Фёдор Достоевский дар давоми умри худ бо дигар адибон дар аксар маврид муносибати сард дошт. Ин ба табиати ӯ вобаста буд. Масалан, Достоевский бо асари «Мардуми фақир» вориди шоҳроҳи адабиёт гардид ва Некрасов ӯро чун «Гоголи нав» эътироф намуд. Белинский бошад, ӯро ба маҳфили худ даъват кард. Аммо муносибатҳои онҳо тағйир ёфта, нисбат ба якдигар эпиграммаҳо навишта, ҳамдигарро масхара кардаанд.
Адиб бо Тургенев ҳам якчанд маротиба ба ихтилоф рафтааст.
Бо Лев Толстой дар ҳаёт ягон маротиба вонахӯрдааст. - Достоевский ҳам мисли Гогол одати сӯхтани дастнависҳои худро дошт.
Ӯ дастнависҳои «Девона», «Ҷиноят ва ҷазо» ва «Иблисҳо»-ро борҳо ба оташ андохта, дубора навиштааст. - Нависанда бозигари ашаддӣ буд. «Қиморбоз»-и ӯро ҳама медонанд. Ӯ дар ҷавонӣ билярдбозӣ карда, маблағи зиёдашро аз даст додааст.
Ӯ дар тӯли умраш бисёр қарздор шуда, ҳатто маҷбур гардидааст, ки зевароти ҳамсарашро ба гарав гузорад. - Вақте ки нависанда ба адабиёт ворид шуд, аввал песаҳои хурд навишта, баъд бо тарҷумаи адабӣ машғул шудааст.
Тарҷумаи романи «Евгения Гранде»-и Балзак ба ӯ бисёр чиз омӯхтааст. Агар эътибор диҳед, дар романҳои Достоевский таъсири Балзак бештар эҳсос мегардад. - Достоевский чойнӯширо дӯст медошт. Инро аз асарҳои ӯ низ пай бурдан мумкин аст. Дар бисёр романҳои ӯ лавҳаҳои чойнӯшӣ хеле ҷолибу шавқовар тасвир шудаанд. Дар маълумотҳои адабиётшиносон низ зикр гардидааст, ки нависанда дар сари чой сӯҳбат карданро дӯст медошт.
- Нависанда шабона эҷод мекард. То саҳар коғаз сиёҳ карда, ҳангоми тулӯи офтоб хоб мерафт. Ҳамсараш стенографист буд ва дар чопи асарҳои ӯ кӯмак мекард.
Сабаби шиносоии онҳо низ зуд рӯйи коғаз овардани романҳои «Ҷиноят ва ҷазо» ва «Қиморбоз» шудааст. - Варвара ном хоҳари нависанда низ мисли образи пиразан дар «Ҷиноят ва ҷазо» судхӯр буд. Бубинед, ки хоҳарашро ҳам барои пул мисли дар асараш куштаанд…
- Ҳамсараш Анна Сниткина аз ӯ 25 сол хурд буд. Вақте ки адиб даргузашт, вай 35‑сола буд ва то дами марг ба ӯ содиқ монд.
Падари Анна низ мухлиси осори Достоевский буд. - Романҳои Фёдор Михайлович дар назари адабиётшиносон асарҳои бераҳмона ба ҳисоб мераванд. Масалан, дар «Ҷиноят ва ҷазо» 21 марг, «Девона» 31, «Шайтонҳо» 15, «Наврас» 34, «Бародарон Карамазовҳо» 43 ҳолати марг тасвир шудаанд.
- Авлодҳои Достоевский ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд. Дар байни авлоди ӯ Фёдор Достоевскийи ҷавон низ ҳаст.
